Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 73)

Гуногун

УРО…

УРО… (аз юнонӣ uron — пешоб), як қисми калимаҳои мураккаб (истилоҳҳои тиббӣ ва биологӣ) мансубияти калимаҳои мазкурро ба пешоб, узвҳои пешоб ва карбамид ифода мекунад. Масалан, урология, уробактерияҳо.

Муфассал »

УРИСКИЙ Моисей Соломонович

УРИСКИИ Моисей Соломонович (14. 1. 1873, шаҳри Черкасси—30. 8. 1918, Петроград) ходими ҳаракати революсионӣ дар Россия. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1917. Аз оилаи тоҷир. Иштирокчии Революцияи 1905 —07 дар Петербург ва Красноярск. Иштирокчии Съезди 6-уми РСДРП (б); дар ин съезд аъзои Комитети Марказии РСДРП (б) интихоб гардид. Дар рузҳои …

Муфассал »

УРДИБИҲИШТ

УРДИБИҲИШТ, моҳи дуюми солшумории шамси, ки ба 21-уми апрел—21-уми май рост меояд. Нигаред низ Солшуморӣ.

Муфассал »

УПИТ Андрей Мартынович

upit-am

УПИТ Андрей Мартынович (4. 12. 1877, Скривери, ҳозира раёни Огри 1970, Рига), нависанда, асосгузори адабиёти советии латыш, ходими ҷамъиятӣ, Нависандаи Халқии РСС Латвия (1943), академики Академияи Фанҳои РСС Латвия. (1946), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967). Аъзои КПСС аз соли 1917. Дар ташаккули афкори эстетикии Упит Революсияи 1905—07, шиносоии ӯ бо марксизм …

Муфассал »

УНСӢ Сайид Қутбуддин

УНСӢ Сайид Қутбуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1517), шоири форс-тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ маълумот медиҳад. У соҳиби достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ва қасоиду ғазалиёт будааст. Аз достонаш хабаре нест, вале қасоиду ғазалиёти ӯ дар ҷунгу баёзҳо …

Муфассал »

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад

УНСУРӢ Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад (тақрибан 968, Балх—1040), шоири форс-тоҷик. Таҳсили ибтидоӣ ва мадрасагиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди таҳсил дар дарбори султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш — султон Масъуд хидмат кардааст. Маликушшуаро буд, вале дар охири умр аз ин вазифа ва хидмати дарбор даст кашид. Унсурӣ асарҳои зиёде таълиф кардааст. …

Муфассал »

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС ибни Искандар ибни Қобус (1020—1099), насрнависи форс-тоҷик. Яке аз ҳокимони сулолаи Зиёриён. Аз илмҳои замонаш хуб огоҳ буд. Дар Гургон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиши тиб пардохт; илми нуҷум, ҳайъат, шеър ва мусиқиро ҳам омӯхт. Унсурмаолӣ шахси донишманд буд ва таҷрибаи фаровони ҳаётӣ дошт. Ҳамаи …

Муфассал »