Маълумоти охирин

Архивы за день : 09.12.2017

ЛОГАРИФМи адади N

logorifma

ЛОГАРИФМи адади N аз рӯи асосии, нишондиҳандаи дараҷаи м, ки барои ҳосил кардани N адади а (асоси Логарифм)-ро т маротиба дараҷабардорӣ кардан лозим аст; ишораташ loga/V. Ҳамин тавр, агар anN бошад, т» = lo BaN аст. Мас., logfll = 0, logiolOOO — 3, log|243 * 5, зеро a0 — =» …

Муфассал »

ЛОБОДИН Иван Иванович

ЛОБОДИН Иван Иванович

ЛОБОДИН Иван Иванович (1900, деҳаи Старая Порубежкаи вилояти Саратов — 21. 10. 1941, деҳаи Копании Ростовы Дон), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1942). подполковник. Аъзои КПСС аз соли 1919- Иштирокчии муборизаи зидди босмачиён дар Тоҷикистон. Баъди хатми Курсҳои олии ҳарбӣ-сиёсии Киев (1923) ба фронти Туркистон фиристода шуд. Соли 1924 комиссари ҳарбӣ ва …

Муфассал »

БОЗИ ПАРОН

bozi-paron

БОЗИ ПАРОН, деҳа дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод. Аз Бози парон то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 42 км; роҳ автомобилгард. Ахолиаш 63 нафар (2013). Дар деҳа филиали мактаби рақами 51-и деҳаи Синҷӣ бо як дарсхона бунёд шудааст. Талабагон таҳсилро минбаъд дар мактаби деҳаи Синҷӣ идома медиҳанд. …

Муфассал »

БОЗЁФТҲОИ ҚУМРОН

bozyofti_kumron

БОЗЁФТҲОИ ҚУМРОН, Харобаҳои Қумрон, дастнависҳои қадимӣ, маснуоти кулолӣ ва сиккаҳое, ки солҳои 1947-56 аз ғорҳои Қумрон вокеъ дар якунимкилометрии шимоли ғарбии Баҳри Майит ёфт шудаанд. Дар давоми ҳафриёт аз 11 ғори наздики бошишгоҳи қадим 900 баста навиштаҷоти рӯйи пуст ва папирус, шумораи бисёри зарфҳои гилӣ, шишаӣ ва теъдоди хеле зиёди …

Муфассал »

БОЗЁФТ

bozyoft

БОЗЁФТ, дар ҳуқуқ ёфтани чизи гумшуда аз тарафи касе, ки барои ин ӯ дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мегардад. Тибқи талаботи қонун шахсе, ки ашёи гумшударо ёфтааст, уҳдадор аст шахси гумкардаи ашё ё дигар шахси ба ӯ шиносро, ки ҳуқуқи гирифтани молро доранд, огоҳ созад ва ашёро баргардонад. Агар ашё …

Муфассал »

БОЗЕ-ГАЗ

boze-gas

БОЗЕ-ГАЗ, гази Бозе, Бозе-гази идеалӣ (ба ша­рафн Ш. Бозе номида шудааст), гази шабеҳи гази идеалии классикии спинаш пурра. Бозе-газ аз бозонҳо – зарраҳое, ки байни худ таъсири мутақобила надоранд ва ба омори Бозе – Эйнштейн тобеанд, иборат мебошад. Ба ин гурӯҳи зарраҳо гази фотонӣ ва газҳои квазизарраӣ тааллуқ доранд. Ш. …

Муфассал »

БОЗЕ

bose

БОЗЕ Шатендранатҳ (1.1.1894, Калкатта – 4.2.1974, ҳамон ҷо), физик ва риёзидони ҳинд, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1958), профессор миллии Ҳиндустон (1958). Соли 1915 Ун-ти Калкаттаро хатм кардааст. Солҳои 1924— 25 дар Порис таҳти роҳбарии М Склодовская-Кюри кор кард. Профессор ун-тҳои Дакка (1926-45) ва Калкатта (1945 – 56). Бозе дар соҳаи …

Муфассал »

БОЗДОШТ

arest

БОЗДОШТ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ дастгир кардани шахс – ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардан ва ба муҳлати кутоҳ дар ҷойҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ нигоҳ доштан (аз озодӣ маҳрум сохтан)-и шахс, дар як вақт харакати тафтишотӣ ва чораи маҷбуркунии ҳуқуқи-мурофиавӣ буда, аз ҷониби таҳқиқкунанда ё муфаттиш бо мақсади дақиқ кардани …

Муфассал »

БОЗДОРӢ

bozdori-2

БОЗДОРӢ, дар физиология, фаьолияти асаб, ки ангезишро суст ё пешгирӣ мекунад. Боздориро соли 1862 физио­логи рус И. М Сеченов кашф кардааст. Вобаста ба маҳалли пайдоиш Боздорӣ канорӣ (дар мушакҳо ё аносири ғадуддор) ва Марказӣ (дар доираи силсилаи асаби марказӣ) мешавад. Боздорӣ ба воситаи моддаҳои махсуси кимиёӣ, ки нуги торҳои асаб …

Муфассал »