Маълумоти охирин
Главная / Теги: Олим (страница 2)

Теги: Олим

ТУРСУНИ ФАРОИЗӢ

ТУРСУНИ ФАРОИЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), олим ва адиби тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми таҳсили улуми замона ба Бухоро омад ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Асарҳои зиёд дорад. Малеҳои Самарқандӣ чанд номгӯй таълифоти Турсуни Фарозиро зикр кардааст. Ба ин номгӯй боз «Шарҳи Фароизи …

Муфассал »

ТЕЙЛОР Ҷефри Инграм

ТЕЙЛОР (Тауlоr) Ҷефри Инграм (7. 3. 1886, Лондон —27. 6. 1975, Кембриҷ), олими англис дар соҳаи механика. Тейлор оид ба назарияҳои дислокация, турбулентият, динамика, таркиши ядроӣ ва ғайра тадқиқот бурд. Аэродинамикаи самолёт ва парашют, шороиши қарибуссадоии ҷисмҳо, мавҷҳо дар моеъ, масъалаҳои метеорология, масъалаи шиноварин микроорганизмҳо ва ғайраро омӯхт. Аъзои хориҷии …

Муфассал »

ТАФТОЗОНӢ Саъдуддин Масъуд

ТАФТОЗОНӢ Саъдуддин Масъуд ибни Умар ибни Абдуллоҳи Хуросонӣ (1320, деҳаи Тафтозони Нисо—112. 9. 1392, Самарқанд, мадфун дар Сарахс), файласуф, олим ва мантиқшиноси форсу тоҷик. Шарҳи ҳол ва ҷараёни зиндагиаш пурра маълум нест. Тафтозонӣ то 16 солагӣ аксари илмҳои замонашро омӯхтааст. Қутбуддини Розӣ ва Аздуддини Иҷиро устодони Тафтозони модонанд. Тафтозони дар …

Муфассал »

РАДХАКРИШНАН Сарвепалли

radhakrishnan

РАДХАКРИШНАН Сарвепалли (5. 9. 1888, Тируттани, президентии Мад­рас, ҳоло штати Андҳра-Прадеш —17. 4. 1975, Мадрас), олим ва файласуф, ходими давлатӣ ва сиёсии Ҳиндустон. Дар Университети Мадрас таҳсил намудааст. Солҳои 1918—1921 профессори фалсафа дар Университети Майсур. 1921—1931 роҳбари кафедраи фалсафаи Унститути Калкатта, 1931—1936 ноиб-канслери Унститути Андҳра, 1939—1948 ноиб канслери Университети Банорас, …

Муфассал »

ПУСТОВОЙ Иван Федорович

ПУСТОВОЙ Иван Федорович (13.12. 1926, деҳаи Каменоватово, вилояти Одес­са—11. 12. 1981, шаҳри Душанбе), олим, духтури ҳайвонот, доктори илмҳои ветеринарӣ (1971), профессор (1972), аъзо- корр. АФ РСС Тоҷикистон (1974). Аъзои КПСС аз соли 1962. Соли 1952 Институти хоҷагии қишлоқи          Одессаро хатм кард. Солҳои 1943—1947 дар сафи Армияи Советӣ, 1952—1955 аспирант, 1956—1961 …

Муфассал »

ПУРИ ДОВУД Иброҳим

ПУРИ ДОВУД Иброҳим (1885, Рашт—1968, Теҳрон), шоир, олим ва адабиётшиноси эронӣ. Аз  оилаи бозаргон. Дар Теҳрон, Бей­рут, Париж таҳсил кардааст. Аъзои Фарҳангистони Эрон, раёсати Анҷумани фарҳангии Эрон ва Олмон (Германия), раёсати Анҷумани эроншиносӣ ва омӯзишгоҳҳои эронӣ буд. Доктори фахрии университети Деҳлӣ. Аз овони кӯдақӣ ба шеърнависӣ cap кардааст. Девони ашъораш …

Муфассал »

ПУАССОН Симеон Дени

puasson-s-d

ПУАССОН (Poisson) Симеон Дени (21. 6. 1781), Питиве, департамен­ти Луара—25. 4. 1840, Париж), оли­ми франсавӣ, аъзои АФ Париж (1812), аъзои фахрии АФ Петербург (1826). Баъди хатми Мактаби поли­техникии Париж (1800) дар ҳамонҷо кор кардааст (аз 1806 профессор). Аз соли 1809 профессори Университети Париж. Асарҳои Пуассон бештар ба механикаи назариявӣва механикаи …

Муфассал »

ПТОЛЕМЕЙ Клавдий – Батлимуси Қалузӣ

ptolemey-k

ПТОЛЕМЕЙ (Ptolemaios) Клавдий, номи муаррабаш Батлимуси Қалузӣ (асри 2), олими Юнони Қадим. Аз ҳаёт ва фаъолияти илмии ӯ маълумоти ночизе боқӣ мондааст. Бино ба маълумоти дастрас Птолемей аз ҳама бештар дар шаҳри Искандария зиндагӣ кардааст. Ин ҷо солҳои 127—151 мушоҳидаҳои астрономӣ бурдааст. Муҳимтарин асараш «Megiste Syntaxsis» мебошад, ки аз 43 …

Муфассал »

ПЛЁШКО Семен Иванович

ПЛЁШКО Семен Иванович (29. 8. 1903, вилояти Одессаи РССУ —12. 5. 1957, Душанбе), олими соҳаи чорводорӣ, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1949), акад. АФ РСС Тоҷикистон (1951). Аъзои КПОС аз соли 1932. Институти хоҷагии қишлоқи Полтаваро хатм кардааст (1927). Солҳои 1927—1940 мутахассиси соҳаи хукпарварӣ, ходими илмии Институти иқтисодиёти х. қ. (Москва), …

Муфассал »

ҚАМАРӢ Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ

ҚАМАРӢ Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб (а. 10). Зодгоҳаш Бухоро. Дар баъзе манбаъҳо уро Абумансури Бухороӣ низ мегуянд. Қ. ҳамасри Абубакр Закариёи Розӣ ва табиби шахсии амир Мансури Сомонӣ (961—976) буд. Абуалӣ ибни Сино аз Қ. дарс омухта, таҷрибаҳои уро истифода бурдааст. Дар …

Муфассал »