Маълумоти охирин

СИПУРЗ

 

СИПУРЗ,       сулурз, испурч, тиҳол, узви ҳайвонҳои мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки андаруни шикам ҷойгир шудааст. Сипурз узвест, ки дар просессҳои хунҳосилшавӣ, вайрон ва тақсимшавии хун, мубодилаи моддаҳо ва реаксияҳои муҳофизавии организм иштирок мекунад.

Сипурзи ҳайвонот. Сипурз дар ҳамаи ҳайвонҳои мӯҳрадор мавҷуд аст. Дар гирддаҳонҳо ва баъзе моҳиҳо дар девораи рӯдаю меъда тӯдаи бофтаи липоидӣ мавҷуд аст, ки вазифаи Сипурзро иҷро мекунад. Дар ҳайвонҳои мӯҳрадори боқимонда Сипурз аз девораи нои рӯда ҷудо буда, дар масориқаи пушти рӯда, меъда ё ибтидои рӯдаи мустақим ҷойгир шудааст. Дар хазандаҳо (ба ғайр аз гаттерияҳо) ва паррандаҳо андозаи Сипурз хеле хурд мебошад.

Сипурзи одам дар зери қабурғаҳои чап рӯ ба рӯи қабурғаҳои 9—11 ҷой гирифтааст. Дарозии он одатан 12 см, бараш 7—8 см ва ғафсиаш 4см буда, массааш 150—200 г мешавад. Вале андоза ва массаи он доимӣ набуда, вобаста ба ҳолати физиологӣ тағйир ёфта меистад. Масалан, дар ҳолати оромӣ вай васеъ буда, ҳангоми бисёр талаф додани хун ҳаҷмаш хурд мешавад. Сипурз филтри биологии хун мебошад. Вай вазифаи иммунобиологиро низ адо мекунад.

Як қатор бемориҳои Сипурз маълуманд, ки асосан ба хеле калоншавии он вобастаанд (нигаред Спленомегалия). Масалан, бемориҳои ибтидоии Сипурз (омосҳо, киста, ҷароҳатҳо), иллатёбии Сипурз ҳангоми бемориҳои хун (лейкозҳо, лимфогрануломатоз, эритремия ва ғайра) ва сироятӣ (вараҷа, сил, сифилис ва ғ)айра. Дар мавриди баъзе бемориҳо Сипурзро бурида мепартоянд, ки ин ба фаъолияти организм чандон зарба намерасонад. Дар ин ҳол вазифаи Сипурзро узвҳои дигар иҷро мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …