Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПТОЛЕМЕЙ Клавдий – Батлимуси Қалузӣ

ПТОЛЕМЕЙ Клавдий – Батлимуси Қалузӣ

ПТОЛЕМЕЙ (Ptolemaios) Клавдий, номи муаррабаш Батлимуси Қалузӣ (асри 2), олими Юнони Қадим. Аз ҳаёт ва фаъолияти илмии ӯ маълумоти ночизе боқӣ мондааст. Бино ба маълумоти дастрас Птолемей аз ҳама бештар дар шаҳри Искандария зиндагӣ кардааст. Ин ҷо солҳои 127—151 мушоҳидаҳои астрономӣ бурдааст.

ptolemey-k

Муҳимтарин асараш «Megiste Syntaxsis» мебошад, ки аз 43 китоб иборат буда, ба бунёди математикии астрономия оид аст. Соли 825 ин асар бо фармони халифаи араб Аббоси Маъмун бо унвони «Алмаҷастӣ» аз лотинӣ ба арабӣ тарҷума мегардад ва сонитар дар мамлакатҳои эллинӣ бо номи «Almagestum» маъруф мешавад. Асари номбурда, ки дар он системои геотсентрии олам баён гардида буд, то ибтидои асри 17 нуфузи илмии худро нигоҳ дошта омад ва танҳо баъд аз пойдор гардидани системои гелиотсентрии олами Ко­перник ва интишор шудани ҷадвалҳои И. Кеплер, ки қонуниятҳои ҳаракати сайёраҳоро мефаҳмонданд, мавқеи худро аз даст дод. «Алмаҷаатӣ» ба инкишофи астрономияи классикии Шарқ низ таъсири калон расонидааст. Абулаббоси Фарғонӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Ҳайсам, Насируддини Тусӣ ва дигарон ба «Алмаҷастӣ»-и Птолемей шарҳ навиштаанд. Аз ҷумла Абӯрайҳони Берунӣ ҳангоми иншои «Қонуни Масъудӣ» ном қомуси астрономиаш аз «Алмаҷастӣ» истифода бурдааст.

То замони мо ҳамчунин асари ге­ографии Птолемей «Осор-ул-билод» (ибо­рат аз 8 китоб) омада расидааст, ки дар он маълумотҳои географии за­мони атиқа ҷамъбаст карда шудааст. Дар ин китоб ба ҷузъ маълумоти гуногуни географӣ координатаҳои 8000 билод (маҳал) оварда шудааст, ки дар байни онҳо координатаҳои географии Самарканду Бухоро, Кӯлобу Кос, Бинкенту Шош, Зомину Фороб низ ҳастанд. Дар ин асари Птолемей як харитаи умумӣ ва 26 харитаи билод чун замима омадааст. Тахмин мекарданд, ки асари панҷҷилдаи Птолемей, ки ба шарҳи назарияҳои гуногуни оптикӣ оид аст, батамом гум шудааст. Хушбахтона, соли 4801 нусхаи аз арабӣ ба лотинӣ тарҷумашудаи ин асарро ёфтанд.

М. Тоҷиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …