Патанҷалӣ (асри 2 то милод), филолог ва файласуфи Ҳинди Қадим. Асари Патанҷалӣ «Мадабдашйа» («Тафсири бузург»), ки дар тафсиру шарҳи грамматикаи Панини ва асарҳои Катиайана (аз он ҷумла «Варттика» — асарест дар танқиди китоби Панини) таълиф шудааст, яке аз манбаъҳои қадимтарин оид ба санскрит, шеваҳо ва ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоии Ҳиндӣ …
Муфассал »Архивы за день : 11.10.2017
Патакча
Патакча, номи дигари инфузорияҳо.
Муфассал »Патагония
Патагония (Patagonia), ноҳияи табииест дар Америкаи Ҷанубӣ. Дар ҷануби Аргентина, ҷанубтари дарёҳои Рио- Колорадо, Рио-Негро ва шарқтар аз кӯҳҳои Анд воқеъ гаштааст. Релефи Пасха асосан пуштакӯҳи зинашакл буда, аз соҳили уқёнуси Атлантик рӯ ба тарафи Fарб. то 2200 метр баланд шуда меравад. Пастиҳо фақат дар қисми шимоли шарқӣ ва ҷануби …
Муфассал »Пасха
Пасха (ҷазираи Пасха), Рапан у и (полинезӣ Rapa Nui; испанӣ Раscua, англисӣ Easter Island), ҷазираи вулқонӣ дар қисми шарқии уқёнуси Ором. Аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи Чили. Масоҳат 165,5 километр. Аҳолиаш қариб 2 ҳазор нафар (1972). Кариб 40%-аш аҳолии тагҷоӣ — полинезиҳо. Маркази маъмуриаш — посёлкаи Ханга-Роа. Ҷазира шакли сегӯшаеро дорад, …
Муфассал »Пастӣ
Пастӣ, қитъаи заминест, ки дар баландии то 200 метр аз сатҳи уқёнус воқеъ гаштааст. Сатҳаш одатан ҳамвор, баъзан теппадор мешавад. Пастӣ бештар дар натиҷаи фурӯравиҳои тектоникӣ ва бо тахнишастҳои баҳрӣ е континентӣ (аксар дарёӣ) пур шудани пастхамӣ ба вуҷуд меояд Пастиҳое низ хастанд, ки аз сатҳи уқёнус поёнтаранд (масалан, Пастии …
Муфассал »Деҳаи Пастхӯф
Пастхӯф, деҳа, маркази Совети қишлоқи Пастхуфи pайони Рушони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Рушон». Дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар сари роҳи Хоруғ — Рушон воқеъ гаштааст. Аз Пастхӯф то маркази район 14 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 660 нафар. (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, шуъбаи алоқа, …
Муфассал »Пастхамӣ
Пастхамӣ, чуқурии рӯи заминро гӯянд, ки атрофаш тамоман ё қисман бастааст. Бараш одатан ба даҳҳо, садҳо ва баъзан ҳазорҳо килоиетр мерасад (масалан, Пастхамиҳои Тарим, Сариқамиш, Фарғона ва ғайра). Пастхамӣ бештар дар натичаи ҳаракатҳои тектоникӣ пайдо мешавад. Одатан қаъри Пастхамиҳои тектоникӣ аз ҷинсҳои терригению вулқоногенӣ таркиб ёфтаанд. Дар ҷойҳои камҳаракати қишри …
Муфассал »Пастхамии Кумаю Манич
Пастхамии Кумаю Манич, пастии тулонии новамонандест, ки Кавкази Пешро аз ҳамвории Европаи Шарқӣ ҷудо мекунад. Пайдоишаш тектоникист. Бараш 20—30 километр; дар қисми марказӣ то 1—2 километр. Пастхамӣ дар давраи антропоген гулӯгоҳе буда, баҳрҳои Каспий ва Сиёҳро бо ҳам мепайвастааст. Ҳоло ин ҷойро силсилаи пулу обанборҳо фаро гирифта аст: кӯли Манич-Гудило …
Муфассал »Деҳаи Пастиғав
Пастиғав, деҳаест дар Совети қишлоқи Лангари pайони Мастчоҳ вилояти Ленинобод. Территорияи Иттиҳодияи гӯсфандпарварии район. Аз Пастиғав то маркази Совети қишлоқ 55 километр, то маркази район 320 километр. Аҳолиаш 390 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — чорводорӣ, ғаллакорй, боғдорӣ ва обчакорӣ. Заминҳо аз дарёчаҳои …
Муфассал »Пастии ҷануби Каспий
Пастии ҷануби Каспий, пастиест дар шимоли Эрон, дар назди со- ҳилҳои ҷанубии баҳри Каспий. Тулаш 525 километр, бараш 2—6 километр, дар делтаи дарёҳои Сафедрӯд ва ғайра то 40 километр. Иқлимаш субтропикӣ, боришоти солона беш аз 1000 миллиметр. Ҷо-ҷо бешаҳои булут, момроз ва роздор воқеъ гаштаанд, ки пур аз буттазор ва …
Муфассал »