Обхӯрак 1) зарфи обхӯрӣ, ки дар қафаси паррандаҳо овезанд; 2) Нигаред Истисқo.
Муфассал »Обхӯраи чарогоҳи
Обхӯраи чарогоҳи, пункт и о б х ӯ р а, майдончаи ҷиҳозонидашуда барои обдиҳии ҳайвонот. Обхӯраи чарогоҳиро дар чарогоҳ ва дар сари роҳҳои чорвогузар барпо мекуванд. Барои он ки об дар Обхӯраи чарогоҳӣ муддати зиёд наистад, майдончаро аз манбаи об (чох, ҳавз, дарё, кӯл, обанбор, канал) андаке нишеб (0,05°) месозанд …
Муфассал »Обхӯра
Обхӯра, обхӯр, обишхӯр, обишхар, обишхор, 1) ҷои обхӯрӣ ё обгирӣ дар лаби ҳавзу наҳр; 2) ҷои истиқомат, макон, манзил; 3) о б х ӯ р а и автоматӣ, асбоби автоматисот барои обхӯрии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ. Обхӯра ҷудогона ва гурӯҳӣ мешавад. Обхӯраи ҷудогона барои об додани гови шохбанд ва хукҳо, ки …
Муфассал »Обхокиҳо
Обхокиҳо (Amphibia), синфи ҳайвоноти мӯҳрадоре, ки ҳам дар об, ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Тахминан 2850 намудашон маълум буда, ба 3 қатор тақсим мешаванд: Обхокиҳои бепой, Обхокиҳои думдор ва Обхокиҳои бедум. Дар ҳама ҷо, бештар дар ҷангалҳои тропикӣ паҳн шудаанд. Дар СССР намояндаҳои ду қатор — Обхокиҳои думдор (10 намуд) …
Муфассал »Обсофкунак
Обсофкунак (Gyrinidae), оилаи ҳашаротҳое, ки ба қатори гамбускҳо мансуб аст. Танаш тираи ҷилонок (дарозиаш то 8 миллиметр), сараш кӯтоҳи васеъ, чашмаш ба воситаи девора ба ду ҳисса ҷудо шудааст. Пойҳои пешаш дароз буда, вазифаи доштанро иҷро мекунад; пойҳои мобайнию ақибаш бошанд, барои шино кардан мувофиқ шудаанд. Дар обанборҳои ором дар …
Муфассал »Нӯл
Нӯл, м и н қ о р, узви паррандаҳост, ки аз ду ҷоғи дарози бедандон ҳосил шуда, рӯяшро ғилофи шохӣ — рамфотека пӯшондааст. Рамфотека муттасил фит ва хӯрда шуда, боз месабзад ё соле як бор нав мешавад. Дар ҷанини паррандаҳо дар болонӯл дандони байзавӣ инкишоф меёбад, ки он барои шикастани …
Муфассал »Нутталлиоз
Нутталлиоз, касалии ҳайвоноти тоқсум, ки паразитҳои якҳуҷайрагии нутталлия (Nuttallia egui) ба вуҷуд меорад. Дар тамоми дунё (ғайр аз Антарктида) аз ҷумла дар минтақаҳои ҷануби шарқӣ ва бисёр вилоятҳои марказии РСФСР-и СССР вомехӯрад. Нутталлиоз асосан баҳору тобистон мушоҳида мешавад, ки ин ба давраи авҷи афзошии канаҳо — паҳнкунандаи касалӣ рост меояд. …
Муфассал »Нутрия
Нутрия, қундузи о б ӣ (Муocastor coypus), ҳайвони ширхӯри мӯинадорест аз хояндаҳо. Зоҳиран ба калламуши калон монанд буда, рангаш қаҳвагии бӯртоб аст, ки рахши хокистарӣ дорад. Ватанаш Америкаи Ҷанубӣ. Дарозии баданаш 5—65 сантиметр, думаш 32—48 сантиметр. вазнаш 5—14 килограмм. Дар CССP Нутрия асосан ба шароити Закавказия, кишвари Краснодар, Осиёи Миёна …
Муфассал »Нотоунгулятҳо
Нотоунгулятҳо (Notoungulata), як қатори ширхӯрҳои мунқариз. Аз сабаби ба сумдорҳо наздик буданашон Нотоунгулярҳоро сумдорҳои Америкаи Ҷанубӣ низ меноманд. Аз палеоген то плейстосен зиндагӣ кардаанд. Баъзе Нотоунгулятор (типотерия) аломатҳои сумдору хазандаҳоро дошта, дигарашон (энтеловихия, токсодонҳо) ба каркадан ва тапирҳо монанд буданд. Тахмин мекунанд, ки Нотоунгулятҳо дар Осиё аз кондиляртрҳо пайдо шуда, …
Муфассал »Нонхӯракҳо
Нонхӯракҳо (Blatioptera ё Blattodea), як қатори ҳашаротеро гӯянд, ки давраҳои инкишофашон нопурра мебошад, яъне се фаза (тухм, кирмина ва ҳашароти болиғ ё имаго)- ро дарбар мегирад. Нонхӯракҳо яке аз гурӯҳҳои қадимтарини ҳашарот буда, намояндаи онҳо ҳанӯз дар давраи ангишт зиндагӣ мекарданд. Тани Нонхӯракҳо мусаттаҳ мебошад. Сари Нонхӯрак ба поён ҳам шудааст. Мӯйлаби …
Муфассал »