ФАРЗОД Масъуд (таваллуд 1906, шаҳри Санандач), шоир ва мутарҷими эронӣ. Ашъораш дар маҷмуаҳои «Кӯи танҳои», «Базми дард» ва «Гули ғам» ҷамъ омадааст. Ашъори ӯ бештар мазмуни ишқию ахлоқӣ дорад. Фарзод дӯст ва ҳаммаслаки Содиқ Ҳидоят буда, ҳамроҳи у «Китоби мустаоби Вағ-Вағ Соҳиб» ном асари ҳаҷвие навиштааст. Доир ба адабиёти классикии …
Муфассал »ФАРВАРДИН
ФАРВАРДИН моҳи якуми солшумории шамсист, ки ба 21 март—20 апрел рост меояд; моҳи аввали баҳор.
Муфассал »ФАРАСМОН
ФАРАСМОН (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоҳи хоразмиён дар асри 4 то мелод, иттифоқчии Искандари Мақдунӣ дар Осиёи Миёна.
Муфассал »ФАРАНҶӢ
ФАРАНҶӢ, либоси рӯи махсуси занонро гӯянд, ки ҳангоми аз хона баромадан занҳо онро бо чашмбанд ба сар мегирифтанд. Моҳияти динӣ дошт. Занҳо бо он аз номаҳрамон рӯи худро мепӯшиданд. Аз матоъҳои гуногун (бахмал, кимхоб, банорас, алоча, шоҳӣ ва ғайра) духта мешуд. Фаранҷӣ аз сар то пошнаи пон занону духтаронро мепӯшад. …
Муфассал »ФАРАНҶМУШК
ФАРАНҶМУШК, фаранҷимушк, нигаред Ҷамилак.
Муфассал »ФАРАЗДАҚ Абуфирос Ҳаммом ибни Ғолиб
ФАРАЗДАҚ Абуфирос Ҳаммом ибни Ғолиб (641, Басра — байни 728—732, ҳамон ҷо), шоири араб,яке аз асосгузорони қасидаи мадҳӣ дар адабиёти араб. Фараздақ анъанаҳои эҷодии адабиёти ҷоҳилии (пеш аз ислом)-ро пайравӣ мекард, вале баробари ин ба шеъри ӯ ақоиди ислом ва калимаву ибораҳои Қуръон роҳ ёфтаанд. Нақоид (баҳсу мунозира)-и Фараздақ бо …
Муфассал »ФАРАДЕЙ Майкл
ФАРАДЕӢ (Faradey) Майкл (22. 9. 1791, Лондон—25. 8. 1867, ҳамон ҷо), физик ва химики англис, асосгузори таълимоти майдони электромагнитӣ. Аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (1824), аъзои фахрии хориҷии АФ Петербург (1830). Ҳодисаи индуксияи электромагнитӣ (1831), қонунҳои электролиз (қонунҳои Фарадей, 1833—34), ҳодисаи парамагнетизм ва диамагнетизм (1845), тобхӯрии ҳамвориҳои поляризасияи рушноӣ (эффекти Фараден, …
Муфассал »ФАНОӢ (Шайх Аҳмади Халхолӣ)
ФАНОӢ (Шайх Аҳмади Халхолӣ таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри -16). Аз улуми расмии давраш баҳравар будааст. Намунаҳои осораш тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Ин абёт аз ӯст: Афтода ба по зулфи сумансои ту аз чист? Девона манам, силсила бар пои ту аз чист? Метапад парвонаву дар изтироби мурданаст, Ту …
Муфассал »ФАНОӢ
ФАНОӢ (Мулло Хурди Заргар (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳнндустон (асри 16). Аз Машҳад ба Ҳиндустон рафта, дар силки дарбориёни Акбар ҷо гирифт. Ғазалсаро будааст. Намунаҳои осораш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин абёт аз ӯст: Ҳар шаб кунам андеша, то дил зи ту баргирам. Чун субҳ шавад равшан, меҳри …
Муфассал »ФАНОӢ Муҳаммаднофеи Пирмасти
ФАНОӢ Муҳаммаднофеи Пирмасти (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар охири асри 19— ибтидои асри 20 умр ба сар бурдааст. Дар Бухоро улуми расмии даврро омӯхт. Намунаҳои осораш дар тазкира (масалан, «Тазкират-уш-шуаро»- и Мӯҳтарам) ва баёзҳо омадааст. Ин порча аз ӯст: Дидам он шӯхи гуландоми ба худноошно, Маҳваши ширинзабону …
Муфассал »