Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 79)

Теги: Шахсони машҳур

МИРИБОДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ

nophoto-man

МИРИБОДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттоти форс-тоҷик. Оид ба ҳаёт ва шарҳи ҳоли ӯ дар тазкираҳо чизе вонахӯрд. Фақат бо хати шикастаи зебон ӯ баёзи мунтахаб на ҷадвалкашидашудаю ҳошияҳоро дар Шоҳиҷаҳонобод маҳфуз аст. Со­ли китобати баёз маълум нест. А. Пиров.  

Муфассал »

МИРИ КИРМОНӢ

nophoto-man

МИРИ КИРМОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 14 форс-тоҷик. Аз Мири Кирмонӣ девоне то замони мо расидааст, ки 8 ҳазор байтро дар бар мегирад. Ғaзалҳои Мири Кирмонӣ орифона буда, ба сабки Имоди Фақеҳ ва Ироқӣ суруда шудаанд. Мири Кирмонӣ ду маснавис низ дорад: «Дурҷ-ул-лаолӣ» (1326) ва «Маҷмаъ-ул-латоиф» (1332).

Муфассал »

МИРЗОҲУСАЙНИ ТАНБӮРӢ

nophoto-man

МИРЗОҲУСАЙНИ ТАНБӮРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, бастакор, мусиқидони авваллуи асри 16 ва oхири асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Санъати мусиқиро аз падараш омӯхт. Аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани шеъру мусиқӣ, сарфу наҳв, ахлоқ, фалсафа ва дигар илмҳо машғул шуд. Махсусан ба санъати мусиқӣ ва омӯхтаии таркиботи он бештар …

Муфассал »

МИРЗОҲАЗРАТҚУЛИ ҒИЖЖАКӢ

nophoto-man

МИРЗОҲАЗРАТҚУЛИ ҒИЖЖАКӢ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда ва ҳофизи асри 19 тоҷик Мирзоҳазратқули Ғижжакӣ дар ғижжакнавозӣ ном бароварда, савту сурудҳои халқӣ ва лаҳну мақомҳои классикеро бо ҳамин асбоби мусиқӣ иҷро мекардааст. Ӯ бисёр усулҳои мусиқии халқӣ ва баъзе роҳу тарзҳои хониши мақомҳоро ҳифз намуда, оҳанге чанд ба масли «Гардун», …

Муфассал »

МИРЗОҲАЗРАТҚУЛИ ҒИЖЖАКӢ

nophoto-man

МИРЗОҲАЗРАТҚУЛИ ҒИЖЖАКӢ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда ва ҳофизи асри 19 тоҷик Мирзоҳазратқули Ғижжакӣ дар ғижжакнавозӣ ном бароварда, савту сурудҳои халқӣ ва лаҳну мақомҳои классикеро бо ҳамин асбоби мусиқӣ иҷро мекардааст. Ӯ бисёр усулҳои мусиқии халқӣ ва баъзе роҳу тарзҳои хониши мақомҳоро ҳифз намуда, оҳанге чанд ба масли «Гардун», …

Муфассал »

МИРЗОҒУЛОМИ ҒИЖЖАКӢ

nophoto-man

МИРЗОҒУЛОМИ ҒИЖЖАКӢ(соли таваллуд номаълум—вафот 1928), навозанда ва ҳофизи тоҷик. Аслан аз Дарвоз. Ғижжакии машҳур буда, дигар асбобҳои мусиқии кӯҳистони тоҷикро низ бо маҳорати тамом менавохт. Мирзоғуломи Ғижжакӣ нафақат навозанда, балки ҳофизи хушхоне ҳам буда, бисьёр шеърҳои классикони тоҷик ва халқро ба оҳанг дароварда мехонд. Т. Шаҳобов.

Муфассал »

МИРЗОШОЕВ Султон

nophoto-man

МИРЗОШОЕВ Султон (таваллуд 1932, деҳаи Ғapғapaи pайони Данғара), ходими партиявию советӣ. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1951. Фаъолияги меҳнатиро аз 14-солагӣ сар кард. Солҳои 1946—51 муаллими мак­табҳои ибтидоӣ, ҳафтсола, мудири шӯъбаи мактабҳо, котиби комитети комсомолка райони Данғара. Соли 1954 Институти муаллимтайёркунии Кӯлобро хатм кард. Соли 1953 саринспектор, ҷонишини …

Муфассал »

МИРЗОШАМСИ БУХОРОӢ

nophoto-man

МИРЗОШАМСИ БУХОРОӢ (таваллуд 1804 — соли вафот номаълум), муаррихи тоҷик. Аз оилаи мансабдори дарбор. Мирзошамси Бухороӣ чанд муддат дар дарбори амир Насруллоҳ хизмат кард. Ба сабаби низоъҳои дарбориён аз дарбор дур гашта бо тиҷорат машғул шуд. Соли 1859 «Баёни баъзе ҳаводисоти Бухоро, Хуқанд ва Қошғар» ном асаре навишт, ки он …

Муфассал »

МИРЗОСИРОҶ Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ

nophoto-man

МИРЗОСИРОҶ Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ, маъруф ба доктор Собир (1877, Бухоро — 1914, ҳамон ҷо)» шоир, сайёҳ ва табиби тоҷик. Аз оилаи сарроф. Мирзосироҷ баъди хату савод баровардаи ба омӯхтани илмҳои ахлок, таърих, шеър, луғат ва ғ. шурӯъ кард, ба саррофӣ шуғл варзид, дар назди муаллими хусусӣ забонҳои русӣ ва франсавиро …

Муфассал »

МИРЗОРИЗОИ ҲИРАВӢ

nophoto-man

МИРЗОРИЗОИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз наққошони асри 19 Ҳирот. Насабаш ба Алиризои Аббосии Табрезии хушнавис мерасад ва ба ин сабаб амалашро Ризои Озарбойҷонӣ имзо мекардааст. Baй аз замони амир Дӯстмуҳаммадхон то аҳди амир Абдурраҳмонхон зинда буда, умри дароз дидааст. Мирзоризои Ҳиравӣ аз мусаввирони забардаст ва моҳири …

Муфассал »