Маълумоти охирин
Главная / Теги: Тиб (страница 22)

Теги: Тиб

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА

sys-hozima

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА, дастгоҳи ҳозима, маҷмӯи узвҳои ҳазму гувориши ғизо дар организми ҳайвон ва одам. Системаи ҳозима ҳуҷайра ва бофтаҳои дар организм муттасил вайроншавандаро бо энергияю моддаҳои зарурӣ таъмин намуда, барои барқарор шудани онҳо мусоидат мекунад. Системаи ҳозимаи аксари ҳайвон аз найчае иборат аст, ки ду сӯрохӣ дорад, яке даҳон (барои …

Муфассал »

Аборт

isqot

Аборт кардан – нигаред калимаи “Исқот”. Калимаи Аборт ба забони тоҷикӣ чи хел тарҷума мешавад?  

Муфассал »

СИСТЕМАИ АСАБИ МАРКАЗӢ

СИСТЕМАИ АСАБИ МАРКАЗӢ, асабияи марказӣ, қисми асосии системаи асаби ҳайвонот ва одамро гӯянд, ки аз ҷамъи ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо) ва шохаҳои онҳо иборат аст; дар ҳайвоноти бемӯҳра аз системаи байни ҳамдигар зич алоқаманди уқдаҳои асабӣ (ганглияҳо) ва дар ҳайвоноти мӯҳрадору одам аа ҳароммағз ва мағзи сар иборат аст. Вазифаи махсус …

Муфассал »

СИСТЕМАИ АСАБИ ВЕГЕТАТИВӢ

СИСТЕМАИ АСАБИ ВЕГЕТАТИВӢ як қисми системаи асаби ҳайвоноти мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки фаъолияти узвҳои дохилӣ, системаҳо (гардиши хун, нафаскашӣ, ҳозима, ихроҷ ва ғайра), мубодилаи моддаҳо ва ҳолати фуиксионалии (ҳаяҷонпазирӣ, қобилияти кор ва ғайра) ҳамаи бофтаҳои организмро танзим мекунад. Истилоҳи «Системаи асаби вегетативӣ»-ро биологи франсавӣ М. Биш ҷорӣ намудааст (1800). …

Муфассал »

СИПУРЗ

  СИПУРЗ,       сулурз, испурч, тиҳол, узви ҳайвонҳои мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки андаруни шикам ҷойгир шудааст. Сипурз узвест, ки дар просессҳои хунҳосилшавӣ, вайрон ва тақсимшавии хун, мубодилаи моддаҳо ва реаксияҳои муҳофизавии организм иштирок мекунад. Сипурзи ҳайвонот. Сипурз дар ҳамаи ҳайвонҳои мӯҳрадор мавҷуд аст. Дар гирддаҳонҳо ва баъзе моҳиҳо дар девораи …

Муфассал »

СИНДЕСМОЛОГИЯ

СИНДЕСМОЛОГИЯ (аз юнонӣ syndesmos —пайвандак, рибот ва …логия), пайвандакшиносӣ, риботомӯзӣ, як фасли анатомияро гӯянд, ки пайванди устухонҳо, банду буғум ва рагу пайро меомӯзад. Синдесмология ду қисмат дорад: Синдесмологияи куллӣ ва Синдесмологияи ҷузъи. Синдесмолигияи куллӣ пайванди байни устухонҳо ва Синдесмолигияи ҷузъӣ хусусияти ҳар як банду буғумро меомузад. Синдесмология сохти банду буғумро …

Муфассал »

СИМОХ

СИМОХ (арабӣ—сӯрохи гӯш, садогузари берунии гӯш) дар тибби қадим истилоҳест, ки сӯрохи гӯшро ифода мекунад.

Муфассал »

СИЛИКОЗ

СИЛИКОЗ (аз лотинӣ silex —чақмоқсанг), бемории вазнинест, ки дар натиҷаи дуру дароз нафас кашидани чанги дар таркибаш оксиди силисий (IV)-дошта ба вуҷуд меояд. Силикоз аз қабили бемориҳои касбӣ буда, ба он бештар коргарони саноатҳои маъдани кӯҳӣ, чинию фаянс, металлургӣ, мошинсозӣ гирифтор мешаванд. Силикоз ба гурӯҳи пневмокониозҳо (ғуборнокии шуш) мансуб аст. …

Муфассал »