Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 111)

Илм

СЕЙСМОТЕКТОНИКА

СЕЙСМОТЕКТОНИКА (аа сейсмо…ва тектоника), илмест, ки шароити геологии рӯй додани заминҷунбиро меомӯзад. Аз солҳои 1960—1970 ин ҷониб дар соҳаи Сейсмотектоника мунтазам тадқиқот бурда мешавад, ки он асоси корҳоест оид ба ноҳиябандии сейсмикии территорияҳо.

Муфассал »

СЕЙСМОЛОГИЯ

СЕЙСМОЛОГИЯ (аз сейсмо… ва …логия), як соҳаи геофизикаро гӯянд, ки зилзила ва ҳодисаҳои ба он марбут, инчунин чораҳои аз зилзила эмин доштани иншоотро меомӯзад. Ҳомилони асосии ахбор мавҷҳои сейсмикианд. Интерпретатсияи сабти мавҷҳои сейсмикӣ дар баробари омӯзиши худи зилзила ба тадқиқи сохти Замин, ошкор намудани сарватҳои зеризаминӣ (нигаред Разведкаи сейсмикӣ), ба …

Муфассал »

СЕЙСМОГРАФ

СЕЙСМОГРАФ (аз сейсмо… ва юнонӣ  grapho— менависам), асбобест барои сабти лаппишҳои сатҳи Замин ҳангоми зилзила ё таркиш. Қисми асосии Сейсмограф— раққосак ва афзори қайдгир.

Муфассал »

СЕЙСМОГРАММА

СЕЙСМОГРАММА (аз сейсмо… ва …грамма), мусаббати бефосилаи лаппишҳои чандири заминро гӯянд, ки дар натиҷаи зилазила ё тарқиш ба амал омадаанд; тавассути сейсмограф ҳосил мекунанд. Дар Сейсмограмма баробари сабти лаппиш вақти бавуҷудоии он низ саҳеҳ нишон дода мешавад. Бо ёрии Сейсмограмма вақти ба маҳалли тадқиқ омада расидани лапишҳои сейсмикӣ ва аз …

Муфассал »

СЕЙСМО…

СЕЙСМО… (аз юнонӣ seismos — лаппиш, зилзила), қисми таркибии калимаҳои мураккабест, ки лаппишҳои қишри Замин (зилзила, таконҳои зеризаминӣ)-ро ифода мекунанд. Масалан сейсмограмма , сейсмология.

Муфассал »

СЕЗОБ

СЕЗОБ (Veroniса), ҷинси гиёҳҳои як-ду ё бисёрсола ва баъзан ҷинси нимбуттаест аз оилаи астармолаиҳо. Баргаш гуногуншакл (нештаршакл, дарозрӯя ва ғайра), гулаш кабуд, нилгун, гулобӣ ё сафед, баъзан зард. Ғӯзааш дупалла (ҳар паллааш аз 1 то 12-то тухм дорад). Дар Тоҷикистон 25 намуди Сезоб ҳаст. Намудҳои эфемерӣ ё кӯтоҳнашви С. (V. …

Муфассал »

СЕГНЕТОЭЛЕКТРИКҲО

  СЕГНЕТОЭЛЕКТРИКҲО, диэлектрикҳои кристаллиро гӯянд, ки дар интервали муайяни ҳарорат хосияти худ аз худ поляризатсияшавӣ дошта, ба таъсироти муҳит робитаи сахт дорад. Ба Сегнетоэлектрикҳо титанати барий, намаки сегнет ва ғайра мансубанд. Тадохули диэлектрии Сегнетоэлектрикҳо калон аст, ки ба таркиби домении онҳо вобаста мебошад (нигаред Доменҳо). Ҳамаи Сегнетоэлектрикҳо пезоэлектрикҳои пурқувват мебошанд, …

Муфассал »

СЕБИ СУРХ

СЕБИ СУРХ, сурхсеб, як гурӯҳ навъҳои себи маҳаллиро гӯянд, ки пӯст ё мағзи сурх доранд. Баъзан гул, барг, чӯб ва пӯстлохи дарахташ низ сурхтоб мешавад. Себи сурх хелҳои гуногун («пешпазак», «тирамоҳӣ», «туршак», «сурхаксеб» ва ғайра) дорад. Себи «хубонӣ», «ҳуониюсуф», «сангсеб» низ хелҳои себи сурханд. Себи сурх хуштаъм ва хушбӯст; аз …

Муфассал »

СЕБАРГА

  СЕБАРГА (Тrifolium), ҷинси гиёҳҳои яксола ё бисёрсолаест аз оилаи лӯбиёҳо. Пояаш рост, хамида ё хазанда (аз бандҳояш ба монанди аҷириқ реша меронад). Баргаш себарга (аз 3 баргча иборат) ё пармонанд. Гулаш сафед, сурх ё арғувонӣ ва зард; хӯшагулаш мудаввар, сарак ё чатрмонанд. Ғилофакаш 1—2 ё 3— 5-тухма. Себарга гиёҳи …

Муфассал »

СЕБ

%d1%81%d0%b5%d0%b1

СЕБ, туффоҳ (Malus), ҷинси бутта ё дарахти мевааш тухмдорест аз оилаи настаранҳо. Дар дунё қариб 50 (аз рӯи маълумоти дигар то 150) намуди Себ худрӯй ҳаст. Дар СССР 15 намуд ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон асосан 2 намуд (Себи боғӣ — Маlis domestica ва Себи кӯҳӣ— М. siversii) мерӯяд. …

Муфассал »