ЭПИДЕРМОФИТИЯ (аз юн. epi — дар, derma — пуст ва юн. phyton -г-растанӣ), як навъ бемории пустро гуянд, ки занбуруғҳои паразитӣ ба вуҷуд меоранд. Одам аз Э. ҳангоми бо шахси бемор дар тамос будан ё аз сачоқ, ванна, пойафзоли умумӣ, либоси дуруст ношуста истифода бурдан сироят меёбад. Бештар Э.-и панҷаи …
Муфассал »ЭПИДЕМИЯ
ЭПИДЕМИЯ (юн. epidemia, аз epi —дар, дар байни ва demos — халқ), дар маҳалли муайян аз меъёри маъмулӣ зиёд паҳн шудани ягон бемории сироятии одамро гуянд. Риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ, мавҷудияти барангезандаю паҳнкунандаҳои беморӣ, суст будани кори ташкилотҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ғ. боиси пайдоиши Э. мегарданд. Э. ва роҳҳои мубориза …
Муфассал »ЭПИДЕМИОЛОГИЯ
ЭПИДЕМИОЛОГИЯ (аз эпидемия ва …логия), як соҳаи тибро гуянд, ки сабабу қонунияти пайдоиш, дар байни одамон паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ ва муборизаи зидди онҳоро меомузад. Бемориҳои сироятӣ боиси марги миллионҳо одамон мегаштанд. Истилоҳи Э. барои бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу рагҳо, асаб, руҳӣ ва ғ. низ истифода мешавад.
Муфассал »ЭНЦЕФАЛИТҲО
ЭНЦЕФАЛИТҲО (аз юн. enkepfaa-los—мағзи cap, майна), як гуруҳ бемориҳои илтиҳобии мағзи сари одаму ҳайвонро гуянд. Барангезандаи Э. вирус, бактерия, соддатаринҳо ва дш. микроорганизмҳои касалиовар мебошанд. Баланд шудани ҳарор. бадан, дарди cap, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, баъзан ихтилоли идрок, ташаннуҷ ва диг. аломатҳои неврологӣ зуҳуроти Э. мебошанд.
Муфассал »ЭНТЕРОКОЛИТ
ЭНТЕРОКОЛИТ (аз юн. enteron — руда ва колит), дар як вақт газак гирифтани рудаи борику ғафсро гуянд.
Муфассал »ЭНТЕРИТ
ЭНТЕРИТ (аз юн. enteron — руда), илтиҳоби рудаи борикро гуянд, ки дар натиҷаи аз хурок заҳролудшавӣ, сироят ва ғ. ба вуҷуд меояд. Бештар илтиҳоби тамоми рудаи борик якҷоя бо гастрит ва колит (гастроэнтероколит, энтероколит) мушоҳда мешавад. Садои шикам, дарди гирди ноф, дилбеҳузурӣ, беқувватӣ, исҳол (асосан ҳангоми энтероколит) зуҳуроти асосии Э.-и …
Муфассал »ЭНДОКРИНОЛОГИЯ
ЭНДОКРИНОЛОГИЯ (аз эндо… юн. krino — ҷудо мекунам ва …логия), илмест, ки сохту фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ), гормонҳои онҳо ҳосилкарда, роҳҳои пайдоиши гормонҳо ва таъсири онҳоро ба организми одам ва ҳайвонот меомузад. Э.-и клиникӣ касалиҳои дар натиҷаи вайроншавин кори ғадудҳо, патогенез, ташхису пешгирӣ ва муолиҷаи амрози ғадудҳои усораи дохилиро …
Муфассал »ЭНДАРТЕРИИТИ МАСДУДКУНАНДА
ЭНДАРТЕРИИТИ МАСДУДКУНАНДА (аз эндо… ва артерия), бемории музмини рагҳоро гуянд, ки аз он бештар артерняҳои пой иллат меёбанд. Ҳангоми Э. м. рагҳо тадриҷан то пурра баста шудани равзанашон танг гардида, бофтаҳо маҳв мешаванд. Дарди шадид, рагкашӣ, лангидан ва тез хаста шудани пой зуҳуроти Э. м. мебошанд.
Муфассал »ЭМФИЗЕМАИ ШУШ
ЭМФИЗЕМАИ ШУШ, бемориест, ки зимни он шуш васеъ ва камҳаракат шуда, нафаскашию гпрдиши хунвайрон мешавад. Э. ш. модарзодию ғайримодарзодӣ, маҳдуду густурда ва шадиду музмин мешавад. Э. ш.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи вайроншавии қобилияти гузаронандагии бронхҳо (мас., ҳангоми зиққи нафас) пайдо мешавад. Э. ш.-и густурдаи музмин аксар чун боқӣ бронхити музмин, зиққи …
Муфассал »ЭМБОЛИЯ
ЭМБОЛИЯ (аз юн. embole — партофтан, даромадан), ихтилоли бо хун таъмин гаштани организмро гуянд, ки дар натиҷаи раги хунгардро масдуд кардани заррачаҳои гуногун (ба истилоҳ эмболҳо) ба амал меояд. Э.-и артерияи шуш, рагҳои майна ва дил сабаби марг шуда метавонад.
Муфассал »