Абдурашидов Абдувалӣ Абдулмаҷидович (таваллуд 9.1.1959, Душанбе), навозанда, донанда ва муҳаққиқи мусиқии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе (1976) ва Консерваторияи давлатии Тошканд (1981). Баҳри такмили илму ҳунари хеш ва омӯзиши анъанаҳои мусиқии суннатии Шарқ, аз ҷумла анъанаи касбии шифоҳии «устод ва шогирд» дар …
Муфассал »Абдураҳмонова Фирӯза
Абдураҳмонова Фирӯза Муиновна (таваллуд 22. 5. 1970, Душанбе), акушер-гинеколог, доктори илмхои тиб (2002), профессор (2003). Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992). Ординатори клиникӣ ва ассистент (1992 – 94), аспирант (1994 – 97), ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултети педиатрӣ (1997-99), дотсент (1999 – 2002), профессор …
Муфассал »Абдураҳмонов Шариф
Абдураҳмонов Шариф (1898, ҷамоати Кӯиқозиёни ноҳияи Конибо- дом – 10. 2. 1983, Қӯрғонтеппа), ҳодими ҳизбӣ ва давлатӣ, аз оилаи дехқон, яке аз иштирокчиёни фаъоли барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар Шимоли Тоҷикистон. Фаъолияти меҳнатии ӯ хеле бармаҳал оғоз ёфт. Солҳои 1915 – 25 ба ҳайси коргари корхонаи истеҳсоли нефти САНТО (ҳоло КИМ), …
Муфассал »Абдураҳмонов Фуод
Абдураҳмонов Фуод Ҳасан- Углӣ (28. 4. 1915, Нуха – 15. 6. 1971, Боку), ҳайкалтароши озар, узви вобастаи Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1949), Рассоми халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон (1955), Ҳодими хиз- матнишондодаи санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон. Хатмкардаи Академияи Рассомии Ленинград (1940). Фаъолияти эҷодиаш ҳанӯз дар солҳои …
Муфассал »Абдураҳмонов Фозил
Абдураҳмонов Фозил (таваллдуаш 5. 12.1930, Конибодом), морфолог, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1969), узви ҳақиқии Академиям илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2004), Аълочии мактаби олӣ ва Аълочии тандурустии СССР, Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994). Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии табии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1952). …
Муфассал »Абдураҳмонов Фаррух
Абдураҳмонов Фаррух Муинович (таваллудаш 8. 3. 1962, Душанбе), акушер-гинеколог, доктори илмҳои тиб (1997), профессор (2000). Хатмкардаи Институти давлатии таббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1984). Ординатори клиники (1984-1986), аспирант (1986 – 1989), ассистента кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ҳамин донишгоҳ (1989 – 1991), ассистент (1991 -2002) ва мудири кафедраи акушерӣ …
Муфассал »Абдураҳмонов Урун
Абдураҳмонов Урун Қурбонович (1904 – 1980), яке аз аввалин муҳандисони бинокори тоҷик, узви аввалин садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон (1936), Бинокори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1959). Абдураҳмонов роҳбари идораи лоиҳакашии «Тоҷик- госпроект» (аз январи 1938), ҷонишини раиси Госстройи РСС Тоҷикистон буд. Соли 1959 раиси садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон ва соли 1961 узви …
Муфассал »Абдураҳмонов Раҳматулло
Абдураҳмонов Раҳматулло Бозорович (таваллудаш 10. 07. 1948, деҳаи Муллошодии ноҳияи Ҳисор), наққоши тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Омӯзишгохи ҷумҳуриявии рассомии Душанбе (1974) ва факултета таърихи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ғоибона, 1984). Муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов (1974 -1980), наққоши Фонди бадеии …
Муфассал »Абдураҳмонов Пӯлод
Абдураҳмонов Пӯлод (1927, деҳаи Субулоқи ноҳияи Файзобод – 2002, ҳамон ҷо), картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Колхозчӣ (1944 – 1946), сардори бригадаи картошкакорони колхози «50-солагии Октябр» ва совхози «Қалъаи Дашт-2» (1947-1984), хоҷагии «Хамза»-и ноҳияи Файзобод (1985 – 1990). Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригадааш ҳосили фаровони картошка (аз ҳар га …
Муфассал »Абдураҳмонов Нозимчон
Абдураҳмонов Нозимчон (1904, Конибодом – 1994, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи Тоҷикистон (1959). Коргари артели ҳунармандии «Болшевик» (1928 – 29) ва Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом (1930 – 1931), сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинград»-и ноҳияи Конибодом (1932 – 1968). Аз соли 1965 нафақагир. Бригадааш солиёни зиёд ҳосили …
Муфассал »