Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 38)

Теги: шоир

Абдурраҳмони Муҳманд

Абдурраҳмони Муҳманд (номи дигараш Раҳмон Бобо; 1632, деҳаи Баҳодури назди шаҳри Пешовар – 1706, ҳамон ҷо), шоири афғон. Ба забони пашту менавишт. Осораш дар девоне фароҳам омадаанд, ки дар Лоҳур (1876) ва Кобул (1949) ба табъ расидааст. Мавзӯъҳои ашъораш ишқ, панду андарз, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, даъват ба ваҳдати миллӣ ва ғайра …

Муфассал »

Абдурраҳими Xоразмӣ

Абдурраҳими Xоразмӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва шоири форс-тоҷик (асри 16). Писари Абдурраҳмони Хоразмӣ. Дар бораи зиндагии Абдурраҳими Xоразмӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Вай асосан дар Шероз ва Табрез зиндагӣ кардааст. Ҳунари хаттотиро дар овони бачагиаш аз па- дараш омӯхтааст. Фаъолияти хушнависии Абдурраҳими Xоразмӣ асосан ба солҳои …

Муфассал »

Абдурраҳими Низорӣ

Абдурраҳими Низорӣ (1770, Қошғар – 1848, Турфон), шоир ва хаттоти уйғур. Дар дарбори ҳокими Қошгар Зуҳуриддинбек котибӣ кардааст. Барои мактабу мадрасаҳои уйғурӣ дар асоси асарҳои Ҳофиз ва Навоӣ дастурҳои таълимӣ тартиб додааст: «Хоҷа Ҳофиз», «Навоӣ» (1805). Дар адабиёти уйғур нахустин бор 9 достони машҳури адабиёти классикии форс-тоҷик («Фарҳод ва Ши­рин», …

Муфассал »

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ

Абдурраҳимӣ Кӯлобӣ Шоҳ Абдурраҳим ибни Сайид Мирзо Му- ҳаммади Кӯлобӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1870), шоири тоҷик. Бо тахаллусҳои Раҳим, Раҳимӣ, Абдурраҳим ва Абдурраҳимӣ эҷод кардааст. Таҳсили улуми мутадовилаи даврашро дар зодгоҳаш – Кӯлоб оғоз карда, сипас барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Аз баъзе шеърҳои Абдурраҳими Кӯлобӣ бармеояд, …

Муфассал »

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ (1831/1832, Ургут – 1912, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқхони Дарахтӣ, Сиддиқхони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷабборро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе …

Муфассал »

Абдуллатифи Балхӣ

Абдуллатифи Балхӣ (соли таваллуд ва вафоташ  номаълум), шоири тоҷик (асри 10). Бино ба маълумоти тазкиранависон, дар ашъори ӯ эҷодиёти даҳанакии халқ ва забони гуфтугӯй таъсири зиёд дорад. Аз мероси адабии Абдуллатифи Балхӣ достони «Иброҳими Адҳам» боқӣ мондааст, ки дар он қиссаю ривоят ва каромату хориқулодоти яке аз намояндагони бузурги тасаввуфи …

Муфассал »

МУТАҲҲАРИ КУРА Саид

person

МУТАҲҲАРИ КУРА Саид (1317—1392), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз мардуми шаҳри Кураи шимолии Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм ба шаҳри Гуҷарот ва баъд-тар ба Деҳлӣ рафта, чанде дар он ҷойҳо зиндагӣ кардааст. Ӯ аз муридони Авҳадии маъруф ба Чароғи Деҳлӣ (вафот 1358, орифи машҳури замонааш) буд. Аз Мутаҳҳари Кура дар ҳаҷми …

Муфассал »

МУМТОЗ Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид

person

МУМТОЗ  Муҳаммадобид ибни Муҳаммадаобид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва хаттоти асри 17 тоҷик. Аз оилаи ҳунарманд. Дар Самарқанд касби камол карда, дар шеъру шоирӣ шогирди Бадеи Ҷа- молистонӣ (Самарқандӣ) будааст. Ба таъкиди Тоҳири Насрободӣ дар фанни шеър аз устодаш бештар шӯҳрат доштааст. Мумтоз мувофиқи маълумоти Малеҳо шоири соҳибдевон …

Муфассал »