Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЪДА

МЕЪДА

medaМЕЪДА, қисми васеи наи ҳозима, ки дар он хӯрок ҳазм мешавад. Меъдаи ҳайвонот ду хел аст: Меъдаи ғадудӣ ё ҳозима ва Меъдаи мушакӣ ё жованда. Меъдаи ғадудӣ дар деворааш ғадудҳои ҳозима дорад. Девораи Меъдаи мушакиро кутикула фаро гирифтааст. Меъдаи як қатор ҳайвонҳои бемӯҳра (баъзе рудаковокҳо, паҳнкирмҳо, ҳалқакирмҳо ва ғ.) ба қисми рӯда табдил ёфтааст. Меъдаи ҳайвонҳои мӯҳрадор дар қафои сурхрӯда ҷойгир шудааст. Меъдаи нохиҳо аз якчанд қисмҳо иборат аст. Қисме, ки аз сурхрӯда cap мешавад кардиалӣ ва қисме, ки ба рӯдаи дувоздаҳангӯшта медарояд, пилорӣ номида мешавад. Қисми халташакли байни қисмҳои кардиалӣ ва пилорӣ хобидаи Меъда асри М, ном дорад. Меъда бо эпителияи якқабата пӯшида шуда, дар он ғадудҳои найчашакл ҷой гирифтанд. Дар бештари моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо ва паррандаҳо ғадудҳои зери Меъда ва ғадудҳои пилории Меъда аз ҳам фарқ мекунанд. Аксари ширхӯрхо (ба ғайр аз даррандаҳо ва приматҳо) ғадудҳои кардиалӣ низ доранд. Ғадуди Меъда луоб ва шираи Меъда ҷудо мекунад. Меъдаи ширхӯрҳо ба сурхрӯда ва қисмҳои кардиалию пилорӣ ҷудо мешавад. Меъдаи баъзе ҳайвонҳои жованда нисбатан мураккаб ва аз 4 қисм иборат аст: шикамба, тур, ҳазорхона ва ширдон (расми 1). Аз онҳо танҳо ширдон ғадуд дорад. Дар уштур девораи шикамба чуқурчаҳои зиёд дорад, ки дар онҳо об захира мешавад.

Расми 1. Меъдаи гӯсфанд . (таогрех шудааст): 1 — сурхрӯда- 2—шикамба; 3 — тур, Ь—ҳазорхона; 5— ширдон; 6 — рӯдаи давоздаҳангӯшга; 7 — тарновча.

Меъдаи одам (расми 2) қисми васеи наи ҳозима буда, шаклан ба халтачаи дарозрӯя монанд аст. Қисми зиёди он дар тарафи чапи болои ковокии шикам ва як қисми он дар тарафи рост ҷойгир шудааст.

Расми 2. Меъдаи одам: А — намуд аз пеш (1 —асри меъда; 2 — хаыия калон; 3 — чарбӯи калон (буридагӣ); 4 — қисми дарбон; 5 — рӯдаи дувоздаҳангӯшта; 6—хами хӯрд; 7—чарбӯи хӯрд (буридагӣ); 8 — даромадгоҳи меъда; 9 — сурхрӯда); В — пардаи луобӣ.

Меъдаи одам аз қисмҳои зерин иборат аст: девораи пеш ва қафои Меъда, зери Меъда, даромадгоҳ ва баромадгоҳ. Девораи Меъда аз пардаи серозӣ ё шикампарда ва пардаи луобӣ таркиб ёфтааст. Дар асри пардаи луобӣ ғадудҳои луобҷудокунанда ва ферментҷудокунанда, ки сафедаро таҷзия мекунанд, ҷойгир шудаанд. Ғадудҳои асри Меъда пепсин ва кислотар дрогенхлорид ҷудо мекунанд. Дар байни Меъда ва рӯдаи дувоздаҳангӯшта сфинктери пилорӣ ҷойгир шудааст, ки вай ҳалшавии хӯрокро ба танзим медарорад. Шохчаи тоқаи системаи зортаи шикам Меъдаро аз хун таъмин мекунад. Шохчаи асаби гумроҳ ва бофти асабҳои симпатикии шикам бошанд, Меъдаро бо асаб таъмин мекунанд. Ҷудошавии ферментҳо, тираи Меъда ва кислотаи гидрогеихлорид, ба миқдору сифати хӯрок вобаста буда, ба воситаи омилҳои нейрогуморалӣ танзим меёбанд. Меъда ба ғайр аз функцияҳои асосии худ (коркарди химиявӣ, механикӣ ва ба рӯда даровардани хӯрок) функцияи муҳофизат (бактерицидӣ, таъсири бактериостатии кислотаи гидрогеихлорид ва лизоцим) ва ҷаббишро низ адо мекунад. Фаъолияти Меъда бо нигоҳдории гомеостаз дар организм, мубодизаи обу намак, функцияи гурда, ғадудҳои секрецияи дарунӣ, гардиши хун ва ғ. алоқаи зич дорад. Сигналҳое, ки ҳангоми ангезиши рецепторҳои Меъда ба системаи асаби марказӣ дохил мешаванд, боиси ҳисси гуруснагӣ, ташнагӣ ва ғ. мегарданд.

Оид ба бемориҳои М. ниг. Гастрит, Зажми меъда ва Pӯдaи дувоздаҳангӯшта ва ғ.

Ад.: Рааенков И. П., Новые данные по физиологии и патологии пнщеваревия (Лекции), М., 1948; Уголев А. М., Пищеварение и его приспособительная эволюция. М., 1961.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …