МИКРОЛИТҲО (аз микро… ва юн. …lithos — санг), олоти хурди сангӣ, баъзеашон шаклҳои геометрӣ (секунҷа, трапеция ва ғ.) доранд. Дар давраҳои мезолит ва неолит дар бисьёр ноҳияҳои Европа, Африка, Осиё фаровон ба кор бурда мешуданд. Дар СССР дар Қрим ва диг. районҳои РССУ., Поволжияи Поён, Осиёи Миёна ва Қазоқистон ёфт шудаанд. Микролитҳо ҳамчун пайкони камон ё ҳамчун тер дар олоти чӯбину устухонӣ истифода мешуданд.
Tags гуногун
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …