Маълумоти охирин
Главная / Anvar (страница 17)

Anvar

МЕЪЁРИ КИШТИ ТУХМӢ

МЕЪЁРИ КИШТИ ТУХМӢ, миқдори кишти тухмӣ ба 1 га аст, ки зичии мӯътадили ниҳол ва ҳосили баландро таъмин менамояд. Меъёри кишти тиб бо вазни тухмӣ, адади тухмии сабзишёфта (млн дона) ифода мешавад. Меъёри кишти тибро аз рӯи эҳтиёҷи растанӣ ба майдони ризо, мақсади кишт (барои ғалла, силос ва ғ.), ҳосилхезии …

Муфассал »

МЕЪЁР

МЕЪЁР, 1) тарозуи зарсанҷ; санги маҳак, ки бо вай сара ё сақатии зарро меозмоянд; 2) асбоби санҷиши ҳар чиз; 3) Меъёри кишт, нормаи муайяни кишти тухмӣ ба 1 га. Ниг. Меъёpи кишти тухмӣ; 4) аломате, ки дар асоси он ба ягон чиз баҳо ё таснифи муайян медиҳанд.  

Муфассал »

МЕЪДА

meda

МЕЪДА, қисми васеи наи ҳозима, ки дар он хӯрок ҳазм мешавад. Меъдаи ҳайвонот ду хел аст: Меъдаи ғадудӣ ё ҳозима ва Меъдаи мушакӣ ё жованда. Меъдаи ғадудӣ дар деворааш ғадудҳои ҳозима дорад. Девораи Меъдаи мушакиро кутикула фаро гирифтааст. Меъдаи як қатор ҳайвонҳои бемӯҳра (баъзе рудаковокҳо, паҳнкирмҳо, ҳалқакирмҳо ва ғ.) ба …

Муфассал »

МЕЩЕРЯКОВ Василий Иванович

mesheryakov

МЕЩЕРЯКОВ Василий Иванович (тав. 1. 1. 1908, деҳаи Кириклейский Майдан, ҳозира p-ни Инсари вил. Пенза—19.10.1980, Душанбе), коркуни партиявӣ ва советӣ, Қаҳрамони Мехнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1930. Солҳои 1926—28 сардори гурӯҳи бинокорон, 1928—29 раиси шӯъбаи округии Иттифоқи бинокорони Ӯротеппа, 1930—33 сардори управления ва ҷонишини Комиссариати халқии меҳнати РСС …

Муфассал »

МЕЩЕРЯКОВ Александр Михайлович

mesheryakov

МЕЩЕРЯКОВ Александр Михайлович (тав. 12.1.1909, деҳаи Липягин вил. Воронеж—3.7.1980, Душанбе), агрохимики советӣ, Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1969), профессор (1967). Аъзои КПСС аз соли 1945. Баъди хатми Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К. А. Тимирязеви Москва (1931) ходими илмии Институти умумииттифоқии нурӣ ва агрохокшиносӣ ва соли 1939 мудири кафедраи агрохимия …

Муфассал »

МЕЩАНҲО

meshanho

МЕЩАНҲО (аз пол. miezczanin — шаҳрнишин), дар Россияи тореволюционӣ табақаи аҳолии шаҳр, ки ҳунармандон, савдогарон ва ғ.-ро дар бар мегирифт. Дар асрҳои 14—17 шаҳриёни вилоятҳои ҷан. ғарбии Русьро, ки ба ҳайати Литва ва Польша дохил буданд ва аз асри 17 сокинони шаҳрҳои ноҳияи Смоленскро Мещанҳо меномиданд. Мувофиқи ислоҳоти соли 1775-и …

Муфассал »

МЕЩАНИНОВ Иван Иванович

meshaninov

МЕЩАНИНОВ Иван Иванович (6. 12. 1883, Уфа — 16. 1. 1967, Ленинград), забоншиноси советӣ, археолог, акад. АФ СССР (1932), Қаҳрамони Меҳнати Социалисте (1945). Университети Петербург (1907) ва Институти археологияро (1910) хатм кардааст. Шогирди акад. Н. Я. Мар р. Директори Институти антропология, археология ва этнографияи АФ СССР (1933—37), директори Институти забон …

Муфассал »

MEШӢ

MEШӢ, навъе аз чарм, ки асосан аз пӯсти гӯсфанд ва буз тайёр карда мешавад. Меши ёзанда ва чандир аст. МӢро бо усули химиявӣ ва механикӣ карм карда, бо пайвастҳои алюминий даббоғӣ мекунанд. Барои тайёр кардани дастпӯшак, рӯйчарми пойафзол, протез ва ғ. истифода мешавад.  

Муфассал »

МЕШ

mesh

МЕШ, гӯсфанди мода, ҷинси модаи наслдиҳандаи гӯсфанд. Меш нисбат ба гӯсфанди нар ҷуссаю сари хурд ва гардани дароз дорад. Одатан бешох мешавад. Дарозии танааш 60—110 см ва баландии сари душат 55—100 см. Вазни зиндааш 30—100 кг. Рангаш сафед, сиёҳ, малла ва ашҳобӣ. Аз 15—18-моҳагӣ ҷуфтӣ мекунанд. Даври ҳамлаш 145—155 шаборӯз, …

Муфассал »

МЕЧНИКОВ Илья Ильич

mechnikov

МЕЧНИКОВ Илья Ильич (15. 5. 1845, деҳаи Ивановка, ҳозира р-ни Купяиски вил. Харьков — 15. 7. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, микробиология ва эмбриологияи эволюционӣ. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902). Университети Харьковро (1864) хатм кардааст. Солҳои 1870—82 проф. Университети Новороссийск дар Одесса (ҳоло Университети давлатии Одесса …

Муфассал »