Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СПАСОКУКОЦКИЙ Сергей Иванович

СПАСОКУКОЦКИЙ Сергей Иванович

spasokuk

СПАСОКУКОЦКИЙ Сергей Иванович (10. 6. 1870, Кострома—17. 11. 1943, Москва), ҷарроҳи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1942).

Спасокуковкий соли 1893 Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1898 мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхона дар земствои Смоленск, аз 1909 мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи шаҳри Саратов, аз 1912 мудири Клиникаи ҷарроҳии факултети тиббии Университети Саратов, аз 1926 мудири кафедраи ҷарроҳияи факултетии Институти тиббии 2-юми ба номи Н. И. Пирогови Москва. Асарҳои ӯ ба ҷарроҳияи меъдаю руда ва шуш, масъалаҳои хунгузаронӣ оиданд. Спасокукоқкий усулҳои муолиҷаи беморонеро, ки гирифтори сактаи ҷароҳатӣ ва операционианд ва инчунин усули ба воситаи зонд ба рӯдаи борик ворид намудани омехтаи серғизо барои пешгирии сактаи операционӣ ҳангоми саратон ва захми меъда пешниҳод кардааст. Барои асараш «Актиномикози шуш» (русӣ; 1941) лауреати Мукофоти давлатии СССР гардидааст (1942). Бо ордени Ленин ва ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Асар: Труды, часть. 1—2, Москва, 1948.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …