Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 74)

Теги: Шахсони машҳур

МОРЁНО

moryono

МОРЁНО (Moreno) Якоб Ҳзкоб Леви (20. 5. 1892, Бухарест —1975), психолог ва психиатр, асосгузори социометрия. Университети Венаро хатм кардааст. Асосгузор ва сардухтури клиникаи Бикон-Хилль (ҳоло санаторияи Морено), таъсискунандаи ж. «Sociometry» (1937) ва «International Journal of Sociometry» (1956), Институти социометрия ва психодрама (1940; Институти Морено), проффесори Университети Нью-Йорк (1951—66). Мореллӣ дар …

Муфассал »

МОРЕЛЛӢ

morelli

МОРЕЛЛӢ (Morelly), коммунист хаёлии асри 18 франсавӣ. Маълумоти мӯътамади биографӣ боқӣ намондааст. Ақидаҳои Мореллӣ дар достони «Базилизда» (1753) ва рисолаи «Кодекси табиат ё рӯҳи аслии қонунҳои он» баён шудааст. Мувофиқи ақидаи Мореллӣ ҷамъияте, ки ба моликияти хусусӣ асос ёфтааст ва ба хираду табиат мухолиф аст, бояд бо тартиботи коммунистӣ иваз …

Муфассал »

МОРГЕНСТЬЕРНЕ

nophoto-man

МОРГЕНСТЬЕРНЕ (Morgen 8 ti erne) Георг (1891 — 3. 3. 1978, Осло), шарқшиноси норвег, профессор. Асосан забонҳои помирӣ, дардӣ, кофирӣ, бурушаскиро тадқиқ кардааст. Зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дорад. «Забонҳои ҳиндуэронии кишварҳои ҳамҳудуд (силсилаи мақолаҳо иборат аз 5 ҷилд), «Луғати этимологии забонҳои гурӯҳи шуғнонию рӯшонӣ» (1974) асарҳои машҳури Моргенстьерне мебошанд. …

Муфассал »

МОРГАН

hant-morgan

МОРГАН (Morgan’» Томас. Хант (25, 9, 1866, Лексингтон, Кентукки —411 1945, Пасадена, Калифорния), биологи америкоӣ, яке аз асосгузорони генетика, ва президенти АФ миллии ШМА (1927— 31). Солҳои 1891—1904 профессори коллеҷи занона дар Брин-Море, 1904—28 профессори Университети Колумбия дар Нью-Йорк ва 1928—-45 роҳбари лабораторияи биологии Ннститути технологии Пасадена. Морган дар соҳаи …

Муфассал »

МОРГАН

genri-morgan

МОРГАН (Morgan) Льюис Генри (21. 11. 1818, Орора, Нью-Йорк —17. 1881, Рочестер, Нью-Йорк), этнограф ва археологи америкоӣ, муҳаққиқи таърихи ҷамоаи ибтидоӣ, ходими тараққипарвари ҷамъиятӣ. Аъзои АФ миллии ШМА (1875). Ихтисосаш ҳуқуқдилнос. Аз ҷавонӣ ба тарзи зиндагонии ҳиндиҳо — ирокезҳо рағбат дошт. Барои омӯхтани ҳаёти ҳиндиҳо ва ба онҳо ёрӣ расондан …

Муфассал »

MOP

mor

MOP (More) Томас (7. 2. 1478, Лондон — 6. 7. 1535, ҳамон ҷо), гуманист, ходими давлатӣ ва нависандаи англис, асосгузори социализми хаёлӣ. Писари хизматчии идораҳои суди англис. Солҳои 1492-1494 дар Университети Оксфорд таҳсил намуда, бо маҳфили Ислоҳотчиёни Оксфорд ҳамкорӣ намуда, 1504—32 вазифаҳои муҳими давлатиро иҷро кардааст. Ӯ барои дар назди …

Муфассал »

МОПАССАН

mopassan

МОПАССАН (Maupassant) Ги (номи пуррааш Анри Рене Альбер Ги) де (5. 8. 1850, қалъаи Миромениль, наздикии Турви-ля-сюр-Арк, Сенан Наздибаҳрӣ — 6. 7. 1893, Париж), нависандаи франсавӣ. Аз оилаи дворянин. Ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ (1870—71) дар ҷанги Францияю Пруссия иштирок кардааст. То соли 1880 мансабдори вазоратҳо буд. Ба ташаккули маҳорати нависандагии …

Муфассал »

МОНӢ

nophoto-man

МОНӢ Зиндиқ ибни Ҳуммад (225, Мадоин, Эрон — 276, Гундишопур), асосгузори монавия. Монӣ охири солҳои 30 асри 3 ба Мовароуннаҳр, Ҳиндустон сафар карда, бо таълимоти буддоия, бараҳмания ва зардуштия шинос мешавад. Монӣ дар Мадоин соли 242 ба тартиби таълимоти дини худ шурӯъ кард. Ин таълимотро шоди Эрон Шопури I маъқул …

Муфассал »

МОНТЕСКЬЁ

montesekyo

МОНТЕСКЬЁ (Montesquieu) Шарль Луи де Секонда, барои де Ла Бреди де Монтескьё (18. 1. 1689, Лаб-ред, наздикии Бордо —10. 2. 1755, Париж), маорифпарвар, ҳуқуқшинос, файласуф, адиби франсавӣ. Аъзои Институти Франция (1727). Аз авлоди қадимаи дворянӣ. Баъди хатми коллежи католикӣ (1705)_ дар Бордо ва Париж ҳуқуқро омӯхтааст. Соли 1714 мушовир, аз …

Муфассал »

МОНТЕНЬ

monten

МОНТЕНЬ (Montaigne) Мишель де (28. 2. 1533, кушки Монтснь, наздикии Бордо —13. 9. 1592, ҳамон ҷо), файласуф ва нависандаи франсавӣ. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифта, коллежро хатм кард, ҳуқуқро омӯхт. Соли 1580—88 асари асосии худ «Таҷрибаҳо»-ро нашр намуд. Жанри адабию фалсафии мулоҳизаи ҳодисаҳои конкретии таърихи гузаштаю ҳозира, маишату хулқи одамони …

Муфассал »