Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 24)

Теги: Шахсони машҳур

СПАСОКУКОЦКИЙ Сергей Иванович

spasokuk

СПАСОКУКОЦКИЙ Сергей Иванович (10. 6. 1870, Кострома—17. 11. 1943, Москва), ҷарроҳи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1942). Спасокуковкий соли 1893 Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1898 мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхона дар земствои Смоленск, аз 1909 мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳри Саратов, аз 1912 мудири Клиникаи ҷарроҳии факултети тиббии Университети …

Муфассал »

СПАРЕТРА

sparetra

СПАРЕТРА (соли таваллуд ва вафот номаълум), маликаи афсонавии сакоиҳо. Аз рӯи нақли муаррихи Юнови Қадим Ктесий вақте ки Куруш шоҳи сакоиҳо Аморгро асир гирифт, ҳамсари Аморг — Спаретра қӯшуни зиёде ҷамъ карда, бар Куруш ғалаба мекунад ва бисёр номдорони форсро асир мегирад. Куруш ба ивази ин одамон Аморгро озод карда, …

Муфассал »

СПАРГАПИС

spargapis

СПАРГАПИС (соли таваллуд ва вафот номаълум), писари пешвои қабилаи массагетҳо Тумирис, сарлашкари ҷавон, ки бо фармони модараш (Тумирис) ҷанговарони массагетро ба муқобили Куруши II сарварӣ кард. Мувофиқи маълумоти таърихшиносони Юнон — Геродот, Юстин — Трог ва дигарон Куруши II ба кишвари массагетҳо даромада ба худ бошишгоҳе сохт. Вале пас аз …

Муфассал »

СОҲИБОВ Шоҳназар

unknown_person-0

СОҲИБОВ Шоҳназар (15. 5. 1903, Бухоро —21. 3.1973, Душанбе), ҳофиз ва бастакори советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Совети Сотсиалистии Узбекистон (1944) ва Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1957). Аз оилаи деҳқон. Дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Бухоро (1921—25) таҳсил кардааст. То соли 1927 дар ин омӯзишгоҳ муаллими суруд ва мусиқӣ буд. …

Муфассал »

СОҲИБНАЗАРОВ Йӯлдош

unknown_person-11

СОҲИБНАЗАРОВ Йӯлдош (1896, деҳаи Мингичари ҳозира ноҳияи Ҳисори Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон—1979, деҳаи Сари Киштӣ, ноҳияи Ленин), яке аз командирони отрядҳои муборизи зидди босмачиён. Аз оилаи деҳқони камбағал. Соли 1921 отряди ихтиёрӣ ташкил карда, худ командири он шуд. Дар торумори дастаи босмачиён ҷасорати шоёни тақдир нишон дода, дар байни халқ …

Муфассал »

СОҲИБ

unknown_person-11

СОҲИБ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 14). Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адабии Соҳиб дар сарчашмаҳои адабӣ ягон ахборе нест. Маснавии «Дафтари дилкушо» (таълифаш соли 1320) ягона асари Соҳиб аст, ки то замони мо расидааст. Дар баъзе ҷойҳои асар ишораҳо ба лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагии шоир дучор мешаванд. …

Муфассал »

АБУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ (соли таввллуд ва вафот номаъ- лум), шоир ва донишманди форс- тоҷик (асри 10). Бино ба маьлумоти Му­ҳаммад Авфии Бухороӣ фаъолияти шоириаш ба замони салтанати Со­мониён (асри 10) рост меояд. Аз мероси адабии вай то замони мо ҳамагӣ як байт дастрас гардидааст, ки дар хақи мақоми баланди Кисоии …

Муфассал »

СОТЕЪ Абулҳасан

unknown_person-11

СОТЕЪ Абулҳасан (соли таваллуд номаълум—вафот 1737, Кашмир), шоири форсизабони Ҳиндустон. Зодгоҳаш Кашмир. Пас аз касби камол дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Кашмир ба хидмати ҳокимони давр дохил гардид. Ба кори эҷодӣ ҳангоми хидмати дарбор ва пас аз тарки он (дар айёми пиронсолӣ) машғул буд. Дар шеър шогирди Ҷӯёи Кашмирӣ буд. Асари …

Муфассал »

СОЯ – Ҳушанг Ибтиҳоч

unknown_person-11

СОЯ    (тахаллус; Ҳушанг Ибтиҳоч; таваллуд 1927, Рашт), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар шаҳри Рашт гирифт. Аз 16-солагӣ ба шеъргӯӣ пардохт. Маҷмуаи аввалинаш «Нахустин нағмаҳо» (1946). Ашъори шоир дар маҷмуаҳои «Сароб» (1951), «Сиёҳмушк» (1953), «Шабгир» (1953) гирд оварда шудаанд. Пас аз солҳои 60, ба сабабҳои номаълум, шеъри Соя дар …

Муфассал »

СОССЮР Фердинанд-Монжон

ferdinand_de_saussure_by_jullien

СОССЮР (saussure) Фердинанд-Монжон де (26. 11. 1857. Женева — 22. 2. 1913, Вюфлан-сюр-Морж), забоншиноси швейцарӣ. Яке аз асосгузорони структурализм дар забоншиносӣ. Аз оилаи олими маъданшинос. Дар университетҳои Женева (1875), Лейпциг, Берлин (1876—80) таҳсил кардааст. Соли 1880 пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ ба Париж рафта, забонҳои эронӣ ва санскритро амиқтар омӯхт. …

Муфассал »