Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 27)

Теги: шоир

ЮСУФ ВАФО

ЮСУФ ВАФО (1888, деҳаи Пастигави Мастчоҳ —10. 8. 1945, ҳамон ҷо), шоири халқии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Пет аз Рев. Октябрь дар Тошканд, Хуҷанд, Хуҷанд рӯз мегузаронд. Баъди Рев. Октябрь ба деҳааш баргашт. Дар он ҷо бар зидди душманони синфӣ мубориза бурда, сохти колхозиро тарғиб намуд. Чанд муддат сардори бригада …

Муфассал »

ЭСХИЛ

aishylos

ЭСХИЛ Aishylos (тақр. 525, Элевсин —458 то м., Сицилия), шоир ва драматурги Юнони Қадим. Аз хонадони ашроф. Дар мусобиқаи драматургҳо 12 маротиба пирӯз шуда буд. Аз 80 асари драммавии Э. танҳо 7-тоаш боқӣ мондааст. Эҷодиёти Э., ки ба давраи нашъунамои демократияи Афина (а. 5 то м.) рост меояд, тадқиқи назари …

Муфассал »

ШУЪЛАИ ГУЛПОЙГОНӢ

ШУЪЛАИ ГУЛПОЙГОНӢ (1714, Гулпойгони Луристон —1780), шоири эронӣ. Дар тазкираҳо аз ҳолоту зиндагии у маълумотҳои мухталиф омадааст. Ш. Г. шоири хушзавқ ва тезкоре будааст. У дар 51-солагӣ ба иншои достони «Юсуф ва Зулайхо» шуруъ намуда, дар давоми чиҳил рӯз онро ба поён расонд. Инчунин манзумае дорад бо номи «Чоҳи висол», …

Муфассал »

ШӮХИИ ХУҶАНДӢ

ШӮХИИ ХУҶАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 18). Писари Шайдои Хуҷандӣ. Давраи наврасӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар зодгоҳаш гузаштааси. Дар ҷавонӣ пас аз вафоти падар, барои такмили дониш ба Бухоро ва Хуҷанд рафтааст. Муддате дар дарбор хидмат кардааст. Аз Ш. X. девони ашъор боқӣ мондааст, ки дар …

Муфассал »

ШӮХИИ БУХОРОӢ

ШӮХИИ БУХОРОӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар Бухоро зиндагӣ кардааст. Намояндаи аҳли меҳнату ҳунар аст. Муаллифи «Музаккир-ул-аҳбоб» оид ба Ш. Б. гуфтааст: «Мавлоно Шухӣ ба кафшдузӣ машҳур аст ва дар шухтабъӣ ҳамто надошта, қадам дар майдони балоғат ниҳода, ба ҷавгони фасоҳатгуӣ суханро мерабуда…». Шоир дар …

Муфассал »

ШУУРӢ

 ШУУРӢ     (с. тав. ва ваф.номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Нисори дар «Музаккир-ул-аҳбобм ба эҷодиёти Ш. баҳои арзанда дода, хаёлоташро «хуб» ва ашъорашро «марғуб» медонад. Дар ашъори парокандаи Ш. шикоят аз замона ва оҳанги . номуродӣ мушоҳида мешавад. Намунае аз мероси у: Гашт рӯзи иду ҳар сӯ дар паяш биштофтем, Ёр …

Муфассал »

ШУУРИИ КОШОНӢ

ШУУРИИ КОШОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 16). Шогирди Мӯҳташами Кошонӣ. Девони ашъораш шомили 6 ҳаз. байт (ғазалҳо, рубоиҳо ва қитъаҳо) боқӣ мондааст. Мавзӯи асосии ашъори Ш. К. ишқ аст. Абьёти зерин аз ӯст: Ба ёди зулфи ту дӯшина дидаам хобе, Ки сад рисолаи ошуфта гашт таъбираш. …

Муфассал »

Аминҷон ШУКӮҲӢ

shukuhi

ШУКӮҲӢ (тахалл.; ном ва фамилия аш Ҳоҷибоев Аминҷон; 10. 6. 1923, деҳаи Румони p-ни Хуҷанд — 17, 5. 1979, Душанбе), шоир ва нависандаи советии тоҷик, Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷ. (1973). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз с. 1947. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактаб масъул, ҷонишини муҳаррири г. …

Муфассал »

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ, Саид Нуриддин ибни Амир Абдуллоҳ (1330, қасабаи Моҳони Кирмон—1431, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Ш. дар ҷавонӣ илмҳои адабиёт, калом, ҳикмат ва фиқҳро омӯхта, ба тасаввуф таваҷҷуҳ намуд. Миср, Маккаву Мадина, Балх ва Мовароуннаҳрро саёҳат кардааст, ки ин сафарҳо дар эҷодиёти у нақши муайян гузоштаанд. Ш. шоири соҳибдевон аст. Девони …

Муфассал »

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ (с.тав. ва вафот номаълум). Шоири форс-тоҷик (ох. а.-нимаи дуюми асри 14). Миллаташ яҳудӣ. Ба қалами Ш.Ш достонҳои «Мусонома» (1327), «Юсуф ва Зулайхо» (соли таълифаш номаълум), «Ардашер ва Эстер» 1332), инчунин ғазалҳо, қасоиду рубоиёт мансубанд. Миқдори ашъораш тақр. 25 ҳаз. байт аст. Ш. Ш. дар маснавиҳо ва ашъори гуногунжанри …

Муфассал »