Маълумоти охирин

Архивы за день : 26.10.2017

Пехол

pexol

Пехол, саргини парранда, поруи органикии пурқувват. Дар таркиби он бисёр моддаҳои ғизоии барои нумуи растанӣ зарур мавҷуд аст.

Муфассал »

Печак

pechak

Печак 1) а ш а қ а, л а б л о б, к ӯ й печек (Соnvolvulus arvensis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи печакиҳо. Пояаш пе­чанда буда, дарозиаш аз 20 см то 2 м аст. Баргаш думчадор, байзашакли эллипсӣ, сегушаи дарозрӯя ва аз тарафи думчааш пайконшакл; гулаш пайвастабарги дифшакл, гӯлобӣ, …

Муфассал »

Печ

pech

Печ (Рecs), шаҳрест дар Венгрия, дар назди доманаи ҷанубии кӯҳҳои Мечек. Маркази маъмурии медёи Бараня. Аҳолиаш 163 ҳазор нафар (1976). Узели муҳимми нақлиёт ва маркази саноат. Дар наздикии Печ ангишт истихроҷ мекунанд, стансияи элект­рии олавӣ сохта шудааст. Корхонаҳои мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ (пиво, вино ва ғайра), фабрикаҳои чарм ва тамоку, заводи …

Муфассал »

Пётти Уилям

petti-uiliyam

Пётти (Реtty) Уилям (26. 5. 1623, Рамси, Хэмпшир—16. 12. 1687, Лон­дон), иқтисодчии англис, асосгузори иқтисоди сиёсии классикии буржуазӣ. Дар университетҳои Лейден, Париж ва Оксфорд маълумоти тиббӣ гирифтааст. Қобилияти дониши ҳаматарафа дошт: соли 1647 мошини нусхабардорро ихтироъ кард, 1649 доктори физика, 1651 профессори анатомия ва мусиқӣ гардид. Пётти заминдори калон ва …

Муфассал »

Петрянов—Соколов Игор

petryanov-sokolov-igor

Петрянов—Соколов Игор Ва­силевич (таваллудаш 18. 6.1907, деҳаи Бол­шая Якшени ҳозира вилояти Горкий), физику химики советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Баъди хатми Университети давлатии Москва (1930) дар Институти физикаю химияи ба номи Л. Я. Кар­лов (аз соли 1908 мудири шӯъба) кор мекунад; дар як …

Муфассал »

Петрушёвский Иля Павлович

Петрушёвский Иля Павлович (22. 6. 1898, Киев—1977, Ленинград), шарқшиноси советӣ, мутахассиси таърихи асрҳои миёна ва нави Эрон, Закавказия ва Осиёи Миёна, доктори илми таърих (1941), профессори (1947). Соли 1926 факултетҳои таъриху филологияи университетҳои Харков ва Бокуро хатм намуда, дар Боку (1926—1931), Тбилиси (1931—1936) ва Ленинград (аз соли 1936) кор кардааст. …

Муфассал »

Петрушёвский Дмитрий Моисе­евич

petrushevskiy-dmitriy-moiseevich

Петрушёвский Дмитрий Моисе­евич (13. 9. 1863, деҳаи Кобриновои губ. Киев, ҳозира вилояти Черкас —12. 12. 1942, Қазон), муаррих-медиевисти рус (муҳаққиқи таърихи асрҳои миёнаи Европаи Ғарбӣ), акад. АФ ООСР (1929; аъзо-  корр. 1924), профессори хизматнишондода (1925). Соли 1886 Университети Киевро хатм намудааст. Дар Москва, Варшава, Петербург, Иваново ба муаллимӣ машғул буд. …

Муфассал »

Петрохимия

petroximiya

Петрохимия, як фасли петрографияро гӯянд, ки тарзи тақсимшавии элементҳои химиявиро дар таркиби Ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ ва минерал­ҳои ҷинсофарин меомӯзад. Мафҳуми «Петрохимия»-ро соли 1944 олими советӣ А. П. Заваритский дар илм ҷорӣ кардааст. Петрохимия ҳамчун соҳаи мустақил дар заминаи илмҳои петрография ва хи­мия ба вуҷуд омадааст. Мавзӯи тадқиқи Петрохимия таркиби химиявии …

Муфассал »

Петрофизика

Петрофизика (аз юн. реtros — санг ва …физика), як соҳаи илми геология, ки хосиятщои физикии ҷинсҳои кӯҳиро дар алоқамандӣ бо таркиби минералӣ, структура ва таърихи пайдоиши онҳо тадқиқ мекунад. Мафҳуми «Петрофизика»-ро бори аввал геофизики РДГ Ф. Фрёлих дар илм ҷорӣ кардааст (1953). Петрофизика хосияти ҷинсҳои кӯҳиро бевосита дар саҳро бо …

Муфассал »

Петросян Тигран Вартанович

petrosyan-tigran-vartanovich

Петросян Тигран Вартанович (таваллудаш 17. 6. 1929, Тбилиси), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери СССР ва байналхалқӣ (1952), Устоди Хизматнишондодаи Спорт (1960), журна­лист, номзади илми фалсафа (1968), Чемпиони СССР (1959, 1961, 1969, 1975), ҷаҳон (1963—1966, баъди ғалаба бар М. М. Ботвинник ва 1966—1969, баъди ғалаба бар Б. В. Спасский). Дар ҳайати командаи яккачини …

Муфассал »