Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКОЗҲО

МИКОЗҲО

mikozМИКОЗҲО (юн. mykea — занбурӯғ), як навъ касалии одам ва ҳайвон аст, ки занбурӯғҳои паразит ба вуҷуд меоранд. Бепггар пӯсти одам ҷароҳат мебинад (дерматомикозщо). Одамон ба баъзе навъҳои Микозҳо аз якдигар ба воситаи асбобу анҷомҳои рӯзгор, сарулибос ва инчунин аз ҳайвонот сироят меёбанд. Микозҳоро вобаста аз осеббинии ин ё он узв ва бофтаҳо ба навъҳои зерин ҷудо ме­кунанд: Микозҳое, ки аз онҳо эпидермис, мӯю нохун (трихофития, микроспо­рия, калй). эпидермис ва нохун (эпидермофития, кандидоз) ва узвҳои дарунӣ (актиномикоз, кокцидиоидомикоз, бластомикоз ва ғ.) ҷаро­ҳат мебинанд. Инкишофи Микозҳои одам ба сироятнокии занбурӯғ, қобилияти муҳофизии организму узви осебдида, таъсири муҳити беруна вобаста аст.

Микозҳои ҳайвонот. Аз Микозҳо ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ҳайвоноти мӯҳрадор, дарранда, хоянда, занбӯр ва моҳӣ сиро­ят меёбанд. Ангезандаи Микозҳо ба орга­низм дохил шуда, процессҳои махсуси патологиро ба вуҷуд меоранд. Микозҳос., дар пӯст трихофития, микрос­пория, фавус ва ғ., дар узвҳои дохи­лӣ лимфангит, споротрихоз, стрептотрихоз, кокцидиондомикоз, криптококкоз ва ғ. Микозҳои пӯст дар тамоми дуньё ва висцералӣ (узвҳои дохи­лӣ) бешгар дар мамлакатҳои Аме­рика, Европа ва Осиё паҳн гаштааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …