Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУХРАИ СУҒД

СУХРАИ СУҒД

СУХРАИ СУҒД, Сухраи Аримаз, як қалъаи кӯҳист дар вилояти Сурхондарёи Ресспубликаи Советӣ СотсиалистииУзбакистон. Дар наздикии роҳи Суғд — Парстакан ва гузаргоҳи байникӯҳии Дарбанд (куҳҳои Бойсун), ки асрҳои миёна бо номи «Дарвозаи оҳанин» машҳур буд, воқеъ гаштааст. Сухраи Суғд дастнорас буда, ба сӯи он танҳо то ғоре пайроҳаи танг мерафт. Ин ғор дар баландии миёнаиСухраи Суғд воқеъ гашта, вазифаи гурезгоҳро адо мекард. Дар давраи юриши Искандари Мақдунӣ бисёр доҳиёни Суғд ва Бохтар бо оилаҳояшон, аз ҷумла духтари Оксиарт ва завҷаи ояндаи Искандар — Рухшона, дар Сухраи Суғд паноҳ ёфта будаанд. Искандар Сухраи Суғдро баҳори соли 327 то мелод ба даст дароварда, муҳофизони онро бераҳмона ҷазо дод. Сухраи Суғд бо номи Сухраи Оксиарт низ машҳур аст.

И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …