ФАВТӢ Ал -Фавтӣ Қамолуддин ибни Муҳаммади Собунӣ, маъруф ба Ибни Фавтӣ (1245, Бағдод — 1323, ҳамон ҷо), олим ва донишманди араб. Ба Марв барои таҳсил омадааст. Ҳангоми ҳамлаи муғул дар ин шаҳр асир шуда, баъдтар бо ёрии Насируддини Тӯсӣ озод мешавад ва дар назди ӯ улуми замонаро меомӯзад. Муддате вазифаи …
Муфассал »ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович
ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович (3. 3. 1860, Павлово, ҳозира вилояти Горкий—8. 8. 1945, Ленинград), химик-органики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1929; аъзокорр. 1922), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1945). Асарҳои асосии Фаворский ба омӯзиши химияи пайвастҳои органикии беҳад оиданд. Фаворский солҳои 1900—05 конденсасияи карбогидридҳои асетилениро бо кетонҳо таҳти таъсири ишқори калий тадқиқ намуда, …
Муфассал »ФАВВОРА
ФАВВОРА, фОНТан (италиявӣ fontana, аз лотинӣ fons — чашма, манбаъ), дар меъморӣ иншооти махсусест, ки барои боло бардоштан ё ба поён шоридани об мувофиқ кунонда шудааст. Фаввора аввал дар болои сарчашмаи табиии об сохта мешуд. Минбаъд фавораро дар ҷойҳои дилхоҳ сохта, обро ба он тавассути қубуру наҳрҳо меоварданд. Фавора дар …
Муфассал »УҚҲУВОН
УҚҲУВОН, нигаред Ақҳавон.
Муфассал »УҚНУМ
УҚНУМ (аз юнонӣ еikon — тасвир, симо), дар масеҳият ба маънои васеъ тасвири Исои Масеҳ, модархудо ва валиёнеро гуянд, ки калисо онҳоро муқаддас эълон кардааст. Бамаънои махдуд тасвир ё пайкараҳои сюжети динидошта, худоҳо ва авлиёе, ки ба онҳо ибодат мекунанд. Дар католисизм парастиши пайкараҳо, дар православие парастиши тасвирҳои рӯи чӯб …
Муфассал »УШТУРИ БУХТӢ
УШТУРИ БУХТӢ, нигаред. Бухтӣ.
Муфассал »«УЮН-УЛ-АХБОР»
«УЮН-УЛ-АХБОР» асари Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муслими Диноварӣ маъруф ба Ибни Қутайба мебошад, ки ба забони арабӣ таълиф шуда, масъалаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, этнографӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст. Аз муқаддима ва 10 боб иборат аст. Ибни Қутайба дар «Уюн-ул-ахбор» оид бамасъалаҳои давлатдорӣ, ҷангҳо, зӯҳд, дӯстӣ, соҳаҳои гуногуни илм, хислатҳои инсонӣ …
Муфассал »УШТУРГОВПАЛАНГ
УШТУРГОВПАЛАНГ, номи дигари заррофа.
Муфассал »УЭЛЛС Ҳерберт Ҷорҷ
УЭЛЛС (Wells) Ҳерберт Ҷорҷ (21. 9. 1866, Бромли—13. 8. 1946, Лондон), нависандаи англис. Классики фантастикаи илмӣ дар адабиёти асри 29. Романҳои «Мошини вақт» (1895), «Одами нонамоён» (1897), «Ҷанги сайёраҳо» (1898) -ро дар асоси дастовардҳои навини илми табиатшиносӣ эҷод кардааст. Уэллс масъалаҳои пешрафти илму техникаро ба пешомадҳои иҷтимоӣ («Вақте ки хуфта …
Муфассал »УШТУРҒОЗ
УШТУРҒОЗ, гиёҳест монанди коҳу.
Муфассал »