Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳмонов Фозил

Абдураҳмонов Фозил

Абдураҳмонов Фозил (таваллдуаш 5. 12.1930, Конибодом), морфолог, док­тори илмҳои тиб (1968), профессор (1969), узви ҳақиқии Академиям илмҳои пе­дагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Рос­сия (2004), Аълочии мактаби олӣ ва Аълочии тандурустии СССР, Ходими шоистаи илм ва техникаи То­ҷикистон (1994).

Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии табии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1952). Баъди ба итмом расондани аспирантураи Донишкадаи тиббии 2-юми Москва дар вазифаҳои директори Омӯзишгоҳи тиббии Ду­шанбе (1957 – 1962), декани факудтетҳои педиатрӣ (1963 – 1968) ва стоматология (1968 – 1969), мудири кафедраи анатомияи эътидолии одам (1968 – 1994) ва мудири кафедраи муттаҳидаи анато­миям одами Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон (1994 – 2006) кор кардааст.

Аз соли 2006 профессори кафедраи муттаҳидаи анатомияи одами ҳамин донишгоҳ. Доир ба масъалаҳои таъминоти хун дар қисматҳои ҷудогонаи мағзи cap, ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ва морфологияи рагҳои хурди хуну лимфагарди узву бофтаҳои одам дар ҳолати мӯътадил ва беморӣ (перитонит, илтиҳоби гурда, сиррози ҷигар, ғалаёни хун ва ғайра), ҳамчунин дар шароити таҷриба дар водиҳо ва баландкӯхҳо (ағбаҳои Анзоб ва Мурғоб)тадқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 170 асарҳои илмӣ ва таълимию методист.

Китоби ӯ «Ана­томияи одам» (ду ҷилд) дар конкурси таълифи китобҳои дарсӣ сазовори мукофоти «Оли Сомон» (1995) гаштааст (соли 1998 китоби беҳтарини сол шуморида шуд). Дар конгрессҳои гуногуни байналмилалӣ, съезду конференсия ва симпозиумҳои умумииттифоқӣ ва минтақавӣ маърӯза кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Раиси Ассотсиатсияи морфологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини ра­иси Шӯрои ҳамохангсозии давлатҳои Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи морфологҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳида, узви шӯрои таҳририяи маҷмӯаи «Паёми Сино». Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва Гра­мотаи Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Основание: Кровеносные сосуды брюшины, Душанбе, 1973; Анатомияи одам, ҷилди I, Душанбе, 1995, ҷилди 2, 1998; Крат­кий атлас анатомии человека, Душанбе, 2000; Атлас – учебник по функциональной анатомии челове­ка, том 1 – 2, Душанбе, 2006,2008.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …