Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 40)

Теги: Таърих

Периэкҳо

periekho

Периэкҳо, периойкҳо (юн. реrioikoi, айнан — сокинони атроф), аҳолии камҳуқуқи баъзе полисҳои Юнони Қадим (дар Спарта, Аргос, Элида, Фессалия). Дар Спарта Периэкҳо авлоди аҳолии тагҷоӣ, ки онро дорийҳо мутеъ намуда, ба канори Лако­ника танг карда баровардаанд. Периэкҳо аз плотҳо бо он фарқ мекарданд, ки шахсан озод буда, метавонистанд замини худро …

Муфассал »

Перикл

perikl

Перикл (Реrikles) (тақрибан 490 то м., Афина —429 то мелод, ҳамон ҷо), ходими сиёсии Юнони Қадим, стратег (сарфармондеҳ)-и Афина дар солҳои 444/ 443—429 то мелод (ғайр аз 430). Аз оилаи ашроф. Маълумоти мукаммале гирифтааст. Аз ибтидои фаъолияти сиёсиаш ба табақаҳои миёнаи демократияи ғуломдорӣ (сардораш Эфиалт), ки манфиатдорони афзудани иқтидори баҳрии …

Муфассал »

Перекоп

perekop

Перекоп, (Гарданаи Пере­коп), қитъаи хушкист, ки нимҷазираи Қримро бо материк мепайвандад. Тӯли Перекоп 30 км, бараш 8—23 км, баландиаш то 20 м. Аз гилу рег таркиб ёфтааст. Заминаш ҳамвор, растаниҳои даштӣ ва нимбиёбонӣ мерӯянд. Дар қисми ҷанубии Перекоп кулҳои шӯри Старое, Красное ва ғайра воқеанд, ки масоҳати онҳо аз 0,5 …

Муфассал »

Педотсентризм

pedotsentrizm

Педотсентризм (аз юн. pais- бача, кӯдак ва лот. centrum — марказ), ҷараёнест дар педагогикаи буржуазӣ, ки тарафдорони он мазмун ва усулҳои таълимро (махсусан дар синфҳои ибтидоӣ) ва ба шароит ва талаботи ицқтисодию иҷтимоии ҷамъият, балки ба завқ ва талаботи бевоситаи бача вобаста мешуморанд. Онҳо таълимро чунон ба роҳ мемонанд, ки …

Муфассал »

Педотриб

pedotrib

Педотриб ( юн. paidotribes, аз раis — бача ва tribo — меомӯзам, машқ медиҳам), дар мактабҳои гимнасти­кӣ» Афинаи Қадим — палестрах роҳбари тарбияи ҷисмонӣ. Дар дигар муассисаҳои тарбиявии Афина муаллими гимнастикаро низ Педотриб меномиданд.

Муфассал »

Паҳлавиён

Паҳлавиён, сулолаи шоҳони Эрон (1925—1979). Ризошоҳи Паҳлавӣ (1878—1944) асосгузори Паҳлавиён буд. Ӯ диктатураи буржуазию помешикиро барқарор намуда, дар соҳаи заминдорӣ, суд, молия, савдо, маданият ва ғайра. ислоҳот гузаронд (1925—1930). Ҳаракатҳои демократиро бераҳмона пахш, фаъолияти Партияи Коммунистии Эронро манъ карда (1931), сиёсати шовинистиро пеш гирифт. Дар ибтидои ҳукмронии Ризошоҳ муносибати Эрон …

Муфассал »

Пашмикӯҳна

Пашмикӯҳна, ёдгории археоло­гии ибтидои асрҳои миёна дар қисми ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор. Дар мавзеи байни дарёҳои Ширкент ва Қаротоғ воқеъ аст. Соли 1980 экспедитсияи якҷояи УДТ, институтҳои таърих ва геологияи АФ Тоҷикистон ба тадқиқоти он ибтидо гузошт. Масоҳати Пашмикӯҳна 15 км2 буда, ба 4  қисм тақсим шудааст. Аз он қариб 50 …

Муфассал »

Пашанг

Пашанг яке аз персонажҳои достонҳои ҳамосии мардуми эронинажод, шоҳи Турон, падари Афросиёб. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Пашанг борҳо ёд мешавад, вале қиссаву ривоятҳои ба ӯ марбут оварда нашудаанд. Пашанг ба ҷангҳои зидди шоҳони Эрон — Нузар, Зав, Гаршосп ва дигарон писараш — Афросиёбро мефиристод. Баъди ба тахт нишастани Кайқубод Пашанг ба …

Муфассал »

Пасифизм

pasifizm

Пасифизм (аз лотинӣ pacificus — сулдофарин, аз рах — сулҳ ва fa­cto — мекунам), ҳаракати зидди ҷангиест, ки иштироккунандагони он эътирофу эъломи аз ахлоқ берун будани ҷангҳоро омили асосии пешгирии ҷангу ҷидол медонанд. Пасифистҳо ҳама гуна ҷанг, аз ҷумла ҷангҳои озодихоҳонаи одилонаро низ инкор мекунанд. Онҳо ба ҷои аз байн …

Муфассал »

Газетаи «Пахтакори сурх»

gazetai-paxtakori-surx

«Пахтакори сурх», газета, ор­гани комитета вилоятӣ ва шаҳрии Партияи Коммунистии(б) Тоҷикистон ва Комитети иҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашони вилояти Қурғонтеппа. Аз соли 1944 то 1947 бо тиражи 4700 нусха ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Баъди аз нав ташкил ёфтани вилояти Қурғонтеппа бо коми «Ҳақиқати Қурғонтеппа» ҳафтае 5 маротиба аз …

Муфассал »