Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 72)

Теги: Шахсони машҳур

МУАЙИДИ ДЕВОНА

nophoto

МУАЙИДИ ДЕВОНА ( таваллуд номаълум — вафот 1464), шоир ва орифи асри 15 форс-тоҷик. Муайяди Девона яке аз муътақидони Абӯсаиди Абулхайри Маҳнаӣ будааст. Сабаби «Девона» лақаб гирифтанаш дар он будааст, ки даъвои подшоҳӣ карда, Хуросонро дар байни муридонаш тақсим намуда буд. Вақте ки байни Ҳусайни Бойқаро ва Абӯсаид Мирзо ихтилоф …

Муфассал »

МУАЗЗАМХОН

nophoto

МУАЗЗАМХОН духтари Мирсаид (таваллуд нимаи дуюми асри 19, Хуҷанд—1917, Ҷиззах), шоираи зуллисонайн. Ашъорашро ба тоҷикию ӯзбекӣ эҷод кардааст. Зиёда аз 500 байт шеъри Муаззамхон дар шакли девони алоҳида маҳфуз мондааст. Ашъори ӯ дар баёзи хоҳараш Муаттархон низ мавҷуд аст. Ғазалҳои Муаззамхон бо равонии забон, равшании фикр ва аниқии ифода мумтозанд. …

Муфассал »

МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович

marvinskiy

МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович (таваллуд 22. 5. 1903, Петербург), дирижёри советӣ, Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973). Соли 1931 Консерваторияи Ленинградро хатм кардааст. Солҳои 1932—38 дирижёри Teaтри давлатии опера ва балети ба номи С. М. Киров. Аз соли 1938 сардирнжёри оркестри Филармонияи Ленинград. Солҳои 1936-1937 ва аз 1961 дар …

Муфассал »

МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ

nophoto

МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ Шайх Муҳаммадалӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1678), шоири форсизабони Ҳиндустон. Моҳири Акбарободӣ шахси таҳсилдида ва аз илмҳои зарурии замон бохабар буд. Аз улуму фунуни шоирӣ низ баҳравар гардидааст. Махсусан, ба шеъри Қудсӣ ва Калими Кошонӣ таваҷҷӯҳи зиёде дошт. Дар дарбори ҳукмронони давраш — Дорошукӯҳ ва Оламгир хидмат …

Муфассал »

МОҲАН СИНГХ

nophoto

МОҲАН СИНГХ (таваллуд 20. 10. 1905, Мардон, Ҳиндустон), шоири ҳинду. Ба забони панҷобӣ менависад. Аз оилаи табиб. Ба майдони адабиёт солҳои 20 омадааст. Мавзӯи асосии давраи аввали эҷодиёти Л. С. васфи муборизаи халқи Ҳинд ба муқобили мустамликадорон ва танқиди истисморкунандагон мебошад. Дар шеърҳое, ки шоир пас аз истиқлолияти Ҳиндустон (1947) …

Муфассал »

МОҲИИ РАКЕШ

nophoto

МОҲИИ РАКЕШ (8. 1. 1925, Амритсар, Панҷоб — 3. 12. 1972, Деҳлӣ), нависандаи ҳинду. Ба забони ҳиндӣ менавишт. Пас аз хатми Университети Панҷоб муддати даҳ сол (1947—57) дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳои Ҳиндустон сафар карда, дар мактабу коллеҷҳои гуногун дарс гуфтааст. Эҷодиёташ соли 1957 оғоз меёбад. Моҳии Ракеш бо ҳикоя, …

Муфассал »

МО-ЦЗЫ

mo-czy

МО-ЦЗЫ, Модӣ (479—400 то м.), файласуф ва ходими сиёсии Хитои Қадим, асосгузори мактаби фалсафии моиҳо. Ӯ ба муқобили конфуцийчигӣ, ки ҳукмронии ашрофияи меросиро таназзулнопазир медонист, муборизаи ғоявӣ мебурд. Нуқтаи асосии таълимоти Мо-цзы ва шогирдони ӯ даъватест ба барқарор кардани муносибати одамӣ дар буньёди принципи кайҳонии «муҳаббати кулл ва манфиати тарафайн». …

Муфассал »

МОЦАРТ

mocart

МОЦАРТ (Mozarl) Вольфганг Амадей (27. 1. 1756, Зальцбург — 5. 12. 1791, Вена), бастакори австриягӣ. Намояндаи мактаби классикии Вена. Аз падараш Леопольд Моцарт, ки бастакор ва омӯзгор буд, таълим гирифта аст. Аз 4-солагӣ на волтани клавесинро омӯхта, дар 5-6-солагӣ асар (дар 8—9-солагӣ аввалин симфонияҳояшро) эҷод намудааст. Гастрюлҳояш дар хориҷа аз …

Муфассал »

МОТРИДӢ

nophoto-man

МОТРИДӢ Абу мансур Муҳаммад ибни Маҳмуд (соли таваллуд номаълум, Самарқанд — вафот 944—45, ҳамон ҷо), мутакаллими мазҳаби ҳанифия буда, дар як вақт ва новобаста аз Ашъария худ системаи каломро таҳия кардааст. Асарҳои машҳураш «Китоб-ут-тавҳид», «Китоб-ул-мақолот», «Таъвилот-ул-Қуръон» мебошанд. Системаи Мотридӣ аз системаи каломи Ашъарӣ ба андозае фарқ мекунад. Мутакаллимон байни каломи …

Муфассал »

МОСКВИН Иван Михайлович

moskvin

МОСКВИН Иван Михайлович (18. 6.1874, Москва —16. 2. 1946, ҳамон ҷо), актёри советии рус, Артисти Халқии СССР (1936). Солҳои 1893—96 дар шӯъбаи драмавии Омӯзишгоҳи мусиқӣ драмавии ҷамъиятӣ филармониявии Москва таҳсил намуда, баъди хатми он дар театри Ярославль ва Театри Корши Москва кор кардааст. Аз соли 1898 актёри Театри бадеии Москва …

Муфассал »