Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 49)

Гуногун

ФУРЕ ШАРЛ

ФУРЕ ШАРЛ (7. 4 1772, Безансон—10. 10. 1837, Париж), сосиалисти хаёлии Франсия. Аз оилаи тоҷир. Баъди хатми мактаб худомӯзӣ кардааст. Тамоми умр дар тиҷоратҳонаҳо кор кардааст. Фуре сохти буржуазиро сахт танқид карда, тарҳи барномаи ҷамъияти ояндаеро кашидааст, ки дар он як «ҳамоҳангӣ»-и муайяне ҳукмрон буда, барои зоҳир шудани ҳамаи қобилияти …

Муфассал »

ФУРЕ Жан Батист Жозеф

ФУРЕ (Ғоurier) Жан Батист Жозеф (21. 3. 1768, Осер—16. 5. 1830, Париж), математик ва физики франсавӣ, аъзои фахрии хориҷии Академияи Фанҳои Петербург (1829). Асарҳояш ба алгебра, муодилаҳои дифференсиалӣ ва физикаи математики оиданд. Асари машҳури у «Назари таҳлилии гармӣ» (1822) нуқтаи муҳиме барои ба вуҷуд овардани назариян қаторҳои тригонометри гардид.

Муфассал »

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ – Фурсатуддавла

ФУРСАТИ ШЕРОЗӢ Сайид Мирзо Муҳаммад Насири Ҳусайнӣ, машҳур ба унвони Мирзо Оқо ва лақаби Фурсатуддавла (1854/55, Шероз—1921, ҳамон ҷо), шоир ва адиби эронӣ. Аҷдодаш аҳли завқу адаб ва аз ҳунармандону табибони машҳури Шероз буданд. Фурсати Шерозӣ ба шеъргӯӣ аз ҷавонӣ сар кард. Дар ин ҷода устодонаш Шайх Муфид ва падараш …

Муфассал »

ФУНТ СТЕРЛИНГ

funt

ФУНТ СТЕРЛИНГ, воҳиди пули Британияи Кабир, ки ба 100 пенс (то феврали 1971 1 фунт стерлинг =20 шиллинг — 240 пенс) баробар аст. Қурби онро нисбат ба сӯми советӣ Банки давлатии СССР ҳамеша эълон мекунад.

Муфассал »

ФУНТ

funt

ФУНТ, воҳиди пули РМА (фунти мисри = 100 пиастр = 1000 мильем), Исроил (фунти исроилӣ =100 агор), Ирландия (фунти ирландӣ =100 пенс), Лубнон, Сурия (фунти лубнонию суриягӣ=100 пиастр), инчунин Кипр, Судон, Малта, Гибралтар ва баъзе мамлакатҳои дитар. Қурби фунтро нисбат ба сӯми советӣ Банки давлатии СССР ҳамеша эълон мекунад.

Муфассал »

ФУНКЦИЯҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ

ФУНКЦИЯҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ, синфи функсияҳоеанд иборат аз бисёрузваҳо, функсияи расионалӣ, функсияи нишондиҳандагӣ, функсияи логарифмӣ, функцияҳои тригонометрӣ ва функсияҳои тригонометрии баръакс, инчунин функсияҳое, ки бо ёрии чор амали арифметикӣ ва суперпозисияи функсияҳои дар боло зикршуда ҳосил мешаванд.

Муфассал »

ФУКИДИД

ФУКИДИД (тақрибан 460-400 то м.), муаррихи Юнони Қадим. Дар давраи ҷанги Пелопоннес (424 то м.) стратег буд. Ба лашкаркаши Спарта — Брасид дар тасарруфи Амфипол халал расонда натавониста, дар Афина маҳкум ва аз ватан бадарға шуд. Баъди 20 соли дурӣ аз ватан с. 404 ба Афина баргашт ба роҷеъ ба …

Муфассал »

ФУЗУЛӢ Муҳаммад Сулаймон

ФУЗУЛӢ Муҳаммад Сулаймон (1498, ноҳияи Карбалои Ироқ— 1556), шоир ва мутафаккири Озарбойҷон. Асарҳояш ба забонҳои туркӣ (озарбойҷонӣ), форсӣ ва арабӣ таълиф шудаанд. Фузулӣ дар назди падараш савод бароварда, таҳсилро дар мадрасаи Бағдод давом дод. Чанд сол дар мадрасаи Бағдод мударрис буд. Фузулӣ дар забонҳои форсӣ, туркӣ ва арабӣ се девони …

Муфассал »

ФУЗАЙЛ МАХСУМ

ФУЗАЙЛ МАХСУМ (соли таваллуд ва вафот номаълум), сардори дастаи босмачиёни Қаротегин, собиқ амалдори амир. Аз деҳаи Метаниёни Қалъаи лаби оби вилояти Ғарм. Бо Анварпошшо дар Бухорои Шарқӣ наздик шуд. Вале баъди шикаст хӯрдани Анварпошо ба Қаротегин гурехта, худро мири он эълон кард. Ибтидои соли 1923 вай дар Қаротегину Дарвоз тамоми …

Муфассал »