Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 229)

Гуногун

СУҲАЙЛӢ Абдулло Ҷавҳаризода

unknown_person-0

СУҲАЙЛӢ (тахаллус; ном ва фамилия Абдулло Ҷавҳаризода; 6. 10. 1900, Ӯротеппа —11. 7. 1964, Душанбе), шоири советии тоҷик. Писари Зуфархон Ҷавҳарӣ. Аъзои КПСС азсоли            1949. Аз падараш хату савод омӯхтааст. Курси шашмоҳаи муаллимтайёркунии назди Дорулмуаллимини Самарқанд (1924), Институти давлатиипедагогии Душанберо хатм кард. Мухбири махсуси газетаи «Овози тоҷик» (1924—25), котиби масъули …

Муфассал »

Амир Шайхам

unknown_person-11

СУҲАЙЛӢ Низомуддин Аҳмад маъруф ба Амир Шайхам (1444—1502), шоири форс-тоҷик, ходими давлатӣ. Дар Хуросон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз бачагӣ шеър мегуфт. Суҳайлӣ ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро») шагирди Шайх Озарӣ буд ва бо тавсияи ӯ «Суҳайлӣ» тахаллус кард. Ба забонҳон ӯзбакӣ ҳам шеър гуфтааст. Дар ҳар ду забон ҳам …

Муфассал »

СУҚРОТ

sokrat

СУҚРОТ муарраби Sokrates (469 то мелод, Афина —399, ҳамон ҷо), файласуфи Юнони Қадим. Ягон асари Суқрот то ба рӯзҳои мо нарасидааст ва асарҳои шогирдони С. Ксенофонт ва Афлотун барои омӯзиши ҳаёту эҷодиёти Суқрот манбаи асосӣ мебошанд. Суқрот яке аз асосгузорони диалектикаи фалсафӣ буда, мубоҳисаю муколамаро воситаи асосии дарёфти ҳақиқат мешуморид. …

Муфассал »

СУҒОНИИ УСТУРЛОБӢ Аҳмад ибни Муҳаммад

unknown-person1

СУҒОНИИ УСТУРЛОБӢ Аҳмад ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот тақрибан 990), олими маъруфи форс-тоҷик. Аслан аз Сугон — яке аз деҳаҳои Марворуд (дар Хуросон) буда, қисми асосии ҳаёташ дар Бағдод гузаштааст. Ҳамчун астроном, математик ва ихтироъкори асбобҳои астрономӣ шӯҳрат пайдо карда, дар мадрасаҳои Бағдод оид ба илмҳои дақиқ дарс …

Муфассал »

СУЮТӢ Ҷалолуддин Абдурраҳмон

unknown_person-0

СУЮТӢ Ҷалолуддин Абдурраҳмон ибни Камол ибни Абӯбакр ибни Муҳаммад (1445, Қоҳира —1505), забоншинос ва муаррихи араб. Зиёда аз 300 асар навиштааст. Дар асари машҳури ӯ «Ал-Музҳир фӣ улум-ил-луға» (падараш 1865, Миср) асосҳои фалсафӣ ва таркиби луғавии забони арабӣ ва робитаи он бо дигар забонҳои сомӣ мавриди омузиш қарор гирифтаанд. Асарҳои …

Муфассал »

СУЮРҒОЛ

suyurghul

СУЮРҒОЛ (дз муғулӣ—инъом кардан), моли манқул ва ғайри манқуле (об, замин, молу мулк, пул), ки аз тарафи ҳукмроне (подшоҳ, хон султон ва дигар) ба амалдорон ва лашкаркашон бахшида мешуд. Аз асри 13 дар Шарқи Наздик ва Миёна маъмул гардид. Сурюрғоли додашуда аз насл ба насл мерос мегузашт. Соҳиби Сурюрғол аз …

Муфассал »

СУХРАИ ҲАРИЁН

qal-a

СУХРАИ ҲАРИЁН Сухраи Сисимитр, қалъаи кӯҳиест дар Парстакан. Тахмин мекунанд, ки Сухраи Ҳариён дар соҳили дари Вахш, атрофи шаҳри Норак воқеъ буд. Сухраи Ҳариён қалъаи дастнорас ва бо ҷариҳо иҳотагардида тасвир шудааст. Қуллаи сухра ҳамвор ва бо хоки ҳосилхез пӯшида будааст. Аз он ба атроф мурчол (роҳи зеризаминӣ) мерафт. Искандари …

Муфассал »

СУЮНОВ Хуррам

unknown-person1

СУЮНОВ Хуррам (таваллуд 9. 1. 1928, Регар), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1951. Солҳои 1941—45 колхозчӣ, 1945—51 сардори звено, 1951 —57 агроном ва аз соли 1964 сарагрономи  колхози«Коммунизм» – и ноҳияи Регар. Соли 1948 звенои Суюнов ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи …

Муфассал »

СУХЭ-БАТОР Дамдины

sukhe-bator-damdin

СУХЭ-БАТОР Дамдины (2. 2. 1893, Цэцэн Хана, ҳоло аймоқи Сухэ-Батор —22. 2. 1923, Урра, ҳоло Улан-Батор), ходими сиёсӣ ва давлатии Муғулистон, асосгузори Партияи халқӣ-революционии Муғулистон (ПХРМ), пешвои революсионерҳои халқии соли 1921 дар Муғулистон. Аз оилаи камбағал. Дар ҷавониаш галабон буд. Соли 1912 ба армияи феодалию теократии Муғулистон даъват шуд, командириэскадрон …

Муфассал »

СУХРАИ СУҒД

qal-a

СУХРАИ СУҒД, Сухраи Аримаз, як қалъаи кӯҳист дар вилояти Сурхондарёи Ресспубликаи Советӣ СотсиалистииУзбакистон. Дар наздикии роҳи Суғд — Парстакан ва гузаргоҳи байникӯҳии Дарбанд (куҳҳои Бойсун), ки асрҳои миёна бо номи «Дарвозаи оҳанин» машҳур буд, воқеъ гаштааст. Сухраи Суғд дастнорас буда, ба сӯи он танҳо то ғоре пайроҳаи танг мерафт. Ин …

Муфассал »