Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шоҳнома

Теги: Шоҳнома

САЛМ

shohnoma

САЛМ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари калонии Фаридун. Салм мувофиқи ривояти Фирдавсӣ баъд аз тақсими кишварҳо байни писарони Фаридун ҳукмрони Руму Ховар гардид. Ӯ ин тақсимотро нооқилона шуморида, ба бародари хурдиаш — Эраҷ, ки ҳукмрони Эрон буд, рашк кард ва бо бародари дигар — Тур иттифоқ карда, ҳар ду …

Муфассал »

РУСТАМ

shohnoma

РУСТАМ қаҳрамони асосвии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, образи машҳури фолклор» мардуми эронӣ, ки дар байни дигар халқҳои Шарқи Миёна ва Наздик низ шӯҳрат пайдо кардааст. Қиссаву ривоятҳо дар бораи Рустам дар байни мардуми мо дар замонҳои қадим — тақрибан асрҳои 5—4 то мелод вуҷуд доштанд. Рустам қаҳрамони як силсила достонҳои халқии мардуми …

Муфассал »

РУДОБА

shohnoma

РУДОБА яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-» Фирдавсӣ. Модари Рустам. Духтари шоҳи Кобул Меҳроб ва малика Синдухт. Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайяне дорад. Зол ҳангоми сайру саёҳати Кобулистон дар бораи ҳусну ҷамоли …

Муфассал »

ФАРИДУН

shohnoma

ФАРИДУН яке аз персонажҳои асотири қадими эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Аз «маълумоти китобҳои «Ригведа» ва Авесто («Обон-яшт», «Дрвасп-яшт», «Зомиёд-яшт», «Ясно» ва ғайра) бармеояд, ки қиссаву ривоятҳо оид ба Фаридун дар ҳазораи 2 то мелод вуҷуд доштаанд. Устураи Фаридун, ному насаби ӯ нисбатан пурратар дар осори паҳлавӣ (китобҳои «Бундаҳиш», «Минуи хирад» …

Муфассал »

ФАРИБУРЗ

shohnoma

ФАРИБУРЗ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Флрдавсӣ, писари Кайковус. Фирдавсӣ дар достонҳои Кайковус ва Кайхусрав баробари паҳлавонон ва сарлашкарони Эрон борҳо аз Фарибурз ёд кардааст. Ҳакгоме, ки Гев Кайхусравро аз Тӯрон ба Эрон овард, Гударзу Золу Рустам ӯро лоиқи тахти шоҳи донистанд, вале Тӯс тарафдори ба тахт нишастани Фарибурз набуд. Аз …

Муфассал »

СУҲРОБ

shohnoma

СУҲРОБ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Рустам ва Таҳмина, паҳлавони Тӯронзамин. Аз овони кӯдакӣ нишонаҳои паҳлавонӣ ва қувваи бозу дар ӯ аён буданд. Ҳангоми даҳсолагиаш дар сарзамини Тӯрон касе ёрои бо ӯ ҳамнабард шуданро надошт. Суҳроб аз тӯрониён лашкаре ҷамъ оварда, сӯи кишвари Эрон сафар кард. Афросиёб писари Рустам …

Муфассал »

ЭРАҶ

shohnoma

ЭРАҶ персонажи асотиру ривоятҳои қадимии эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари хурдии Фаридун, бародари хурди Тур ва Салм. Оид ба Э. дар Авесто ва осори паҳлавӣ («Динкард») сухан рафтааст. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Фаридун далерию диловарии Э.-ро дар овони ҷавониаш пай бурд, аз ин ру барои мустаҳкам нигоҳ доштани тахту давлат кишвари …

Муфассал »

ШОҲНОМАХОНӢ

shohnoma

ШОҲНОМАХОНӢ, хондан, нақл кардан, ривоят, ҳамосахои манзуму мансури қадимӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсиро гӯянд. Дар асрҳои миёна  дар Шарқ пешаи махсусе буд, ки соҳибони онро гӯяна, воиз, ровӣ-,  қиссагу ва шоҳномахон мегуфтанд. Ш. махсусан, пас аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки дар байни мардуми меҳнатӣ мухлисони зиёд пайдо карда буд, равнақ гирифта ба …

Муфассал »

«ШОҲНОМА»

shohnoma

«ШОҲНОМА»     номи як силсила асарҳои манзуму мансур аст, ки асотир, ривояту қиссаҳо, достонҳои ҳамсон ва таърихии халқҳои эронинажодро дар бар мегиранд. Ин асарҳо аз он сабаб чуннн ном гирифтаанд, ки дар онҳо таърихи шоҳони Эрон аз давраҳои қадимтарин то замони шикасти охирин намояндаи давлати Сосоннён — Яздигурди III тасвир шудааст. …

Муфассал »

ШАҒОД

shohnoma

ШАҒОД яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Зол. Модараш канизаки навозандаи руду гуяндае будааст. Аз айёми кудакӣ ситорашиносон муайян карданд, ки аз у шуру ситезе дар даҳон хоҳад бархост. Зол уро ба назди шоҳи Кобул фиристод, то ҳамон ҷо парвариш ёбад. Шоҳи Кобул духтарашро ба у дода, умед дошт аз …

Муфассал »