Пастхамии Кумаю Манич, пастии тулонии новамонандест, ки Кавкази Пешро аз ҳамвории Европаи Шарқӣ ҷудо мекунад. Пайдоишаш тектоникист. Бараш 20—30 километр; дар қисми марказӣ то 1—2 километр. Пастхамӣ дар давраи антропоген гулӯгоҳе буда, баҳрҳои Каспий ва Сиёҳро бо ҳам мепайвастааст. Ҳоло ин ҷойро силсилаи пулу обанборҳо фаро гирифта аст: кӯли Манич-Гудило (кӯли аз ҳама калонтарин ва обаш шӯр) ва ғайра, обанбори Веселовский, ки дарёи Манич аз он ибтидо гирифта ба дарёи Дон мерезад.
Шарқтар, дар ҷои маҷрои хушкидаистодаи Маничи Шарқӣ, канали Кумаю Манич сохта шудааст. Интиҳои шарқии пастхамӣ поёноби дарёи Кума мебошад. Сарҳади шартии байни Европа ва Осиёро одатан аз Пастхамии Кумаю Манич мегузаронанд.