Маълумоти охирин
Главная / Anvar (страница 7)

Anvar

МИКРОСКОПИЯ

mikroskopiya

МИКРОСКОПИЯ, номи усулҳои бо микроскоп мушоҳида намудани объ­ектҳои майда ва майдатарин ва ҷузъҳои ба чашм нонамоёни таркибии онҳо. Усулҳои мушоҳидаи микроскопӣ вобаста ба характер ва хосияти объекти омӯхташаванда муқаррар карда мешавад. Усулҳои Микроскопмяи поляризационӣ, интерференционӣ ва люминесцентӣ мавҷуданд. Дар шуоъҳои инфрасурх, ултрабунафш ва нурҳои намоён му­шоҳида намудани объектҳо ва усулҳои …

Муфассал »

МИКРОСКОПИ ЭЛЕКТРОНӢ

mikroskopi-elektroni

МИКРОСКОПИ ЭЛЕКТРОНӢ, асбобест барои мушоҳида ва чандкарата калон карда гирифтани тасви­ри объект (дар он ба ивази нури рӯшноӣ дастаи электронҳои фавқуссуръат истифода мешаванд). Микроскопи электронӣ тасвири предметро садҳо ҳазор маротиба калон мекунад. Микроскопҳои элекронии мусаффо (шаффофобъект), инъикоскунанда, растрӣ, эмиссионӣ, оинагӣ ва ғ. мавҷуданд. Дар Микроскопи электронӣи мусаффо дастаи электронҳо аз …

Муфассал »

МИКРОСКОП

mikroskop

МИКРОСКОП (аз микро… ва …скоп), заррабин, асбоби оптикӣ барои дидани объектҳои ниҳоят хурд, ки ба чашми муқаррарӣ наменамоянд. Чашми инсон аз хубтарин масофаи биниш (барои чашми солим 250 мм) ҷузъиёти объектро, ки ба ҳамдигар аз 0,08 мм наздиктар ҷойгиранд, фарқ намекунад. Бо ёрии Микроскопи оптикӣ қисмҳои предметро, ки нисбат ба …

Муфассал »

МИКРООРГАНИЗМҲО

mikroorganizm

МИКРООРГАНИЗМҲО микробҳо, номи умумии организмҳои майдатарин, ки фақат бо микроскоп дидан мумкин аст. Микроорнанизмҳоро микробиоло­гия меомӯзад. Аз мавҷудияти Микроорнанизмҳо бо­ри аввал олими Рим Марк Варрон (асри 1 то м.) дарак додааст, баёни илмии он бошад, ба табиатшиносӣ голландӣ А. Левенгук (нимаи дуюми асри 17) мансуб аст. Бактерияҳо, занбурӯғҳо, актиномидетҳо, риккетсия, …

Муфассал »

МИКРОНУРИҲО

mikroelement

МИКРОНУРИҲО, нуриҳоеро гӯянд, ки микроэлементҳои барои нашъунамои растанӣ зарур (В, Си, Со, Zn, Мо, Мп ва р.) доранд. Аз норасоии микроэлементҳои хок сабзишу нашъунамои зироат суст гашта, растанӣ касал мешавад. Суперфосфатҳои дорои микроэлементҳои В, Mn, Zn, нитрофоскаҳо, нуриҳои фосфору калийдори молибден ва бор илова кардашуда, инчунин ҳар гу­на нуриҳои омехтае, …

Муфассал »

МИКРОНЕЗИҲО

mikronezi

МИКРОНЕЗИҲО, аҳолии аслии Микронезия. Шумораашон зиёда аз 200 ҳазор нафар (1973). Ғайр аз ин, тақрибан 4 ҳазор Микронезиҳо дар Меланезия зиндагонӣ мекунанд. Типи антрополо­гии Микронезиҳо дар натиҷаи омезиши мелапезиҳо, полинезиҳо ва индонезиҳо ташаккул ёфтааст. Ба забонҳои гурӯҳи малай-полинезӣ гап мезананд. Масеҳият (бештар мазҳаби протестантӣ) бо динҳои қадимии маҳал­лӣ омезиш ёфтааст. …

Муфассал »

МИКРОНЕЗИЯ

mikroneziya

МИКРОНЕЗИЯ (аз микро… ва юн. nesоs — ҷазира), гурӯҳи ҷазираҳои хурд дар Уқёнусия, дар қисми ғарбии уқёнуси Ором, асосан дар шим. экватор. Ба ин гурӯҳ ҷазираҳои Мариана, ҷазираҳои Каролина ва ҷазираҳои Мар­шалл (васояти ШМА), ҷазираҳои Гил­берт ва ҷаз. Ошен (инҳо мулки Британияи Кабиранд), Науру (давлати мустақил аз 1968) ва ғ. …

Муфассал »

МИКРОН

mikron

МИКРОН (юн. mikron — хурд), як воҳиди ҳосилавии дароз аст, ки ба 10- м ё 10 мм баробар аст. Ихтисори он: мк, мкн, қ. Соли 1967 баҳои Микрон воҳиди нав — микрометр (мкм) қабул карда шуд.

Муфассал »

МИКРОМЕТР

mikrometr

МИКРОМЕТР (аз микро… ва метр) асбоби андозагирест, ки механизми табдилдиҳандаи он винту гайка мебошанд. Микрометрро фақат барои бо у су­ли мутлақи коптактӣ чен кардани андозаҳои хаттӣ истифода мебаранд. Кори Микрометр ба ҷойивазкунии винт қад- қади меҳвар (ҳангоми дар гайкаи ноҷунбон чарх занондани он) асос ёфтааст. Ҷойивазкунӣ ба кунҷи гардиши винт …

Муфассал »

МИКРОЛИТҲО

mikrolitho

МИКРОЛИТҲО (аз микро… ва юн. …lithos — санг), олоти хурди сангӣ, баъзеашон шаклҳои геометрӣ (секунҷа, трапеция ва ғ.) доранд. Дар давраҳои мезолит ва неолит дар бисьёр ноҳияҳои Европа, Африка, Осиё фаровон ба кор бурда мешуданд. Дар СССР дар Қрим ва диг. районҳои РССУ., Поволжияи Поён, Осиёи Миёна ва Қазоқистон ёфт …

Муфассал »