Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 66)

Гуногун

ФАНО Мирзо Сиддиқ

ФАНО Мирзо Сиддиқ (соли таваллуд номаълум, Истаравшан — вафот 1880, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Аз оилаи мударрис. Баъди хатми таҳсил Фано низ мударрис шуд. Устоди Фано дар шеъру шоирӣ Сайидғозии Нола аст. Аввалин шеъри ӯ мухаммас бар ғазали Зокирхоҷаи Намангонӣ ном шоире буд. Фано хаттоти моҳир низ будааст ва ду …

Муфассал »

Рисолаи «ФАННИ КАШФУ ЗИРОАТ»

«ФАННИ КАШФУ ЗИРОАТ» рисолаест оид ба киштукор. Муаллиф ва санаи таълифаш маълум нест. Соли 1906 дар Бухоро бо баъзе иловаҳо чоп шудааст. Он аз 12 боб иборат буда, масъалаҳои оид ба аҳамияти зироат, кишти ғалладона, ҳосилғундори, ниҳолшинонӣ, кӯчати ток, пайванд, сабзавоткорӣ, омилҳои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва ғайраро дар …

Муфассал »

ФАНЕРА

fanera

ФАНЕРА (немисӣ Ғurniez, аз франсузӣ fournir — гузоштан), масолеҳи чӯбиро гӯянд, ки дар натиҷаи ба якдигар бо ширеш часпонидани варақаҳои нозуки чӯб ҳосил мешавад. Ф.-ро аэ чӯби дарахтҳои гуногун тайёр мокунанд. Фанераҳои металлдор, армиронидашуда, оташтобовар ва нармибардор низ мавҷуданд.

Муфассал »

ФАМИНСИН Андрей Сергеевич

ФАМИНСИН Андрей Сергеевич (29. 6. 1835, Москва—8. 12. 1918, Петроград), ботаники рус ва ходими ҷамъиятӣ. Асосгузори мактаби илмпи Петербург, академики Академияи Фанҳои Петербург (1884). Муаллифи аввалин китоби дарсии оид ба физиологияи растаниҳо (1887). Асарҳои асосии Фаминсин ба фотосинтез ва мубодилаи моддаҳо дар наботот оиданд. Соли 1867 ӯ бо О.  В.Баранеский …

Муфассал »

ФАМ ТУАН

ФАМ ТУАН (таваллуд 14. 2. 1947, деҳаи Куок Гуани музофоти Тхай Бин, Ветнам), лётчик-кайҳоннаварди Республикаи Сосиалистии Ветнам, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1980), ду карат Қаҳрамони Республикаи Сосиалистии Ветнам. Аъзои Партияи Коммунистии Ветнам аз соли 1968. Солҳои 1977—79 шунавандаи Академияи ҳарбии ҳавоии ба номи Ю. А. Гагарин. Аз соли 1979 дар отряди …

Муфассал »

«ФАЙЗИЯ» – асари Абӯалӣ ибни Сино

«ФАЙЗИЯ» «алвоҳия», асари Абӯалӣ ибни Сино дар боби тиб, ки тахминан солҳои 1020—30 таълиф шуда, маълумоти зиёдеро оид бабемориҳои гуногун аз илоҷи онҳо дар бар мегирад. Дар «Файзия» аввал номи беморӣ, сипас доруе, ки барои муолиҷаи он тавсия мешавад оварда шудааст. Рисола аз 149 боб иборат буда, ҳар боб аз …

Муфассал »

ФАЙЗИИ ТУРБАТӢ

ФАЙЗИИ ТУРБАТӢ Мулло Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Айёми ҷавонӣ ва камолоташ дар зодгоҳаш (Хуросон) гузашт. Сипас ба Ҳинд рафта, ба дарбори Акбар роҳ ёфт. Ба қавли Соммирзои Сафавӣ («Тӯҳфаи Сомӣ») девони ғазалиёт ва қасидаҳои зиёд доштааст.

Муфассал »

ФАЙЗИИ САРҲИНДӢ

ФАЙЗИИ САРҲИНДӢ Илаҳдод ибни Асадулуламо Алишери Рифъат (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнавис ва донишманди форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Аз таълифоти ӯ фарҳанги тафсирии «Мадор-ул-афозил» ва асари «Акбарнома», ки дар он вақоёи то соли 1502 рӯйдодаро овардааст, маълуманд.

Муфассал »