Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 375)

Гуногун

Омӯзишгоҳи олии техникӣ

0

Омӯзишгоҳи олии техникӣ Москва ба номи Н. Э. Бауман, яке аз қадимтарин донишкадаҳои олии техникӣ ва калонтарин маркази таълимию илмии тадқиқотии СССР дар соҳаи мошинсозию асбобсозист. Соли 1830 ҳамчун омӯзишгоҳи ҳунармандӣ «барои тайёр кардани устоҳои моҳири дорои маъ­лумоти назарӣ» таъсис ёфт. Аз соли 1868 Омӯзишгоҳи техникии императорӣ (бо факултетҳои химия …

Муфассал »

Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатӣ

0

Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатӣ Ленинград ба номи В. И. М у х и н а, соли 1945 таъ­сис ёфтааст (дар заминаи Омӯзишгоҳи рассомии техникии ба номи А. Л. Штиглис, соли 1876). Аз соли 1948 инҷониб — омӯзишгоҳи олӣ. Соли 1953 ба Омӯзишгоҳ номи В. И. Мухина дода шуд. Омӯзишгоҳ  факултетҳои …

Муфассал »

Омӯзишгоҳи олии бадеии саноатӣ

0

Омӯзишгоҳи олии бадеии саноатӣ Москва (собиқ Стро­ганов), яке аз кӯҳнатарин марказҳои санъати нафисаест дар истеҳсолот. Соли 1825 бостоншинос ва ҳаводоси санъат граф С. Г. Строганов дар Москва «Мактаби нақшакашӣ барои ҳунармандон»-ро таъсис кард. Соли 1843 ба муассисаи таълимии давлатӣ табдил ёфт, соли 1860 Омӯзишгоҳи рассомии техникии Строганов ном гирифт. Омӯзишгоҳ …

Муфассал »

Омӯзишгоҳи нахимовчиён

0

Омӯзишгоҳи нахимовчиён, муассисаи маълумоти миёнаи ҳарбию баҳрист, ки қабулаш маҳдуд буда, тарбиягирандагонро барои до­хил шудан ба омӯзишгоҳҳои олии ҳарбию баҳрӣ тайёр мекунад. Ин гу­на омӯзшигоҳҳо дар СССР солҳои 1943—45 дар шаҳрҳои Ленинград, Рига, Тбилиси барои таълиму тарбияи фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, пар­тизанҳо, коргарону колхозчиёне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардидаанд, …

Муфассал »

Омӯзишгоҳи мусиқӣ

0

Омӯзишгоҳи мусиқӣ, ш. Ленинобод ба номи Содирхони     ҳ о ф и з. Муассисаи таълимии махсусест, ки мутахассисони соҳаи мусиқӣ тайёр мекунад. Таъсисаш соли 1929. Аввал 50 нафар таҳсил мекарданд. Омӯзишгоҳи мусиқиро Артистони Халқии СССР P Т. Фозилова, Ғ. Валаматзода, Ҳ. Мавлонова, Артистони Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон О. Назаров. М. …

Муфассал »

Омӯзишгоҳи мусиқӣ

0

Омӯзишгоҳи мусиқӣ, Д уш а н б е. Муассисаи таълимии махсусест, ки мутахассисони соҳаи мусиқӣ тайёр мекунад. Соли таҳсили 1945—46 дар шаҳри Сталниобод таъсис шудааст. Аввалин директорат Н. А. Будкевич. Аввал шуъбаҳои ғижжак, фортепяно, скрипка, вокалӣ ва дирижёрӣ дошт. Барои муассисаҳои санъат корманд ва мактаб муаллим тайёр мекунад. Дар Омӯзишгоҳи …

Муфассал »

Омӯзишгоҳ

0

Омӯзишгоҳ, муассисаи таълимию тарбиявист, номи муассисаҳои таълимии гуногуни касбҳои техни­кӣ, миёнаи махсус (масалан, педагогӣ, тиббӣ, санъат) ва қисман олист (масалан, омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ, Омӯзишгоҳи олии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман). Дар Россияи тореволютсиони як қатор муассисаҳои маълумоти умумиро (омӯзишгоҳи олии ибтидоӣ, омӯзишгоҳи реа­лӣ, омӯзиҳгоҳи уезди) низ Омӯзишгоҳ меномиданд.

Муфассал »

Омоҷгоҳ

0

Омоҷгоҳ, майдони таълиму машқи тирандозон. Бари Омоҷгоҳ ба ҳисоби миёна тақрибан 1-2 километр, дарозиаш то 5—10 километр мешавад. Омоҷгоҳ дуртар аа ҷойҳои аҳолинишин, роҳҳои шоссе, оҳан, дарёҳои киштигард, роҳҳои ҳавоӣ ва ғайра сохта мешавад.

Муфассал »

Омоч

0

Омоч, олати қадимии ҷуфтронист, ки дар Осиёи Миена, Афғонистон ва Тибет истифода бурда мешавад. Омоч аз се қисм: тир, тана ва даста иборат аст. Тир қисми асосии он буда 2—3 метр дарозӣ, 8—10 сантиметр ғафсӣ дорад. Дар тарафи борики тир 2—5 сӯрохии хурд ҳаст, ки Омочро бо юғ  мепайвандад. Тана …

Муфассал »

Омос

0

Омос, ташкилаи нав, б л асто м а, афзоиши барзиёду патологии бофтаеро гӯянд, ки аз ҳучайраҳои сифатан тағйирёфта ва аз тафриқа монда иборатанд. Омоси одам бештар аз бофтаҳои апителй (саратон, по­лип), пайвасткунанда (саркома) ва ғайра инкишоф меёбад. Номи Омос аз номи бофтаҳое аст, ки аз онҳо омос ба вуҷуд меояд. …

Муфассал »