Маълумоти охирин

Архивы за день : 14.08.2017

Осир

Осир (ap.     фишоранда), давоеро гӯянд, ки ба сабаби шиддати қуввати қабзкунандагӣ ва ҷамъкунандагии худ қисмҳои узвро мефишорад то он ки моддаи бетона ва рутубати рақиқаро, ки дар миёни онҳост, фишурда ҷудо гардонад ва аз ҳар роҳе, ки бошад, барорад. Ин даворо ба рӯи узв мемоланд ва қам мехӯранд.

Муфассал »

Осимов Муҳаммад

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович, тахаллусаш Осимӣ (таваллудаш 1.9.1920, Хуҷанд, ҳозира Ленинобод), файласуфи совети то­ҷик, доктори илми фалсафа (1971), профессори (1971), аъзо-корр. АФ СССР (1974), акад. АФ РСС Тоҷ. (1965), Ходими Хизматнишондодаи Илми РОС Тоҷ. (1078). Аъзои КПСС азс. 1945. С-ҳои 1934— 37 дар рабфаки ш. Ленинобод таҳсил карда, 1941 шӯъбаи физикаю …

Муфассал »

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1905), шоири тоҷик. О. аз оилаи сарватманд буда, дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мондааст. Дар Мадраса таҳсил кардааст. О. аз шарикдарсони устод Айнӣ буд. Ҳангоми таҳсил дар Мад­раса машқи шеър кардааст. Дар шеър таълими Мулло Холӣ ном шоири ӯротеппагиро гирифтааст. Аммо …

Муфассал »

Осиёи Ҷанубӣ

osiyoyi-janubi

Осиёи Ҷанубӣ, ноҳияи табииест дар Осиё, ки нимҷазираҳои Ҳиндустон ва Ҳиндухитой, кӯҳҳои Ҳимолой, ҳамвории Ҳинду Ганг, галаҷазираи Малай, инчунин ҷаз-ҳои вулқонӣ ва марҷонии қисми шарқии уқ. Ҳиндро дар бар мегирад. Аз Ш. ба Ғ. ба масофа» 725Q км тӯл кашидааст. Масоҳ. знёда аэ 8 млн км2. Сохтп геологи ва рельефи …

Муфассал »

Осиёи Ғарбӣ

osiyoyi-garbi

Осиёи Ғарбӣ, Осиёи Пеш, як қисми Осиёст, ки нимҷаз-ҳои Осиёи Хурд, Арабистон, гарданаи Кавказ, кӯҳсорони Арман ва Эрон, пастии Байнаннаҳрайн ва ноҳияҳои ҳамшафати соҳилҳои шарқии баҳри Миёназамин (мамлакатҳои Левант)-ро дар бар мегирад. Масоҳаташ қариб 7,5 миллион километр2. Дар территорияи Осиёи Ғарбӣ Кавказ ва Копетдоғ (СССР), Қисми осиёгии Туркия, Ироқ, Эрон, …

Муфассал »

Осиёи Шимолӣ

osiyoyi-shimoli

Осиёи Шимолӣ, як қисми Осиёест, ки асосан дар СССР, дар байни уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ  қисми шимолии Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ, Урал ва Осиёи Шарқӣ воқеъ гаштааст. Ба Осиёи Шарқии иқлими континентии қаҳратун, яхбандии доимӣ, муддати дароз (то 7-10 моҳ) об нашудани барф, мавҷудияти бешазори тайга (дар Шимоли— тундра, дар Ҷануби …

Муфассал »

Осиёи Шарқӣ

osiyoyi-sharki

Осиёи Шарқӣ, як қисми Осиё. ки дар арзҳои тропикӣ, субтропикӣ ва мӯътадил (аз 18° то 60° а. ш.) ба уқёнуси Ором ҳамшафат аст. Ба территорияи Осиёи Шарқӣ ноҳияҳои шарқии Қисми осиёгии СССР, қисми Хитой (ноҳияҳои шимоли шарқӣ ва шарқӣ), Республикаи Халқии Демократии Корея ва Кореяи Ҷанубӣ, Япония дохил мешававд. Релефи …

Муфассал »

Осиёи хурд

osiyoyi-xurd

Осиёи хурд, нимҷазираест дар ғарби Осиё, ки қисми зиёди онро Тур- кияи ҳозираишғол кардааст. Осиёи Xурдро баҳрҳои Сиёҳ, Мармар, Эгей ва Миё- назамин иҳота кардаанд. Зиёда аз 1000 километр дарозӣ ва 400—600 километр бар дорад. Тарҳи соҳилҳои шимол ва ҷануб бештар рост буда, соҳилҳои ғарбӣ бо халиҷҳои бисёре бурида шудаанд. …

Муфассал »

Осиёи Миёна

Осиёи миёна

Осиёи Миёна 1) қисми осиёии территория, ки аз баҳри Каспий дар Fарб то сарҳади Хитой дар Шарқ ва аз бахштоҳи Аралу Иртиш дар Шимол то сарҳади Эрону Афғонистон дар Ҷануб тӯл кашидааст. То тақсимоти миллию давлатӣ (1924—25) Осиёи Миёнаро Мовароуннаҳр меномиданд, сонӣ Осиёи Миёна меномидагӣ шуданд (Дар муқобили Осиёи Марказӣ). …

Муфассал »