Маълумоти охирин
Главная / Теги: тазкира (страница 2)

Теги: тазкира

«ТӮҲФАИ СОМӢ»

«ТӮҲФАИ СОМӢ» тазкираест, ки Соммирзои Сафавӣ соли 1550 таълиф кардааст. Аз ҳафт саҳифа (боб) фароҳам омадааст. Дар бораи 713 нафар шоирони охири асри 15 ва нимаи авв. асри 16 маълумот медиҳад. Саҳифаи якум 18 нафар подшоху шоҳзодагони гуногуни замон, саҳифаи дуюм шарҳи ҳоли 141 нафар адибу олими даврро дар бар …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНГИРӢ»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНГИРӢ» тазкираест, ки Мутрибии Самарқанди соли 1627 таълиф кардааст. «Таърихи Ҷаҳонгирӣ» аз ду силсила (силсилаи дуюм иборат аз якчанд табақа) таркиб ёфта, дар бораи шоироне маълумот медиҳад, ки аз Мовароуннахр ба Ҳиндустон рафта, камол ёфтаанд. Аксари шуарои кашфшуда ҳамзамони муаллифанд ва бо ӯ мулоқот доштаанд; маълумоти ҷамъовардаи муаллиф ба …

Муфассал »

«ТАЗКОРИ АШЪОР»

«ТАЗКОРИ АШЪОР» тазкираи манзумест, ки баро солҳои 1905—07 Садри Зиё таълиф карда; мухтасари аҳвол ва осори шоирро дарбар мегирад (Дониш, Возеҳ, Шоҳин, Музтариб, Садри Сарир, Исомахдум, Ҳайрат, Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ ва дигарон). Баҳои Садри Зиё ба фаъолият ва эҷодиёти шуарои тараққихоҳи давр аз баҳои тазкиранависони дигар (Афзалмахдуми Пирмастӣ, Абдӣ) фарқ …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРОИ КАШМИР»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРОИ КАШМИР» тазкираест, ки Муҳаммад Аслаҳ дар асри 17 таълиф кардааст. Шарҳи ҳол ва намунаи осори 305 шоири форсизабони кашмирии асри муаллифро дар бар мегирад. Ду нусха дастнависи «Тазкират-уш-шуарои Кашмир»-ро олими покистони Сайид Ҳисомуддинн Рошидӣ пайдо намуда, соли 1966 ба нашр ҳозир кардааст. Рошидӣ дар тасҳеҳи «Тазкират-уш-шуарои Кашмир» аз тазкираҳои …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» – тазкираи Мӯҳтарам

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Мӯҳтарам соли 1908 таълиф кардааст. «Тазкират-уш-шуаро» ба ҷуз аз шоирони намоёне, ки дар тазкираҳои асри 19— ибтидои асри 20 буданд, боз Ибрат, Ошиқӣ, Назмӣ барин шоирони нави номашҳурро фаро гирифтааст. Муаллиф дар тазкира ашхоси дар огози асри 20 зиндагӣ ва эҷод кардаро дохил намудааст. Чанде аз онҳо …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи дуюми Мирсиддиқи Ҳашмат, ки соли 1905 таълиф шудааст. Муаллиф ба тазкираҳои Возеҳ («Тӯҳфат-ул-аҳбоб») ва Афзалмахдуми Пирмастӣ «Афзал-ут-тазкор») такя кардааст. У инчунин зиндагӣ ва эҷодиёти шоиронро ба хубӣ омӯхтааст. Маълумотҳои овардаи «Тазкират-уш-шуаро» хеле саҳеҳу пухтаанд. Ба тазкира чанд нафар шоирони асри 18 ва шоироии асри 19 дохил шудаанд. Дар …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи Мирсиддиқи Ҳашмаг аст, ки дар миёиаи солҳои 90 асри 19 таълиф шудааст; аслан ном надошта, баъдтар унвони «Тазкират-уш-шуаро»-ро гирифтааст. «Тазкират-уш-шуаро» аз ду ҷилд иборат мебошад. Ҷилди аввал шарҳи ҳоли 85 шоир, ҷилди дуввум шарҳи ҳоли 88 шоирро дар бар гирифтаанд. Ба «Тазкират-уш-шуаро» ғайр аз шоирони Осиёи Миёна, бисёр …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» – «Тазкираи Абдӣ»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» «Тазкираи Абдӣ», «Тазкират-уш-шуарои мутааххирини Бухоро», тазкираест, ки Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ (1870—1922) соли 1904 таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 28 мақсад (боб) иборат аст. Дар муқаддима Абдӣ доир ба мавзуъҳои «Фӣ таҳқиқи исми муфтӣ», «Фӣ таҳқиқи исми мӯҳтасиб», «Фӣ таҳқиқи исми олим» ва ғайра баҳс мекунад, ки ба мундариҷаи «Тазкират-уш-шуаро» алоқа …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи Мутрибии Самарқандӣ. Соли 1605 таълиф шудааст. «Тазкират-уш-шуаро» дар бораи 350 шоиру нависанда, олиму фозил ва мухлиси адабиёту санъат, ки дар нимаи дуюми асри 16 ва аввали асри 17 дар Самарқанду Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот медиҳад. Шоирон дар ин асар мувофиқи тартиби абҷад, аз рӯи исму тахаллусашон …

Муфассал »

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО»

«ТАЗКИРАТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ соли 1487 таълиф кардааст. Бо тамҳиду наът шурӯъ мешавад. Сипас се фасле омадааст, ки дар онҳо оид ба пайдоиши нутқ, мақоми шеъру шоирӣ дар зиндагӣ, ҳасби ҳоли муаллиф сухан рафтааст. Қисми асосии «Тазкират-уш-шуаро» аз муқаддима, ҳафт табақа (боб) ва хотима иборат аст. Муқаддима зикри 10 …

Муфассал »