Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи олии техникӣ

Омӯзишгоҳи олии техникӣ

Омӯзишгоҳи олии техникӣ Москва ба номи Н. Э. Бауман, яке аз қадимтарин донишкадаҳои олии техникӣ ва калонтарин маркази таълимию илмии тадқиқотии СССР дар соҳаи мошинсозию асбобсозист. Соли 1830 ҳамчун омӯзишгоҳи ҳунармандӣ «барои тайёр кардани устоҳои моҳири дорои маъ­лумоти назарӣ» таъсис ёфт. Аз соли 1868 Омӯзишгоҳи техникии императорӣ (бо факултетҳои химия ва меха­ника).

Мактаби илмию методи инженертайёркунӣ, ки солҳои 60—70 асри19 дар омӯзишгоҳ вуҷуд дошт, шӯҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо карда, борҳо дар виставкаҳои байналхалқӣ сазовори мукофот гардидааст. Асосгузорони мактаби илмии мазкур олимони намоёни рус Н. Е. Жуковский, С. А. Чаплигин, А. М. Бчвар, П. П. Лазарев, И. П. Прокофьев ва дигар буданд.

Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ дар Омӯзишгоҳи олии техникии фак-тҳои нави электротехникӣ, инженерию сохтмон, аэро­механикӣ ташкил шуданд. Соли 1930 дар заминаи факултетҳои омӯзишгоҳ ин­ститути авиатсионӣ ва энергетикӣ, Академияи муҳофизати химиявӣ, Омӯзишгоҳи олии инженерию сохтмон (дертар Институти инженерию сохтмони Мо­сква) кушода шуда, факултети механика ба Институти механикаю мошинсозии ба номи Н. Э. Бауман табдил ёфт ва он соли 1943 аз нав номи пештараи худро гирифт.

Ҳоло ба ҳайати омӯзишгоҳи мазкур факултетҳои автоматиконӣ ва механиконии истеҳсолот, мошинсозӣ, механикӣ-конструкторӣ, асбобсозӣ, мошинсозии энергетикӣ, факултети шабона, шуъбаҳои умумӣ- техникӣ ва тайерӣ (филиали он дар Калуга), шуъбаҳо дар назди заводҳо, аспирантура, 78 кафедра, 16 лабораторияи проблемавӣ ва соҳавӣ дохил мешаванд; дар китобхонаи Омӯзиҳгоҳи олии техникӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷилд китоб ҳаст.

Китобҳои дарсии доир ба мошинсозию асбобсозӣ баровардаи он на танҳо дар мамлакати мо, балки дар бисёр донишкадаҳои олии хориҷа воситаи асосии таълимианд.

Фаъолиятя эҷодию муаллимии бузургтарин олимони советӣ, ба монанди Г. А. Апарин, Б. В. Булгаков, Л. К. Кяфер, В. М. Кован, С. Д. По­номарёв, Л. П. Смирнов ва дигар  ба Омӯзишгоҳи олии техникии марбут аст. Дар солҳои мавҷу- дияти худ Омӯзишгоҳи олии техникӣ  бештар аз 61 ҳазор нафар инженер тайёр кардааст. В. П. Бармин, В. И. Дикушин, М. М. Дубинин, С. Т. Кишкин, Н. А. Пилюгин, Б. С. Стечкин, А. Н. Туполев, Б. Н. Юрев, кайҳоннавардон — А. С. Ели­сеев, К. П. Феоктистов ва О. Г. Ма­каров дар Омӯзишгоҳи олии техникӣ тақсим кардаанд. Омӯзишгоҳи олии техникӣ бо ордени Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуда­аст.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …