Осиёи Шарқӣ, як қисми Осиё. ки дар арзҳои тропикӣ, субтропикӣ ва мӯътадил (аз 18° то 60° а. ш.) ба уқёнуси Ором ҳамшафат аст. Ба территорияи Осиёи Шарқӣ ноҳияҳои шарқии Қисми осиёгии СССР, қисми Хитой (ноҳияҳои шимоли шарқӣ ва шарқӣ), Республикаи Халқии Демократии Корея ва Кореяи Ҷанубӣ, Япония дохил мешававд.
Релефи ин ҷойҳоро асосан кӯҳҳо ва ҳамвориҳои калони аккумулятивӣ ташкил медиҳанд. Иқлим муссонӣ Территорияи Осиёи Шарқиро аз Ҷануб ба Шимол аввал бешаҳои тропикию субтропикии муссонӣ ва баъд бешаҳои паҳнбаргу омехтаи баргрез фаро гирифтаанд.