МАНТИҚ ЧИСТ ? Мантиқ аз забони арабӣ гирифта шуда маънояш “нутқ” ё “забон” аст. Ин илмест, ки қонунҳои тафаккур ва шаклҳои онро тадқиқ менамояд Мантиқ дар асри 4 то м. пайдо шудааст. Асосгузори он файласуфи Юнони Қадим Арасту аввалин шуда қонун ва шаклҳои тафаккурро тадқиқ намуд. Дар асарҳои Арасту масъалаҳои назарияи …
Муфассал »Пиряхи Мазор
МАЗОР, пирях дар қаторакӯҳи Дарвози pайони Комсомолобод, дар саргаҳи дарёи Обимазор (шохоби Хингоб). Дар нишебиц шиамолу Ғарбии қаторкӯҳ воқеъ гашта, тӯлаш 16,8 км, масоҳаташ 23 км2 аст. Нуқтаи пасттарини пирях 3200 м аз соҳили баҳр, баландтаринаш 5400 м. Баландии ҳудуди барф 4350 м.
Муфассал »МАДҲ
МАДҲ, (арабӣ — таъриф, тавсиф). яке аз қисмҳои қасидаи мадҳӣ (ниг. Қасида). Шоир баъди сурудани муқаддима ба таърифу тавсифи мамдӯҳ мегузарад, ки ҳамин қисмро Мадҳ меноманд. Мадҳ ҷузъи асосии қасидаи мадҳӣ буда, шоир кӯшиш мекунад тамоми сифатҳои мамдӯҳро бо суханони дабдабанок баён созад. Азбаски мавзӯи Мадҳ хеле маҳдуд аст, қасидаҳои …
Муфассал »МИНСК
МИНСК, шаҳри қаҳрамон, пойтахти РССБ, маркази вил. Минск. Яке аз калонтарин марказҳои саноати, маданӣ ва илмии СССР. Узели муҳими роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарду ҳавоӣ. Дар ҳар ду соҳили д. Свислочь (ҳавзаи Днепр), дар баландии 200—220 м аз соҳили баҳр воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 176 км2. Ҳаророрати миёнаи январ —6|99С, июль …
Муфассал »МИНОРИ
МИНОРИ (аз лот. minor — хурдтар) тартиби к-уми матрица, муайянкунандаест, ки аз элементҳои дар буришгоҳи к-то сатру к-то сутуни мунтахаб воқеъбуда, таркиб ёфтааст. Чунончӣ, муайянкунандаи Минори тартиби дуюми матрицаи мебошад, ки аз элементҳои дар буришгоҳи сатрҳои якуму чорум ва сутунҳои дуюму сеюм воқеъбудаи ин матрица тартиб дода шудааст. Минории муайянкунаяда …
Муфассал »МИННЕАПОЛИС
МИННЕАПОЛИС (Minneapolis), шаҳрест дар шим. ШМА. Дар шт. Миннесота, дар ду соҳили д. Миссисипи воқеъ аст. Аҳолиаш 378 ҳазор нафар (1975), бо ш. Сент-Пол, ки амалан бо Миннеаполис як шудааст, зиёда аз 1,8 млн нафар Маркази муҳими молия ва нақлиёту тиҷорати қисми шим. ғарбии мамлакат, шаҳри калони саноатӣ. Саноати орд, …
Муфассал »МИНЕРАЛҲОИ ҶИНСОФАРИН
МИНЕРАЛҲОИ ҶИНСОФАРИН, минералҳое, ки ҳамчун компонентҳои доимӣ ба таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ дохил мешаванд. Минералҳои ҷинсоварин аз қабили минералҳои ниҳоят паҳншудаи қишри Замин мебошанд. Махсусан силикатҳо, ки 75% қишри Заминро ташкил медиҳанд, аҳамияти калон доранд. Таркиби силикатҳо асосан аз ишатҳои даштӣ ва миқдори ками фельдшлатоидҳо, пироксенҳо, амфиболҳо, оливинҳо, абрак ва ғ. …
Муфассал »МИНЕРАЛОГИЯ
МИНЕРАЛОГИЯ (аз минерал ва логия), илмест дар бораи пайвастҳои табиии химиявӣ — минералҳо. Истилоҳи «Минералогия»-ро аввалин бор с. 1636 олими италиявӣ Бернард Цезий (Цезиус) дар илм ҷорӣ кардааст. Минералогия яке аз соҳаҳои қадимтарини илми геология буда, таркиби минералҳо, сохти кристаллӣ, хусусиятҳхои физикию химиявӣ, шароитҳои пайдоиш ва аҳамияти амалии онҳоро дар …
Муфассал »МИНЕРАЛ
МИНЕРАЛ (франс. mineral, аз лот. minera — маъдан), пайвасти химиявиест, ки аз ҷиҳати хусусиятҳои физикию химиявӣ якхела буда, дар натиҷаи процессҳои геохимиявии қишри Замин ба вуҷуд меояд. Минералҳое, ки аз онҳо ҷинсҳои кӯҳӣ ҳосил мешаванд, минералҳои ҷинсофарарин, Минералҳое, ки аз маъдан иборатанд, минералҳои маъданӣ ва Минералҳое, ки дар таркиби ҷинсҳо …
Муфассал »МИМИКА
МИМИКА (аз юн. mimikos — тақлид), тавассути ҳаракати мушакҳои рӯи ифода намудани ҳиссиёт: шодӣ, алам, ғазаб ва ғ. Мимика унсури муҳими санъати актёрӣ буда, бо ёрии он актёр рӯҳияи қаҳрамонро ифода менамояд. Мимика ҳангоми пауза (вақте ки актёр ҳиссиёту фикри қаҳрамони худро бо сухан баён мекунад ё худ аз гуфтору …
Муфассал »