Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 24)

Теги: Тиб

МИКРОСПОРИЯ

mikrosporiya

МИКРОСПОРИЯ (аз микро… ва юн. sporа — тухм, кишт), касалии занбурӯғии одам ва ҳайвонотро гӯянд, ки ба гурӯҳи трихомикозҳо (ниг. Дерматомикоазҳо) мансуб буда, онро асосан микроспорони занга ва микроспорони пашмак ба вуҷуд меоранд. Микроспорияи одам. Ба шахси солим аз ҳайвон ё одами касал мегузарад. Асосан бачагон гирифтор мешаванд. Қисми мӯйдори …

Муфассал »

МИКОЗҲО

mikoz

МИКОЗҲО (юн. mykea — занбурӯғ), як навъ касалии одам ва ҳайвон аст, ки занбурӯғҳои паразит ба вуҷуд меоранд. Бепггар пӯсти одам ҷароҳат мебинад (дерматомикозщо). Одамон ба баъзе навъҳои Микозҳо аз якдигар ба воситаи асбобу анҷомҳои рӯзгор, сарулибос ва инчунин аз ҳайвонот сироят меёбанд. Микозҳоро вобаста аз осеббинии ин ё он …

Муфассал »

МИЗОҶ

mizoch

МИЗОҶ (ар. Л — сиришт, ниҳод, табиат, хулқ) — хусусияти ботинии табиии одам, мувофиқи назарияи тибби қадим ва тибби халқии як қатор мамлакатҳои Шарқ сиришт ва табиати инсон аст, кайфиятест, ки аз омезиши чор унсур (ё аносири арбаа): оташ, бод, хок ва об ба ҳам мерасад. Мизоҷ дар асоси иртибот …

Муфассал »

МИЕЛИТ

mielit

МИЕЛИТ (аз юн. myelos — ҳароммағз), илтиҳоби ҳароммағз. Меилит ду хел мешавад: Меилити аввалӣ ва сонӣ. Меилити аввалиро вирусҳои гуногуни нейротропӣ ба вуҷуд меоранд; Меилити сонӣ аз процессҳои сироятию аллергӣ, ҷароҳат ва ғ. cap мезанад. Ҳангоми Меилит аксар пардаҳои ҳароммағз ва решачаҳои асаб зарар мебинанд. Меилити аввалӣ хеле тез инкишоф …

Муфассал »

МИАСТЕНИЯ

miasteniya

МИАСТЕНИЯ (аз юн. mys, myos— мушак ва astheneia — камқувватӣ, бемадорӣ), фалаҷи астении булбарӣ, бемории Эрб-Гольдфлам, бемории асабу му­шак. Аломати асосии он зуд хасташавии мушакҳои кундаланграх мебошад. Беморӣ одатан дар синни 20—40-солагӣ cap мешавад. Ба Миастения бештар занҳо гирифтор мешаванд. Аз Миастения асосан мушакҳои пилки чашм ва мушакҳои жовиш зарар …

Муфассал »

МЕЪДА

meda

МЕЪДА, қисми васеи наи ҳозима, ки дар он хӯрок ҳазм мешавад. Меъдаи ҳайвонот ду хел аст: Меъдаи ғадудӣ ё ҳозима ва Меъдаи мушакӣ ё жованда. Меъдаи ғадудӣ дар деворааш ғадудҳои ҳозима дорад. Девораи Меъдаи мушакиро кутикула фаро гирифтааст. Меъдаи як қатор ҳайвонҳои бемӯҳра (баъзе рудаковокҳо, паҳнкирмҳо, ҳалқакирмҳо ва ғ.) ба …

Муфассал »

МЕТРИТ

metrit

МЕТРИТ (аз юн. metra — бачадон), илтиҳоби қабатҳои пай ва луобии бачадон. М. дар натиҷаи ба ковокии бачадон ворид шудани сироят (пеш аз ҳама стрептококкҳо ва стафилококкҳо), баъд аз исқот, боди тавлид, баъзан чун боди бемориҳои шадид (сил, ангина ва ғ.) рӯй медиҳад. Ҳангоми Метрити шадид ҳарорати бадан баланд шуда, …

Муфассал »

МЕЗЕНХИМА

mezenhima

МЕЗЕНХИМА (аз юн. mesos — ми­ёна ва enchyma — пур кардашуда; дар ин ҷо бофта), бофтаи пайвасткунандаи ҷанини мавҷудоти бисьёрҳуҷайра ва одам. Мезенхимае, ки аз энто­дерма ва мезодерма пайдо мешавад, энтомезенхима ва Мезенхимае, ки аз эктодерма пайдо мешавад, эктомезенхима ном дорад. Аз энтомезенхима бофтаҳои пайвасткунандаи гуногун, рагҳои хун, мушакҳои суфта …

Муфассал »

МОРФОЛОГИЯИ ОДАМ

morfologiyai-odam

МОРФОЛОГИЯИ ОДАМ, 1) таълимотест дар бораи сохти бадани одам дар ҷараёни инкишоф ва фаъолия­ти ҳаёти он; анатомия, эмбриология ва гистологияи одамро дар бар мегирад. 2) Як фасли антропология аст, ки хусусиятҳои аъзои бадани одамро вобаста ба ҷинсу син, нажоду ҷои истиқомат, қаду баст ва касбу кор меомӯзад. Методҳои тадқиқоти морфологӣ …

Муфассал »

МОРФИН

morfin

МОРФИН, алкалоид, воситаи табобатӣ аз гурӯҳи доруҳои рафъкунандаи дард. Дар амалияи тиб асосан гидрохлориди он чун воситаи табобатӣ (бо тавсияи духтур) ҳангоми ҷароҳат ва бемориҳои гуногуне, ки дардашон бисьёр сахт аст, инчунин барои ба ҷарроҳӣ тайёр намудани беморон ва баъди ҷарроҳӣ, баъзан дар вақти танг шудани нафас истифода мешавад. Ҳангоми …

Муфассал »