Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатӣ

Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатӣ

Омӯзишгоҳи олии рассомии саноатӣ Ленинград ба номи В. И. М у х и н а, соли 1945 таъ­сис ёфтааст (дар заминаи Омӯзишгоҳи рассомии техникии ба номи А. Л. Штиглис, соли 1876). Аз соли 1948 инҷониб — омӯзишгоҳи олӣ. Соли 1953 ба Омӯзишгоҳ номи В. И. Мухина дода шуд.

Омӯзишгоҳ  факултетҳои интерер ва тачҳизоти бино, санъати истеҳсолӣ, санъати ороишии амалӣ, инчунин аспиран­тура, 15 кафедра, устохонаҳои таҷрибавии тадқиқоти илмӣ, музеи санъати ороишии амалӣ (15 ҳазор экспонат) дорад. Аз соли 1970 «Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ»-и Омӯзишгоҳ нашр кар­да мешавад. Омӯзишгоҳ дар солҳои мавҷудияти худ зиёда аз 4 ҳазор мутахассис тайёр кардааст.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …