Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ

Осим Ҳоҷииброҳими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1905), шоири тоҷик. О. аз оилаи сарватманд буда, дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мондааст. Дар Мадраса таҳсил кардааст. О. аз шарикдарсони устод Айнӣ буд. Ҳангоми таҳсил дар Мад­раса машқи шеър кардааст. Дар шеър таълими Мулло Холӣ ном шоири ӯротеппагиро гирифтааст. Аммо чунон ки С. Айнӣ қайд мекунад, «дараҷаи устод ва шогирд баробар буд».

Ҳарчанд О. дар шеър камиқтидор буд, аммо тазкиранависон ашъори ӯро таърифу тавсифи зиёд кардаанд. Чунончи, Афзал-махдуми Пирмастӣ менависад, ки «баҳори афкораш басе тароватнасим аст ва гулзори анзораш бисёрҳо латофатшамим аст». Дар тазкираи Ҳоҷи Неъматуллоҳи Мӯҳтарам О. ба сифатҳои «табъаш шӯрангез… шеъраш диловезу килкаш шакаррез» зикр шудааст. Девони мукаммали О. дастрас нашудааст. Он чи аз ӯ дар баё тазкираҳо дард шудааст, асосан мазмуни ишқӣ дорад. Дар ашъораш калимаҳои ҷиносӣ ва та каллуфот бисёр ба кор бурдааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …