Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 10)

Теги: Таърих

СУХРАИ ҲАРИЁН

qal-a

СУХРАИ ҲАРИЁН Сухраи Сисимитр, қалъаи кӯҳиест дар Парстакан. Тахмин мекунанд, ки Сухраи Ҳариён дар соҳили дари Вахш, атрофи шаҳри Норак воқеъ буд. Сухраи Ҳариён қалъаи дастнорас ва бо ҷариҳо иҳотагардида тасвир шудааст. Қуллаи сухра ҳамвор ва бо хоки ҳосилхез пӯшида будааст. Аз он ба атроф мурчол (роҳи зеризаминӣ) мерафт. Искандари …

Муфассал »

СУХРАИ СУҒД

qal-a

СУХРАИ СУҒД, Сухраи Аримаз, як қалъаи кӯҳист дар вилояти Сурхондарёи Ресспубликаи Советӣ СотсиалистииУзбакистон. Дар наздикии роҳи Суғд — Парстакан ва гузаргоҳи байникӯҳии Дарбанд (куҳҳои Бойсун), ки асрҳои миёна бо номи «Дарвозаи оҳанин» машҳур буд, воқеъ гаштааст. Сухраи Суғд дастнорас буда, ба сӯи он танҳо то ғоре пайроҳаи танг мерафт. Ин …

Муфассал »

СУТРА

sutra

СУТРА (санскрит сутра — қоида ё қавл; айнан — ришта), рисолаҳои қадимаи ҳиндӣ оид ба фалсафа, ахлоқ, сиёсат, ҳӯқуқ, грамматика ва ғайра, ки ба шакли маҷмӯаҳои ҳикматомез тартиб дода шудаанд. Дар нимаи аввали ҳазораи 1 то мелодпайдо гардидаанд. Сутраҳои фалсафии то замони мо маҳфузмонда тақрибан асри 5 ва Ҷар масутра …

Муфассал »

СУРӢ Сайфуддин ибни Иззуддини Ҳусайн

unknown_person-11

СУРӢ Сайфуддин ибни Иззуддини Ҳусайн (соли таваллуд номаълум— вафот 1009), асосгузори сулолаи Ғуриён. Пешвои қабилаи Шансабонӣ. Сурӣ ҳанӯз дар охири асри 10 як гурӯҳ қабилаҳоро муттаҳид намуда, дар ноҳияи таърихии Ғур ба Давлати Ғуриён асос гузошта аст. Зимни муборизаи тезу тунди синфӣ ва ҷангҳои байниҳамдигарии феодалони маҳаллӣ ӯ кушта шудааст. …

Муфассал »

Қалъаи СУРХ

isfara

СУРХ, қалъаест дар кӯҳи  назди деҳаи Сурхи ноҳияи Исфаран Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (асрҳои 6—8). Солҳои 1951—52 отряди археологии Исфара бо роҳбарии Б. А. Литвинский кашф ва тадқиқ кард. Аз боқимондаи девори қалъа маълум гардид, ки поёни он похсаи бо санг омехта буда, болояш аа хишти хоми 48—52X24—27 X 8—10 …

Муфассал »

СУРУДИ ТАЪРИХӢ

nota-2

СУРУДИ ТАЪРИХӢ, як навъ асари фолклорист, ки дар он аз воқеаю шахсони таърихӣ сухан меравад. Дар он ҳам унсурҳои асарҳои эпикӣ ва ҳам унсурҳои назми лирикӣ вуҷуд доранд. Сурудҳои таърихии тоҷикӣ аз бандҳои семисраӣ, чормисраӣ, панҷмисраӣ, рубоиҳо, ғазалҳо ва ғайра таркиб ёфтаанд. Намунаи қадимтарини Сурудҳои таърихӣ сурудест, ки сокинони шаҳри …

Муфассал »

СУЛҲИ КУЛ

hinduston

СУЛҲИ КУЛ, ислоҳоти сиёсии давраи ҳукмронии Акбар дар Ҳиндустон. Низоъҳои мазҳабии шиаю суннӣ ва мусулмонону ҳиндуён, ки дар давраи ҳукмронии Темуриён дар Ҳиндустон ба вуҷуд омада буданд, дар аҳди Акбар боз ҳам шиддат гирифтанд. Бо мақсади мӯътадил намудани вазъият ва пешгирии инқирози ҳокимияти Темуриён дар Ҳиндустон донишмандон ва масъулони дарбор …

Муфассал »

СУЛҲИ КАЛИЙ

sulh

СУЛҲИ КАЛИЙ, сулҳе, ки дар интиҳои ҷанги Юнону Эрон баста шуд (аз номи Калий ном сафири Афина дар Эрон). Шартномаҳои Сулҳи Калий соли 449 то мелод дар Шуш (Эрон) ба имзо расиданд. Мувофиқи Сулҳи Калий Эрон истиқлоли полис (шаҳр-давлат)-ҳои юнонии соҳилҳои Ионий ва ҷазираҳои ҳамшафати он, Геллеспонт ва Пропонтидаро эътироф …

Муфассал »

СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ

hinduston

СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ, давлати феодалие буд дар Ҳиндустон (1206— 1526). Пойтахшаш шаҳри Деҳли. Соли 1206 соарлашкар ва волии Муҳаммади Ғурӣ дар Ҳиндустон Қутбуддини Ойбек (1208—10) худро султони Ҳиндустони Шимолӣ эълон намуд. Парокандагии сиёсати Ҳиндустондар асри 12—ибтидои асри 13 ва хавфи аз тарафи муғулхо истило шудани ин сарзамин боиси қувват гирифтани ҳокимияти …

Муфассал »

СУЛОЛА

Сулолаи Сомониён

СУЛОЛА (арабӣ—хонадон), мувофиқи ҳуқуқӣ меросӣ дар давлатҳои подшоҳи аз як авлод баромадани шоҳон аст, ки якдигарро ивазмекунанд. Масалан, Сулолаи Сосониён, Аббосиён, Ғазнавиён ва ғайра дар асрҳон миёна, Сулолаи Қочориён ва Паҳлавиён дар Эрон, Сулолаи Романовҳо дар Россия ва Сулолаи Бурбонҳо дар Франция.

Муфассал »