Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЩАНИНОВ Иван Иванович

МЕЩАНИНОВ Иван Иванович

meshaninovМЕЩАНИНОВ Иван Иванович (6. 12. 1883, Уфа — 16. 1. 1967, Ленинград), забоншиноси советӣ, археолог, акад. АФ СССР (1932), Қаҳрамони Меҳнати Социалисте (1945). Университети Петербург (1907) ва Институти археологияро (1910) хатм кардааст. Шогирди акад. Н. Я. Мар р.

Директори Институти антропология, археология ва этнографияи АФ СССР (1933—37), директори Институти забон ва тафаккур (1935—50), акад.-котиби Шӯъбаи адабиёт ва забони АФ СССР (1934—50). Солҳои 20—30 роҳбари ҳафриёти бостоншиносии назди б. Каспий ва Закавказия буд. Мещанинов аслан мутахассиси забонҳои матруки Кавказ, Осиёи Хурд (иломӣ, хеттӣ, сомӣ), махсусан забони урарту (халдей) буд. Назарияи категорияҳои мафҳум, назарияи типологьяи синтаксисии забонҳо ва назарияи ҷумла аз муҳимтарин бозёфтҳои Мещанинов дар соҳаи забоншиносии умумӣ мобошанд. Дар омӯзиши забонҳои халқиятҳои омехати Шимол ва Кавказ ва тайёр кардани мутахассисони забоншинос саҳм гузоштааст. Ду карат лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943, 1946). Бо 2 ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Ос.: Структура предложения, М.— Л., 1963; Эргативная конструкция в языках различных типов, JI., 1967; Общее языкознание. Проблемы развития языка, Л., 1976.

Ад.: Жирмунекий В. М., Памяти академика И. И. Мещанинова, ж. «Вопросы языкознания», 1967, М 3; Панфилов В. 3., Иван Иванович Мещанинов, «Изв. АН СССР, сер. литературы и языка», 1967, JNI 4.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …