Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЗКОРИ АШЪОР»

«ТАЗКОРИ АШЪОР»

«ТАЗКОРИ АШЪОР» тазкираи манзумест, ки баро солҳои 1905—07 Садри Зиё таълиф карда; мухтасари аҳвол ва осори шоирро дарбар мегирад (Дониш, Возеҳ, Шоҳин, Музтариб, Садри Сарир, Исомахдум, Ҳайрат, Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ ва дигарон). Баҳои Садри Зиё ба фаъолият ва эҷодиёти шуарои тараққихоҳи давр аз баҳои тазкиранависони дигар (Афзалмахдуми Пирмастӣ, Абдӣ) фарқ мекунад. Масалан, дар чанде аз тазкираҳо сабаби бармаҳал вафот кардани Шоҳинро аз беадабӣ ва кӯрнамакии ӯ донистаанд. Вале Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» дар ҳаққи Шоҳин ва маҳсули адабии ӯ бо эҳтиром сухан карда, хислатҳои наҷиби инсонӣ, иқтидори адабии вайро холисона тасвир намудааст. Шоҳин, ба қавли ӯ, аз хидмати амир танаффур дошт. Садри Зиё онҳоеро, ки дар ҳаққи Дониш бадгӯӣ мекарданд, «ҳасадпеша» номида, ӯро бо суханони «накӯном», «машҳури офоқ», «хусрави мулки донишвари» ва ғайра таърифу тавсиф кардааст.
Ба «Тазкори ашъор» шоироне низ дохил шудаанд, ки дар шеъру шоирӣ ва муҳити адабии давр мавқеи қазоӣ надоштанд (Анбар, Нодир, Амин, Назмӣ ва дигарон). Садри Зиё аз рӯи замонасозӣ тазкираашро бо номи амир Абдулаҳадхоҳ (ҳукмронӣ 1885—1910) оғоз намуда, шоирони номбурдаро, ки бо дарбор алоқаи наздик доштанд, ба муболиға таърифу тавсиф кардааст. С. Сиддиқов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …