Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҳайвонот (страница 8)

Теги: Ҳайвонот

Пар

par

Пар, найчаҳои бо мӯяк ва тибит фарогирифта шудаеро гӯянд, ки тану боли паррандаҳоро мепӯшонанд. Пар якчанд хел мешавад: тарҳдор, риштамонанд, патенмо, пат ва мӯяк. Пари т а р ҳд о р аз тир ва 2 бодбезак иборат аст. Қисми поёни тир ковок буда, бодбезак надорад; қисми боқимондаи тир ӯзак дорад. …

Муфассал »

Панҷапойҳо

panjapoyho

Панҷапойҳо (Сгоssopterygii), як гурӯҳи моҳиҳои устухондоре, ки болҳои ҷуфти сермушаки бақувват доранд. Болҳо аз якчанд сегментҳои панҷамонанд иборатанд. Ду боли тахтапушташон кӯтоҳ аст. Косахонаи сарашон аз ду қисм (пеш ва ақиб) иборат мебошад. Онҳо ба се қатор ҷудо мешаванд: Оsteolepidiformes (Rhipidistia) , Соelacanthiformes  (Actinistia) ва Struniiformes. Намояндаҳои қатори якум ва …

Муфассал »

Панҷаи гурба

panjai_gurba

Панҷаи гурба, ҷинҷак (Ргоsopis), ҷинси дарахтони серхори хурд, бутта ва нимбуттаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Барги мураккаби пармонанд, гули зард, гилофакмеваи сер­тухм дорад. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии ҳарду нимкураи замин қариб 65 намуди Панҷаи гурба мерӯяд. Дар Тоҷикистон танҳо як намуди Панҷаи гурба месабзад, ки ҷинҷак (P. Farcta ниг. расм) …

Муфассал »

Панзоотия

panzootiya

Панзоотия (аз юн. Рan…  ҳама ва zoon – ҳайвон), баландтарин дарачан шиддати просесси эпиэоотиест, ки боиси васеъ паҳн ва босуръат ба касалӣ гирифтор шудани ҳайвонот дар як ё якчанд мамлакату қитъа мегардад. Панзоотия хоси касалиҳоест (оқсил, вабои хук, касалии Нюкасл, вабои парранда ва ғайра), ни дараҷаи баланди сироятӣ, давраи кӯтоҳи …

Муфассал »

Пандаи хурд

pandai_xurd

Пандаи хурд (Ailurus fulgens), ҳайвони ширхорест аз оилаи енотҳо. Дарозии танаш 51—64 см, думаш 28— 48 см, вазнаш 3 —4,5 кг. Пашмаш ғулии мулоим. Ра­нги танаш аз боло зардча, аз таг сурхи сияҳтоб. Думаш ҳалқанақш, сараш нақши ниқобмонанд дорад. Дар қисми ҷанубу- ғарби Хитой, Бирмаи Шимолӣ ва Непал зиндагӣ мекунад. …

Муфассал »

Пама

pama

Пама (Bungarus tasciatus), морест аз оилаи аснидҳо ва бингарҳо. Дарозии танааш то 2 м, рангаш сиёҳ ё сабзи сиёҳтоб ва баъдан зард. Дар Ҳиндустон, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ҷазираҳои Зонд зиндагӣ мекунад. Шабона хеле серҳаракат аст. Пама заҳри қотил до­рад. Хӯрокаш ширхорҳо, хазандаҳо.

Муфассал »

Паланг

palang

Паланг, ҳайвони даррандаест аз оилаи гурбашаклҳо. Дарозиаш то 160 см, вазнаш бештар аа 70 кг (Паланги нарина аз Паланги модина вазнинтар аст). Гавдааш бақуавати сермушак буда. пойҳояш нисбатан кӯтоҳ аст. Рангаш зардтоб ё маллаи холдори сермӯй. Палангҳои сиёҳ; низ (дар Ҳиндустон) ҳастанд. Паланг дар Африка (ба ҷуз биёбони Саҳрои Кабир), …

Муфассал »

Орнитозҳо

Орнитозҳо

Орнитозҳо (аз юнонӣ ornis, ornithos — парранда), як гурӯҳи бемориҳои вирусии парранда ва одамро гӯянд. Орнитозҳо аввалин бор соли 1875 илман қаламдод шудааст. Сирояти Орнитозҳо дар бештар аз 130 намуди паррандаҳо муқаррар карда шудааст, ки ин ба «орнитоз» номидани беморӣ водор намуд. Ангезандаи Орнитозҳо вирусест, ки аз наҷосат ва луоби …

Муфассал »

Организмҳои гетеротрофӣ

1

Организмҳои гетеротрофӣ, гетеротрофҳо, организмҳоеанд, ки барои ғизо пайвастҳои тайёри органикиро истифода мебаранд. Ба Организмҳои гетеротрофӣ тамоми ҳайвонот ва одам, инчунин баъзе растаниҳо (занбӯруғҳо, аксари паразитҳо ва ғайра) ва микроорганизмҳо мансубанд. Вале ба гетеротрофӣ ва автотрофӣ ҷудо кардани растаниҳо ва микроорганизмҳо шартист, зеро ҳатто автотрофҳои типӣ — растаниҳои сабзи фотосинтезкунанда як …

Муфассал »