Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 32)

Теги: Таърих

Абдулвосеъ

Абдулвосеъ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар вилояти Нури Хуросон ба дунё омада, дар ҳамин ҷо таҳсил ва касби камол кардааст. Дар тазкираҳои «Маҷолис-ун-нафоис», «Музаккир- ул-аҳбоб» Абдулвосеъ чун шоири хушбаёну тозафикр ва фозилу донишманд тавсиф шудааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. …

Муфассал »

Абдулвосеи Ҷабалӣ

Абдулвосеи Ҷабалӣ Бадеъуззамон ибии Абдуҷомеъ ибни Умрон ибни Рабеи Гарҷистонӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1160), шоири форс- тоҷик. Дар шаҳри Ҳирот таҳсил намуда ба камол расид. Илмҳои расмии давраш, махсусан улуми адабиро хеле хуб омӯхт ва дар шоирӣ мумтоз шуд. Дар дарбори Ғазнавиён ва Салчуқиён – Баҳромшоҳ ибни Масъуди …

Муфассал »

Амири Абдулаҳадхон

amiri-abdulahadxon

Абдулаҳадхон (16. 3, 1859, Кармина – 6.1.1911, ҳамон ҷо), амири ҳаштум аз сулолаи Манғития, фарзанди амир Музаффар. Абдулаҳадхон  соли 1873 дар синни 14-солагӣ беки Кармина (ҳозира шаҳри Навоии Ҷумхурии Ӯзбекистан) таъйин гардид. 15 майи (27 май) соли 1883 дар маросими тоҷгузории подшоҳи рус – Александри III иштирок намуд ва подшоҳи …

Муфассал »

Абдулазизхон

Абдулазизхон (таваллуд ва вафоташ номаълум), хони Бухоро аз сулолаи Шайбониён(1540 – 1549). Баъди вафоти Абдуллоҳхони I худро хони Бухоро эълон карда, аз итоат ба ҳокимияти марказии Мовароуннаҳр сар пе­ҷид ва боиси дар Мовароуннаҳр ба вуҷуд омадани дуҳокимиятӣ гардид (ниг. Абдуллатифхон). Бо мақсади ба худ ҷалб кардани таваҷҷӯҳи Омма ва мустаҳкам …

Муфассал »

Абдулазизхон

Абдулазизхон, (соли таваллудаш ва вафаташ номаълум), хони Бухоро, писари Нодирмуҳаммад, аз сулолаи Аштархониён. Соли 1645 бекҳову феодалони аз сиёсати Нодирмуҳаммад норозӣ Абдулазизхонро хони Бухоро эълон карданд. Нодирмуҳаммад аз Шоҳиҷаҳон ёрӣ талабид. Шоҳиҷаҳон аз ин пешниҳод истифода бурда ба Балх лашкар кашид. Соли 1647 Абдулазизхон ба муқобили Шоҳиҷаҳон бархост ва аҷнабиёнро …

Муфассал »

Абдол Султон

Абдол Султон, Абдумалик (таваллудаш номаълум – вафоташ 1580, Ҳисор), яке аз салотини Шайбониён, фарзанди Аб­дуллатифхон ва набераи Кӯкунчихон.Абдол Султон дар аҳди Искандархон (1561 – 1583) ҳокими Зомин будааст. Вай дар талошҳои худ барои касби тахту тоҷ аз рақибонаш шикаст хӯрда, ба Кӯҳистон ва аз он ҷо ба Ҳисори Шодмон рафт …

Муфассал »

Абвер

abver

Абвер (немисӣ Аbwehr), идораи раз­ведка ва контрразведкаи Германия. Соли 1919 таъсис гардида, соли 1938 ба Раёсати разведка ва контрразведкаи Фармондеҳии олии Қувваҳои мусаллахи Германия табдил ёфт. Ба гирдоварии иттилооти махфии ҳарбӣ дар давлатҳои хориҷӣ, тахрибкориҳо дар ақибгоҳи душман ва амсоли инҳо машғул буд, ҳамчунин контрразвед­каи дохилию хориҷии мамлакатро танзиму идора …

Муфассал »

Аббосӣ

Аббосӣ, аввалин сиккаҳои нуқрагини Сафавиён, ки дар даврони салтанати шоҳ Аббосӣ I дар Эрон зарб зада шуданд. Вазни як Аббосӣ як мисқол ё 7,7г нуқра буд. Дар асри 18 Аббосӣ муҳимтарин воҳиди пулӣ ба ҳисоб мерафт. Сиккаи чорякмисқолии нуқрагинро шоҳӣ меномиданд ва панҷоҳ Аббосӣ як туман ном ва ҳазор динор …

Муфассал »

Аббосӣ Абдуллатиф

Аббосӣ Абдуллатиф ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ади­би форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Аз ҷумлаи корҳое, ки Аббосӣ ба со­мон расонидааст, мураттаб сохтан ва муқаддима навиштан ба тазкираи Суфии Мозандаронӣ «Бутхона» мебошад. Аббосӣ ба ин асар, ки танҳо аз намунаҳои ашъор иборат буд, шарҳи …

Муфассал »

Аббосиён

abbosiyon

Аббосиён, банӣ Аббос, дуюмин силсилаи хилофати араб (749 – 1258). Аббосиён. аз авлоди амаки Муҳаммад пайғамбар (с) – Аббос ибни Абдулмутталиб (вафоташ 653) буданд. Аббосиён дар натиҷаи низои байни аҳди ташайуъ Умавиён ва муваффақиятҳои дар ин раванд ба дастовардаи шиъаён Умавиёнро сарнагун карда, соҳиби маснади хилофат шуданд. Аббосиён бо паёмбар …

Муфассал »