Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЩЕРЯКОВ Александр Михайлович

МЕЩЕРЯКОВ Александр Михайлович

mesheryakovМЕЩЕРЯКОВ Александр Михайлович (тав. 12.1.1909, деҳаи Липягин вил. Воронеж—3.7.1980, Душанбе), агрохимики советӣ,

Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1969), профессор (1967). Аъзои КПСС аз соли 1945. Баъди хатми Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К. А. Тимирязеви Москва (1931) ходими илмии Институти умумииттифоқии нурӣ ва агрохокшиносӣ ва соли 1939 мудири кафедраи агрохимия ва хокшиносӣ, декан ва ҷонишини директори (1945—54) Ин-ти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Оид ба ризодиҳии растанӣ, истифодаи нуриҳо, химияи хок ва усулҳои таҳлили агрохимикӣ корҳои тадқикоти илмӣ бурдааст. Муаллифи 150 асари илмист. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо (аз ҷумла бо медали нуқра ва 4 медали бирииҷин НКХХ СССР) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ, мукофотонида шудааст.

Ао.: Приёмы анализа полевых опытоя и лабораторных исследований некоторыми методами математической статистики. Учебное пособие, Д., 1976; Приёмы улучшения использования удобрений пропашными культурами. М., 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …