Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҳайвонот (страница 11)

Теги: Ҳайвонот

Нозематози занбӯри асал

0

Нозематози занбӯри асал як навъ касалии занбури асал, ки паразити якҳуҷайрагии ҷинси нозема ба вуҷуд меорад. Манбаи сироят занбӯри касал мебошад. Спорои но­зема бо асал, шон, гарди гул ва ғайра паҳн мешавад. Дар оилаҳои аз Нозематози сироятёфтаи занбӯри асал ҳангоми зимистонгузаронӣ ё моҳи аввали ба саҳро баровардани канду пеш аз …

Муфассал »

Нозема

0

Нозема (Nosema), ҷинси ҳайвонҳои соддатарини паразитии дохилиҳуҷайрагӣ аз гурӯҳи микроспоридия. Зиёда аз 90 (аз рӯи маълумотҳои дигар қариб 120) намуди Нозема маълум аст. Нозема дар ҳайвонҳо паразитӣ кар­да, бофта ва узвҳои ҷудогона ё тамоми организми соҳибашро иллатнок мекунад. Баъзе намудҳои Нозема кирми абрешим (масалан, Nosema bombycis), моҳӣ, занбӯрӣ асал ва …

Муфассал »

Несчанголҳо

1

Несчанголҳо (Chelicerata), зертипи ҳайвонҳои бемӯҳра, аз типи буғумпойҳо. Баданашон аз сарсина (просома) ва 6 узви иловагӣ — чанголҳо, педипалпҳо,  4 ҷуфт пой ва шикамча (опдстосома) иборат аст. Боқимондаҳои Нешчанголҳои мурдарафтаи обӣ аз давраи кембрий ва хушкигард аз давраи девон маълуманд. Нешчанголҳо ба ду синф — тортанакшаклҳо ва найзадумҳо ҷудо мешаванд.

Муфассал »

Неш

1

Неш, узви нӯгтези модинаи пардаболҳо аз асрқатори Aculeata. Неш дар интиҳои шикам воқеъ аст. Ҳангоми оромӣ он дар охири шикам дар ғилофаки махсус ҷойгир буда, дар вақти таҳдиди хатар ё ҳамлаорӣ ба сайд аз ғилофак берун меояд ва ба бадани душман ё сайд мехалад. Дар ин маврид ба воситаи сӯрохи …

Муфассал »

Нематодаҳо

Нематодаҳо (Nematoda), лӯндакирмҳо, синфи кирмҳо аз типи нахустковокҳо. Қариб 500 ҳазор намудашон дар тамоми дунё паҳн шудаанд. Дарозии танашон аз якчанд ҳиссаи мм то 8,5 метр мешавад. Нематодаҳо, Нематодаҳои ғайрипаразит: 1 — Mononchus раpillatus (дарраяда); 2—Steinerla mirabllis. Паразити ҳайвонот ва одам; 9 — Tetrameres sp. (а — модина, б — …

Муфассал »

Нематодаи шолӣ

1

Нематодаи шолӣ, лӯндакирми паразит аз оплан Tylenchidae, ки касалиҳои шолӣ (масалан, урфу)-ро ба вуҷуд меорад. Дарозиаш 0,7—1,2 милиметр (модинааш 0,6—1,1 милиметр). Дар Ҳиндустон (Бангола ва дигар музофотҳо), Миср, мамлакатҳои нимҷазираи Малак­ка ва ғайра паҳн шудааст. Дар СССР (зараррасони карантинӣ) нест (1978). Дар бари барг, зери пулакчаҳои хуша ва нуқтаҳои сабзиш …

Муфассал »

Нематодаи гандум

1

Нематодаи гандум (Anguina tritici), кирмчаест, ки касалии ангуллюлинози гандумро ба вуҷуд меорад. Ба ҷав, ҷавдор, сулӣ ва ғайра низ зарар мерасонад. Нематодаи гандум дар Доғистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистони Шарқӣ, кишвари Краснодар, инчунин дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикҷистон вомехӯрад. Растанӣ ҳангоми аз Нематодаи гандум осеб дидан тамоман аз сабзиш …

Муфассал »

Нектон

1

Нектон (аз юн. nektos — шиновар), маҷмӯи ҳайвонҳое, ки дар об зиндагӣ карда, хуб шино мекунанд. Ба Нектон моҳӣ, калмарҳо, белпойҳо, морҳои обӣ; сангпушт, пингвин ва ғайра мансубанд. Узвҳои ҳаракати онҳо нағз инкишоф ёфтааст.

Муфассал »

Некробактериоз

1

Некробактериоз, некроба­циллёз, касалии сироятии ҳайвонот. Дар шакли некрози бофтахои гуногун зохир мегардад. Ангезандаи Некробактериоз (Dact. necrophorum)-ро аввалин бор соли 1881 Р. Кох муайял намудааст. Ба Некробактериоз ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва акса- ри ҳайвоноти ваҳшӣ, баъзан одам ва паррандаҳо низ сироят меёбанд. Манбаи сироят ҳайвоноти касал ме­бошад. Микроб ба организм ба …

Муфассал »

Наханг

1

Наханг, моҳиест аз қатори наҳангшаклҳои зерсинфи лавҳағалсамагиҳо. 3 зерқатор дорад: Наҳангҳои хозира, қадима ва шохдор. Дарозии Наҳангҳои ҳозира (Selachoidei) аз 0,5 метр (Наҳанги сиёҳи нешдор) то 20 метр (Наҳанги азимҷусса) аст. Танашон дукмонанд буда, аз ҳар ду тараф 5-тогй (Наҳанги аррабинӣ 6-то) сӯрохии ғалсама доранд. Онҳо пуфакн шиноварӣ надоранд. Дар …

Муфассал »